Кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идора моҳи декабри соли 2014 дар натиҷаи азнавташкилкунии кафедраи иқтисодиёт ва идора дар асоси кафедраи ҳамноми собиқ Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1992, аз нав номгузорӣ карда шуда буд. Ҳайати омӯзгорони кафедра 17 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 10 нафар соҳиби унвони илмӣ мебошанд.

Ба туфайли тағйироти сохторӣ ва навовариҳо дар раванди таълим, кафедра ба пешрафти назаррас комёб гардид. Дар самти таъминоти техникӣ ва иқтидори илмӣ кафедра дар сатҳи баланд қарор дошта, мақсадҳо ва ҳадафҳои асосии донишкадаро баҳри тарбияи мутахассисони баландихтисос дар соҳаи иқтисодиёт, дастгирӣ мекунад.

Кафедра яке аз пешқадамтаринҳо дар сохтори омӯзиш ва илм буда, бакалаврони аз рӯи ихтисоси 25.01.07 – иқтисодиёт ва идора дар корхона, магистрантони аз рӯйи ихтисосҳои  25.01.07 – иқтисодиёт ва идора дар корхона, 26.02.01 – бизнес маъмуриятчигӣ ва докторантон (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D050700  тайёр мекунад. Кафедра бо дастгирӣ ва роҳбарии маъмурияти донишкада бо таҷҳизоти техникии замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Компутерҳо, дастгоҳҳои чоп, тахтаҳои электронӣ ва проекторҳои мултимедиявӣ, ки бевосита дар раванди таълим истофода мешаванд, барои ташаккул ва инкишофи тафаккури иқтисодии донишҷӯён мусоидат мекунанд.

Номгӯи фанҳои таълимии кафедра:

  • - Назарияи иқтисодиёт
  • - Макроиқтисодиёт
  • - Микроиқтисодиёт
  • - Менеҷмент
  • - Маркетинг
  • - Иқтисодиёти корхона
  • - Ташкили фаъолияти соҳибкорӣ
  • - Ташкил ва банақшагирии истеҳсолот
  • - Логистика
  • - Таҳияи бизнес-нақша
  • - Таҷрибаомӯзии таълимӣ
  • - Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ

 Фанҳои интихобӣ

  • - Асосҳои маркетинг
  • - Идоракунии лоиҳаҳо
  • - Ташкил ва бамеъёрдарории  ва пардохти музди меҳнат дар корхона
  • - Омори иқтисодӣ
  • - Иқтисодиёти давраи гузариш
  • - Ҷиҳатҳои байналхалқии хоҷагидории бозорӣ
  • - Иқтисодиёти алтернативӣ

КОРҲОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ

Дар кафедраи мазкур то моҳи апрели соли хониши 2018-2019 57 мақолаҳои илмӣ нашр шудааст, ки онҳо дар “Паёми донишкада”, Международный научно-практический журнал «Экономика и социум» №6(49) 2018 - ISSN 2225-1545, Проблемы современной экономики. 2018. № 2 (66), Экономика и предпринимательство. 2018. № 1 (90) инъикос ёфтаанд. Миқдори дастурҳои методӣ ва супоришҳо дар соли таҳсили 2018-2019 10 то мебошанд, ки аз онҳо дастури методӣ- 5 то, УМК- 4то ва китоб-1то Авезов А.Ҳ. - Current state and development perspectives of the clothing market of Tajikistan дар маҷаллаи International Trade Center (ITC). Dushanbe, 2018 мебошанд. 

Дар кафедра ҳамчунин маҳфилҳо амал мекунад, ки ба 10 номгӯй расидаанд. 

 ИНТИШОРОТ

 Фаъолияти таълимии кафедра дар асоси низоми кредитии таълим ба роҳ монда мешавад. Дар раванди таълим бо мақсади такмил додани малакаҳои амаливу эҷодии донишҷӯён усулҳои навтарини таълим тавассути истифодабарии масъалаҳои амалӣ дар вақти азхуд кардани барномаҳои махсуси таълимӣ, истофода бурда мешаванд. Зиёда аз 50 адад маводи таълимии омодашуда ва дар раванди омодашавӣ қарордошта барои алоқаи назария ва таҷриба мадад мекунанд. Кафедра ба комёбиҳои назаррас дар соҳаи иҷроиши таълимӣ-методологӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ноил гашт.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедра мувофиқи комплекси ягонаи тасдиқшудаи мавзӯи КИТ «Коркарди механизми таъминоти тараққиёти устувори иқтисодиёти миллӣ (дар мисоли ҶТ)» давом дорад. Натиҷаҳои тадқиқоти илмии кормандони кафедра дар ҳаҷми маърузаҳои илмӣ дар конфронсҳои илмии байналмилалӣ 2 маротиба дар мавзӯи «Дурнамо ва омилҳои тараққиёти устувори иқтисодиёт», конфронсҳои илмӣ-амалии аз тарафи кафедра гузаронидашуда ба афзоиши иқтидори шунида шуд, аксарияти онҳо дар маҷаллаҳои дохилӣ ва хориҷа нашр шудаанд, ки оиди афзун ёфтани тавоноии илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба тадқиқоти илмӣ гувоҳӣ медиҳад.

