Яке аз қисмҳои муҳимтарин ва ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти солим, махсусан барои насли наврас ва ҷавонон  машғулиятҳои пайвастаи тарбияи ҷисмонӣ ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, барои беҳбудии  саломатии аҳолӣ ва дар навбати аввал насли наврас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш диққати махсус зоҳир менамояд. Ҷалби донишҷӯён ба варзиш ва бурдани тарзи ҳаёти солим яке аз сиёсатҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо ифтихор метавон гуфт, ки дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, сафи донишҷӯёни варзишгар зиёд гардида истодаанд.

ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШӢ

Соли 2018 дар соҳаи варзиши донишкада соли фаромӯшношуданӣ аст. Зеро дар соҳаи варзиш дастовардҳои зиёде ба назар мерасад. Донишҷӯёни донишкада дар намудҳои гуногуни варзиш, дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст оварданд.

Аз ҷумла, дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии вилоятӣ бахшида ба моҳвораи Рӯзи ҷавонон фаъолона ширкат варзида,  ғолибият ба даст оварданд:

  • дар риштаи гӯштини тарзи озод - ҷойи дуюм; 
  • дар риштаи варзиши сабук дар ду намуд- давидан ба масофаи 100 метр ва 400 метр ва дар роҳгардии варзишӣ ба масофаи 5 км - ҷойи як;
  • дар риштаи давидан ба масофаи 5км - ҷойи 2.

Умаров Саидвоҳид, донишҷӯи курси 1-и ихтисоси 40.01.01.тА аз факултети информатика ва энергетика дар «Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба варзиши сабук» дар партофтани диск ва гурз қувваозмоӣ намуда, дар ҳар ду намуд сазовори ҷойи аввал гардид. Варзишгар Умаров Саидвохид дар ҳар ду намуди варзиш  қувваозмоӣ намуда, маҳорат ва таҷрибаи баланди варзишӣ нишон дод. Дар партофтани диск ба масофаи 35,12м  ва гурзпартоӣ 47,03мсазовори ҷойи аввал гардид. Ғолибони «Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба варзиши сабук» бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Умаров Саидвоҳид соҳиби ду медал ва дипломҳои дараҷаи якум гардид. Дар ин мусобиқаҳо донишҷӯёни донишкада фаъолона ширкат варзиданд. Донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 70.02.01 тб Алимов Иброҳим дар риштаи гӯштини тарзи озод сазовори ҷойи дуюм гардид.  Хоналиева Зулола, донишҷӯи курси 1, ихтисоси 50.01.01 дар риштаи варзиши сабук дар ду намуд- давидан ба масофаи 100 метр ва 400 метр ва дар роҳгардии варзишӣ ба масофаи 5 км сазовори ҷойи якум гардид. Донишҷӯйи курси 3 ихтисоси 37.01.07 та Ҳусейнҷон Худойназаров дар риштаи давидан ба масофаи  5 км сазовори ҷойи 2 гардид. Хурсандиовар он аст, ки Ҳусейнҷон дар пойтахти кишвар дар мусобиқаи ниммарафонии байналмиллалӣ барои дарёфти мукофоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат варзиданд, мақоми 208- умро соҳиб шуд.

Дар Дави миллӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар назди КВД Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” 1000 нафар устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзида, бо туҳфа ва сипосномаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қадрдонӣ гардиданд.

Давлатов Муҳаммадисо дар  мусобиқаи вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бо вазни 73 кг қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойи 1 гардид ва Ҷоми раиси вилоятро ба даст овард. Ғайр аз ин, Давлатов Муҳаммадисо дар мусобиқаи мазкур дар намуди варзиши гӯштини миллӣ низ ҷувваозмоӣ намуда, бо маҳорати баланди касбӣ сазовори ҷойи 2 гардид. Ба Муҳаммадисо  дар ду намуди варзиш дипломҳои дараҷаи 1 ва 2, Ҷоми Раиси вилояти Суғд ва тӯҳфаи хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Дар шаҳри Конибодом мусобиқаи кушоди  шаҳрӣ оид ба самбои муҳорибавӣ, ки соли равон 80-солагии ин намуди варзишро ҷашн мегиранд, баргузор гардид. Давлатов Муҳамадисо дар вазни 74 кг қувваозмоӣ намуда, соҳиби медали тилло гардид.

Донишҷӯи курси 1 – и ихтисоси 43.01.03тБ  Алимов Ҳасанҷон дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини самбо байни наврасон ва дастпарварони солҳои таваллудашон 2001-2004 – и муассисаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзид.  Ҳасанҷон бо маҳорати баланди касбӣ ҳарифро мағлуб намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Соли ҷорӣ мусобиқа дар намуди варзиши “гӯштини камарбандӣ, тарзи классикӣ ва озод” сурат гирифт, ки дар он наврасони соли таваллудашон 1998-2001 байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Бобоев Хуррамшо бо вазни 75кг ҳарифи худро мағлуб намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Донишҷӯи дигар Саидов Ёрмаҳмад дар вазни 62кг сазовори ҷойи сеюм гардид. 

Дар Спартакиада байни донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои ш. Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани малакаи варзишии донишҷӯдухтарон, ҷалби онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина пешгирии ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб донишҷӯдухтарони донишкада аз рӯи панҷ намуди варзиш волейбол, шашка, шоҳмот,  тенниси рӯи миз, варзиши сабук ширкат варзида, ҷойи дуюм ишғол намуда,  бо Ҷом ва сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии в. Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархи аввалини НБО Роғун байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои фахрӣ гардиданд:

  • гӯштини дзюдо – ҷойи 1;
  • гӯштини миллӣ – ҷойи 2;
  • бокс – якто ҷойи 1; якто ҷойи 2;  шашто ҷойи 3;
  • варзиши сабук -  дуто ҷойи 1; панҷто ҷойи 2; сето ҷойи 3.

Ин дастовардҳо ва ғалабаҳои назаррас дар соҳаи варзиш дар соли 2018 руҳияи тамоми донишкадаро баланд бардошт. Барои машқу тамрин ба донишҷӯён тамоми шароитҳо муҳайё мебошад. Бигзор чунин ғалабаҳо дар солҳои оянда бисёртар гардида, варзишгарони мо номбардори донишкада гарданд.