Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз санаи 03.09. 2015 таҳти рақами 2670 барои амалӣ намудани низоми докторантура аз рӯи ихтисос дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба роҳ монда шуд.

Мувофиқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ба  докторантура аз руи ихтисос  PhD аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст.

 

НАҚШАИ ҚАБУЛ БА ДОКТОРАНТУРА ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2019-2020

                               

Рамз

Ихтисос

Тибқи иҷозатнома

Нақшаи қабул

Ҳамагӣ

Рӯзона,

буҷавӣ, тоҷикӣ

Рӯзона, шартномавӣ, 

тоҷикӣ

1

6D072900

Сохтмон

 3

3

3

1

2

 2 6D072700 Технологияи  маҳсулоти озуқа  2 2  2 1 1
 3 6D071800 Энергетикаи  электрикӣ  3  3 3 1
4 6D072600 Технология  ва лоиҳкашии маҳсулоти саноати сабук  3 3 3 1 2
5 6D090100 Ташкили ҳамлу нақл, ҳаракат ва истифодабарии нақлиёт  2 2 2 1 1
6 6D070300 Системаи иттилоотӣ 3 3 1 2
7 6D070400 Техникаи  ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ  2 2 2 1 1
8 6D080600 Техникаи  аграрӣ ва технология 2 2 1 1
9 6D050700 Менеҷмент 3 3 1 3
  Ҳамагӣ   23 23 23 9 14

Ҳуҷҷатҳо барои дохилшавӣ ба докторантура аз рӯи ихтисос:Аз рӯи қоидаҳои намунавии қабул ба докторантура аз рӯи ихтисос дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳуҷҷатҳои довталабон қабул карда мешавад.

  • ариза ба номи директор;
  • нусхаи шиноснома;
  • анкетаи дохилшаванда;
  • нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст;
  • сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ;
  • мактубҳои тавсиявӣ аз тарафи ташкилот,рӯйхати мақолаҳои чопӣ (ҳамаи дохилшудагон мақолаи илмӣ доранд);
  • асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақшагирифташуда дар мувофиқа бо мушовоири илмии ватанӣ ё хориҷӣ;
  • тасдиқномаи тиббӣ шакли 086-У;
  • 6 дона расми 3x4 .

Тибқи фармони директори Донишкада комиссияи қабул ба кор шуруъ намуд ва аз рӯи фанни забони хориҷӣ ва фанни ихтисос аз довталабон имтиҳонот қабул карда мешавад. 

Ҳамаи докторантон дараҷаи таълимии магистр соҳиб мебошанд ва аз рӯи қоидаҳои намунавии  қабул ба докторантура  аз руи ихтисос  PhD қабул карда шудааст.

Ба докторантура аз рўйи ихтисос қабул карда мешаванд:

- шахсоне, ки дорои дараҷаи академии "магистр" мебошанд.

Довталабони ба докторантура аз рўйи ихтисос дохилшаванда бояд яке аз забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, олмонӣ, франсавӣ, хитоӣ ва ғайра)-ро дар сатҳи барои ихтисосашон кофӣ донанд ва аз онҳо имтиҳони дохилшавӣ  месупоранд.

 Тартиби қабул ба докторантура аз рўйи ихтисос мувофиқи Қоидаҳои намунавии қабул ба докторантура аз рўйи ихтисос, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст.

 Нақшаи қабул ба докторантура аз рўйи ихтисос аз ҳисоби буҷети давлатӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда, бо дарназардошти эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва муқаррар мегардад. Ҳамчунин, докторантура аз рўйи ихтисос ба таври шартномавӣ низ ба роҳ монда мешавад, ки нақшаи қабули онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба заминаи моддию техникӣ ва нерўи кадрии муассисаҳои таълимию илмӣ муайян менамояд.