ОЗМУНИ "ИХТИРОЪКОРОН ВА НАВОВАРОНИ ҶАВОН"

Солиев Парвиз, аспиранти донишкада, шогирди кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ дар озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр», ки бо ибтикори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир намуд, дар байни донишҷӯён ва олимони ҷавон бо лоиҳаи «Системаи иттилоотии идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» ғолиб омад ва соҳиби 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид. Ҳамчунин шогирдони дигари донишкада Муҳаммадхон Тӯрахонов бо ихтирооти илмии худ таҳти унвони «Системаи иттилоотии идоракунӣ барои коллеҷ» ва  Абдунабӣ Қосимов «Методика ва комплекси барномаҳо барои муайян кардани муаллифи матни номаълум» сазовори таҳсину офаринҳои ҳайати ҳакамон гардиданд. Озмуни мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти шаҳр байни хонандагони муассисаҳо таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёну олимони ҷавони донишгоҳҳо гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ шогирдони Донишкадаи политехникӣ сазовори ҷойи якум, донишҷӯёни ДДХ ҷойи дуюм ва олимону донишҷӯёни ДДҲБСТ мақоми сеюмро касб намуданд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода дипломи ҷоизаро супорид.

 

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори Маркази илмии Хуҷандии АИ ҶТ озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» доир гардид. Дар озмуни мазкур дар қатори 12 намояндаҳои муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ду омӯзгори ҷавони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Илёс Исломов ва Парвиз Солиев, як донишҷӯ Нигора Олимова лоиҳаҳои инноватсионии худро муаррифӣ намуданд.  Дар натиҷа Илёс Исломов бо лоиҳаи «Редуктори электромагнитии ҳаракатовари нерӯгоҳи барқии бодӣ»  сазовори ҷойи аввал гардида, соҳиби ҳафт ҳазор сомонӣ гардид. Дар озмуни «Беҳтарин барномасоз» омӯзгори ҷавони кафедраи Барномасозӣ ва низомҳои иттилоотии донишкада Абдунабӣ Қосимов миёни 28 навоварони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии миқёси вилоят  ғолиб омад. 

 

Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи илми тоҷик сессияи илмии солонаи «Айнӣ» ва Форуми ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия- омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» бо ҷалби соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, олимони варзидаи тоҷик, навоварон ва ихтироъкорон, олимони ҷавон, аспирантон, магистрон ва донишҷўёни соҳиблаёқати муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар Форуми ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия-омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» олимони ҷавон маърўзаҳои илмӣ намуда, ихтирооти худро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.  Устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон номзадони илмҳои физика ва математика- Одилхӯҷа Солиев ва Хуршед Худойбердиев аз рӯи равияи илмҳои дақиқ барои силсилаи корҳо дар мавзӯи «Лингвистикаи компютерии забони тоҷикӣ» ба ҷоизаи ба номи академик Султон Умаров соҳиб гардиданд. Ҷоизаро дар вазъияти тантанавӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Президенти академияи илмҳои кишвар Фарҳод Раҳимӣ дар вазъияти тантанавӣ супориданд.

 РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАНД

Дар доираи сафари кории ҳайати намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Латвия бо роҳбарии Вейко Сполитис ба вилояти Суғд  бо иштироки панҷ сарварони муассисаҳои олии касбии вилоят дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд меморандуми ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Ҷумҳурии Латвия ва муассисаҳои олии вилоят имзо карда шуд.Дар ҷараёни мулоқот бо сарварони муассисаҳои олии вилоят Вейко Сполитис ва Евгений Грузновс, намояндаи муассисаҳои олии Ҷумҳурии Латвия дар минтақаи Осиё  аз сатҳи ҳамкории кишвари Латвия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки мо бо таърихи куҳану фарҳангии тоҷикон аз осори гаронмояи академик Бобоҷон Ғафуров ошноӣ пайдо кардаем. Директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Раббизода барои таваҷҷуҳу оғози расмии ҳамкорӣ ба ҳайати меҳмонон изҳори сипос намуд. Сипас меҳмонон бо роҳбаладии директори ДПДТТ номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аз ҷараёни таълиму тарбия, ҳолати пойгоҳи техникии Донишкадаи политехникӣ дидан намуда, ба фаъолияти озмоишгоҳҳо,  китобхонаву системаи иттилоотии донишкада баҳои баланд доданд.