 Соҳаи тадқиқоти илмӣ:

  • - Дурнамо ва омилҳои таъминоти рушди устувори иқтисодиёт;
  • - Танзими макроиқтисодии иқтисодиёти миллӣ;
  • - Ташаккул ва пешрафти сармояи инсонӣ;
  • - Ташаккул ва пешрафти кластерҳои минтақавӣ.

Масъалаи ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ ҳалли худро дар фаъолияти маҳфили «Иқтисодчӣ», пайдо намуд. Маърузаҳои беҳтарини донишҷӯён дар конфронсҳои илмӣ-амалии Донишгоҳ шунида мешаванд. Иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҳарсолаи ҷумхуриявӣ аз фанҳои дарсии кафедра бомуваффақият анҷом меёбад. Ҳамин тавр, ҷойҳои якуми ишғолнамудаи донишҷӯёни кафедра Яҳёев Салимҷон (2009), Темуров Илҳом (2010), Наҷмиддинов Мунир (2013), Ҳасанзода Фаришта (2015) дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни иқтисодиёт на танҳо хизмати шоистаи омӯзгорони кафедра, балки тамоми донишкада ба ҳисоб меравад.

Кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идора бо корхонаҳои вилояти Суғд робитаи хеле зич дорад. Донишҷӯён дар раванди таълим дар корхонаҳои ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ “ММК”, ҶДММ «Нику - Хуҷанд», ҶСП «Сано», ҶДММ «Евро-Азия - 2005», ҶДММ «Дӯсти Амирхон», ҶДММ «Яхмоси 33», ҶДММ «Мавҷи нав», ЛВЗ «Сайхун», ҶСП «Фаровон-1», ҶСП “Олим Текстайл”, ҶДММ «Шоҳшир», ҶДММ “Файзи Расул”, ҶДММ «Кабири Хуҷанд» ва Ҳукумати вилояти Суғд (шӯъбаи омор, шӯъбаи иқтисодӣ), раёсати гумрук таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ мегузаранд.

Донишҷӯёни донишкада имконият доранд дар Донишгоҳҳои Аврупо, ки бо барномаи байналхалқи Erasmus Mundus ва ғайра бо Донишкадаи политехникӣ ҳамкорӣ мекунанд таҳсили худро идома диҳанд.

Хатмкунандагон ихтисоси иқтисодчӣ – менеҷерро соҳиб шуда бештар дар корхонаҳои давлатию хусусии шаҳру ноҳияҳои кишвар, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ ва амонатию қарзӣ фаъолияти корӣ дошта, бештари онҳо аллакай корхонаҳои худро таъсис додаанд, ба монанди Ширкати 33, ҶДММ “Колобок”, ҶДММ “ММК”, шабакаи мағозаҳои Наврӯз, ТАҚХ “Оксус”, ТАҚХ “Капитал плюс”, ТАҚХ “Арванд” ва ғайра.

 

ИШТИРОКИ КАФЕДРА ДАР СЕМИНАРУ КОНФРОНСҲО

Санаи 15-16 ноябри соли 2018 устодони кафедра дар конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ “ДУРНАМО ВА ОМИЛҲОИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТ” намуданд. Маърӯзаи  доктори илмҳои иқтисодӣ, Арбоби хизматнишондодаи илм ва техника, профессор Назаров А.А. доир ба мавзӯи “Информационно-инновационное обеспечение как фактор устойчивого развития экономики” шунида шуд. Доктори илмҳои иқтисод , профессор Авезов А.Ҳ. доир ба мавзӯи “Теоретико-методические аспекты устойчивого развития региональной экономики” баромад намуд. Мудири кафедраи “Назарияи иқтисодиёт ва идора”, номзади илмҳои иқтисодӣ Баҳодурова С.А. бо маърӯзаи худ “Макроэкономические условия устойчивого развития региональной экономики” низ баромад намуд.

Ахмедов Фазлиддинхон, ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идора аз санаи 26-уми ноябр то 01-уми декабри соли 2018 бо дастгирӣ ва ҷонибдории шӯъбаи корҳои хориҷии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар 13-ум ҳафтаи омӯзишии кормандон бо барномаи Эрасмус+ дар шаҳри Гранадаи Испания иштирок намуд.