Вейко Сполитис зимни сӯҳбат аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки чунин системаи идоракунии донишкада на дар ҳамаи муассисаҳои олии пешрафтаи ҷаҳонӣ амал мекунад. Номбурда барои равобити густурдаи донишкада бо муассисаҳои олии техникии Ҷумҳурии Латвия таклифҳои мушаххас дод. Каспарс Клявиныш, доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи техникии шаҳри Рига низ зимни шиносоӣ аз фаъолияти донишкада аз таҷрибаи пешрафтаи донишкада дар самти навовариҳо васф карда, қайд намуд, ки донишкада дар ояндаи наздик метавонад дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии Латвия устодони донишкадаро ба Ҷумҳурии Латвия фиристад. Сафари кории  ҳайати Парлумони Ҷумҳурии Латвия дар вилояти Суғд тайи чанд рӯз идома ёфта, онҳо аз   Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва дигар мавзеъҳои таърихии вилоят дидан намуданд.

ГУСТРАШИ РОБИТА БО ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Бо мақсади густариши робитаҳои Тоҷикистону Русия дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамо ва рушди муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ  Каточков Виктор Михайлович, ноибректор оид ба муносибатҳои байналмилалии  Донишгоҳи Ҷануби Урал, президенти фонди рушди иҷтмоӣ-иқтисодии  «Ҳамкории Авруосиё», доктори илмҳои иқтисодӣ, Шишкина Ирина, баҳодеҳ ва таҳлилгар аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав, Хуршеда Содиқова, танзимгари ташкилоти ғайритиҷоратии русиягии фонди институти Аврупоӣ, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, номзади илмҳои техникӣ, директори ДПДТТ ба номи М.Осимӣ ширкат варзиданд. Директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур аз ҳамкории ҳасанаи ду кишвар дар ҳама самтҳо ёдовар шуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими дӯстии ин ду миллат нек арзёбӣ намуда, афзуд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёмҳои хеш, дар сӯҳбату мулоқотҳо бо кормандони соҳаи маориф аз ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки азхуд намудани забонҳои хориҷӣ, хосса забони русиро дар мадди аввал гузоранд. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ барои рушди омӯзиши забони русӣ ҳама шароитҳо муҳайё буда,  донишкада бо беш аз 50 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии  Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ дорад. Ҳоло наздики 12 устодони  донишка дар аспирантура ва доктрантураи ин кишвар таҳсили илм доранд. Гузашта аз ин, донишкада барандаи се лоиҳа гардид, ки мутобиқи он устодон ва шогирдон минбаъд метавонанд барои тақвияти дониш ва табодули таҷриба ба муассисаҳои олии хориҷӣ сафар намоянд. 

Каточков Виктор Михайлович зимни баромади хеш аз фаъолияти донишкада дар мавриди пурқувват будани пояи моддиву техникӣ, пешрафти соҳаи технологияи иттилотӣ, сатҳи баланди донишазхудкунии донишҷӯён васф намуда, қайд кард, ки мо зимни роҳандозии лоиҳа дар беҳтарин муассисаҳои Осиё ва Аврупо будем ва чунин равияи таълимро, ки имрӯз донишкада пеш мебарад, кам дидем. Баромадкунандагон Шӯҳрат Ҷумъаев, аспиранти Донишгоҳи Ҷануби Урал, Солиев Зоир Тоирович, номзади илмҳои педагогӣ, Бакаев Мирзоҳамид,   дотсентони ДПДТТ, Комил Раупов ва Шаҳноза Оқилҷонов, устодони ДПДТТ  дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, иҷтимоиёт ва иқтисодиёт маърӯзаҳо намуданд. Дар қисмати дуюми мизи мудаввар викторина дар мавзӯи «Ҷавонон – ояндаи ҷаҳон»  доир шуда, донишҷӯёни фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

  ТАШРИФИ ВАЗИРИ МАОРИФ БА ДОНИШКАДА

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид  ҷиҳати ошноӣ аз раванди таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникӣ ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ташриф овард. Зимни азназаргузаронии дастовардҳои донишкада Вазири маориф ва илми кишвар ба роҳбарияти донишкада дастур дод, ки таҷрибаи раванди таълимии сиклӣ ва тарзи иҷроиши сарборие, ки дар донишкада роҳандозӣ шудааст, бояд дар дигар муассисаҳои олии кишвар ҷорӣ карда шавад. Зеро ин намуди таълим масъулият ва салоҳияти устодонро баланд бардошта, онҳоро ба навовариву навҷӯи талқин мекунад.

Нуриддин Саид дар идомаи вохӯрӣ зарурати тағйирот нисбати қабули довталабон ба магистратураро бо мисолҳои возеҳ фаҳмонид. Зикр шуд, ки шогирдони боистеъдоду навовар, ки зимни таҳсил худро фаъол нишон додаанд, бояд ба таҳқиқу пажӯҳиш бештар ҷалб карда шаванд.

Вазири маориф ба тадқиқоту раванди корҳои амалии устодону шогирдони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ баҳои баланд дода, бори дигар аз устодон даъват ба амал оварданд, ки ҳамвора илмро бо амалия пайваст созанд. Махсусан ба устодоне, ки ба тадқиқоти тафтиши орфографии калима машғуланд, тавсия дода шуд, ки барои омоданамоии барномае, ки бевосита тафтиши автоматики ҷумларо назорат мебарад, машғул шаванд.

Ёдовар мешавем, ки шогирдони ин кафедра, устодони ҷавони донишкада Парвиз Солиев ва Абдунабӣ Қосимов соли гузашта дар озмуни «Беҳтарин барномасоз» дар миқёси шаҳри Хуҷанду вилоят мақоми аввалро соҳиб гардиданд.

Вазир ҳамчунин ба тадбиқи раванди таҳсилоти фосилавӣ баҳои баланд дода, пешниҳод намуд, ки минбаъд низ бо баргузори семинару конфронс бо иштироки устодони мактабҳои олии кишвар ин таҷрибаи андӯхтаро паҳн намоянд. Директори донишкада номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода қайд намуд, ки соли шашум аст, ки ин раванди таълим дар донишкада ҷараён дошта, аввалин хатмкунадагон бо дониши баланд пайи кору истеҳсолот ҳастанд. Иттилоъ дода шуд, ки устодон бо вебинарҳо ба шогирдон дарс гузашта, бо мақсади санҷиши воқеии дониши шогирдон соле як маротиба донишҷӯ даъват карда мешавад.

Ба Вазири маориф ва илми кишвар намунаи корҳои эҷодиву истеҳсолии кафедраи химия ва агротехнология низ хеле писанд омад. Шогирдони ин кафедра дар баробари такмили дониши назариявӣ, ҳамчунин бо истифода аз лабораторияҳои муҷаҳҳаз, ки соли равон боз аз ҳисоби маблағҳои грантӣ такмил ёфтанд, таҷрибаашонро ғанӣ мегардонанд.

Сифати дӯхти либосҳои мактабӣ, ки дар назди парки технологии донишкада ба роҳ монда шудааст, писанди вазир гардида, номбурда барои боз ҳам васеътар гардидани доманаи фаъолият ва кушодани сехҳои дӯзандагӣ дар минтақа ҷануби кишвар ба роҳбарияти донишкада супориш дод.

 УСТОДОНИ ДОНИШГОҲИ ЛИТВА ДАР ДПДТТ

Бо мақсади баландбардории сатҳи дониши донишҷӯён ва ивази таҷрибаи устодон, ҳамзамон, дар доираи барномаи “HECAFS” намояндагони Донишгоҳи Литва меҳмони донишкадаи мо гардидаанд.

Гражина Янушлявичене, доктори илмҳои байторӣ, профессори Донишгоҳи илм дар бораи ҳаёт, Алвидас Шарлакаус, доктори илмҳои технологӣ, Александр Новославский доктори илмҳои кишоварзӣ аз фанҳои гуногун дар факултети муҳандисӣ – технологӣ, кафедраи “Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология”  ба донишҷӯён дарсҳо гузарониданд. Устодони Донишгоҳи илм дар бораи ҳаёти Литва аз фанҳои “Методҳои ташхис ва таҳлили маводи хӯрока”(Food quality and safety control systems), “Истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ”  (Quality control systems), “Микробиологияи хӯрока” ба донишҷӯёни зинаи бакалаври 2.49.01.02 ва 2.74.02.06,   “Асосҳои илмии идораи сифати маҳсулоти хӯрока”( Quality management), “Микробиологияи хӯрока” ба магистрантони ихтисоси мазкур дасрҳои амаливу назариявӣ гузарониданд.  Зимни сӯҳбат бо устодони ин Донишгоҳ аён гардид, ки донишкадаву донишҷӯёни мо аз нигоҳи онҳо яке аз беҳтаринҳо буда, дарсҳо дар сатҳи баланд доир мегарданд.