Бахшида ба 75-умин солгарди Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академики АУБ МО, профессори фахрии донишгоҳи Техаси ИМА, доктори илмҳои иқтисодӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, профессор Назаров Абдушукур дар донишкада  конференсияи илмӣ-амалии “Рушди устувори иқтисодиёти минтақаҳои Тоҷикистон ва мавқеи олимон дар амалишавии он” доир гардид. Конференсияро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода оғоз намуда, намояндагони мақомотҳои гуногунро бо ҳозирин шинос намуд. Оид ба фаъолияти илмӣ-педагогии профессор Назаров Абдушукур муовини директор оид ба илм ва инноватсия Ахмедов Усмонҷон баромад намуда, ҳозиринро бо фаъолияти пурсамари устод ва хизматҳои шоён дар ҷодаи иқтисодиёти кишвар шинос намуд. Оид ба дастовард ва муваффақиятҳои илмии Назаров Абдушукур филм намоиш дода шуд. Муовини раиси вилотяти Суғд Анвар Яъқубӣ зимни суханронии хеш номаи муборакбодии МИҲД-и вилоят, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба соҳибҷашн қироат намуд. Маърузаи профессор Авезов А.Х дар мавзӯи «О применение экономико-математических методов в экономических исследованиях и совершенствовании муниципальной системы в Таджикистане в трудах профессора Назарова А.А» шунида шуд. Маърӯзаи дигар таҳти унвони «Исследование проблем и факторов роста производительность труда юбиляром» аз ҷониби профессор Бойматов А.А пешкаши ҳозирин гардид.

Дар доираи лоиҳаи ҳамкории HECAFS “Таҳсилоти олӣ барои низом ва стандартҳои маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон ва Қирғизистон” санаҳои 13 - 18 май дар Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон ба номи И. Раззоқов  семинар дар мавзӯи “Баҳодиҳии татбиқи модулҳои таълимӣ” ва конференсияи байналхалқӣ дар мавзӯи “Модернизатсияи таҳсилоти олӣ ба манфиатҳои истеҳсолотҳои хӯрока ва коркардкунанда” доир гардид. Дар кори семинар устодони донишкада - Дилрабо Комилова, Сулҳия Баҳодурова, Дилшод Набиев ва Шӯҳрат Мақсудов  таҳти роҳбарии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ширкат варзиданд. 

Дар ин конференсия масъалаҳои гуногуни таҳсилоти олӣ, ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагон, мушкилӣ ва талаботҳои онҳо, зарурати вориди кардани стандартҳои байналхалқӣ дар Осиёи Миёна, тарафҳои мусбӣ ва манфии он, муаммоҳои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрока дар Осиёи Миёна ва ғайра муҳокима гардидаанд.

Дар кори конференсия директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, Дилрабо Комилова ва Сулҳия Баҳодурова оиди масъалаҳои зикргардида баромад намуда, хулосаҳои худро дар бораи рушди минбаъдаи соҳаи озуқаворӣ ва самараҳои ҳамкорӣ баён доштанд.

 ДАСТОВАРДҲО

Дар барномаи байналмилалии ENACTUS 3 нафар донишҷӯёни кафедра ихтисоси 3-250107ра Ахмедова Мастона, Сидикова Наргис ва Бобоҷонова Мусабе иштирок намуда ҷои 3-юмро ишғол карданд.

Доншҷӯёни кафедра дар “Неделя финансовой грамотности”, ки дар Бонки “Эсхата” баргузор гардид, ҷои якумро шғол карданд.  Ахмедова Мастона, Сидикова Наргис, Бобоҷонова Мусабе, Ҳомидова Гулчеҳра, Садикова Азиза, Дадобоев Далер, Воҳидова Гулсуной дар ҳафтаи мазкур фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойи якум гардиданд. 

Донишҷӯёни курси 3 ва 4 мизи мудаввар оид ба платформаи илмӣ-соҳибкорӣ гузарониданд, ки дар он мутахассисони корхонаҳои ҶДММ “Дусти Амирхон”, ҶДММ “Дусти Алишер”, ҶДММ “Дилписанд”, ҶДММ “Яхмоси 33” иштирок карданд. Мақсад аз гузаронидани чунин платформа баланд бардоштани донишҳои иқтисодии донишҷӯён ва омӯзгорон мебошад.

  ҲАЙАТИ КОРМАНДОН

Баҳодурова Сулҳия Азизхӯҷаевна

мудири кафедра, н.и.и., дотсент

Назаров Абдушукур Абдураҳимович

Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ, профессор

Авезов Азизулло Ҳабибович

д.и.и., профессор. Аълочии маорифи халқ

Урунов Асрор Алиҷонович

д.и.и., профессор

Султанова Манзура Музафаровна

н.и.и., дотсент. Аълочии маорифи халқ

Султонова Рано Максудовна

н.и.и., дотсент

Акрамова Заррина Башировна

н.и.и., дотсент, Аълочии маорифи халқ

Раҳими Шаҳло

н.и.и., сармуаллима

Ҷӯраева Замира Абдувалиевна

н.и.и., сармуаллима

Абдуллаева Хабиба Рузибаевна

омӯзгори калони кафедра

Набиева Хусниҷон Наимовна

омӯзгори калони кафедра

Қосимова Манзурахон Абдусаломовна

ассистент

Аҳати Фирдавс

ассистент

Дмитриева Диана Владимировна

коромӯзи кафедра

Қаюмова Азиза Абдувалиевна

котиб-коргузор

Дадоҷонова Зебохон

котиб-ҳуҷҷатгузори кафедра