Дар замони пешрафти техникаву технология, ки кишвари мо сол то сол ба он ноил мегарданд, нафароне ҳам ҳастанд, ки тинҷию оромии мулк, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, саодати ҳамватанон ва садоқати онҳоро ба давлату Ҳукумат дидан намехоҳанд. Ҳар ободиву пешрафт ба чашми онҳо чун хор мехалад ва ба гуфте айшашонро талху хобашонро ҳаром месозад. Онҳо собиқ раис ва як гурӯҳ фаъолону аъзоёни  ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом (ТТЭ ҲНИ), пайравони дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошанд, ки баъди шикаст хӯрдан дар рақобати сиёсӣ ва ба ниятҳои нопокашон нарасидан аз Ватан фирор намуда, дар кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд.  Аз ҷумла,  собиқ раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш  бо дастгирии хоҷагонашон дар хориҷа амалҳои разилонаю хоинонаашонро давом дода истодаанд ва мақсаду мароми ягонаашон ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон, халалдор сохтани раванди пешрафту инкишоф, ба кӯи гумроҳӣ бурдани мардум, ташкили табаддулот ва бо ҳар роҳу васила бадном намудани Ҳукумати қонунии кишвар аст. Маҳз бо ҳамин нияту нақшаҳои разилона онҳо муроҷиатномаҳо қабул менамоянд, дар васоити ахбори омма ҳар гуна изҳорот пахш мекунанд,  намоишҳо ороста, аз поймол шудани ҳуқуқи  инсон ва арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятию созмонҳои байналмилалӣ гузориш медиҳанд. Ҳатто дар хусуси таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои нав аз ҳисоби бадхоҳони миллат ва мухолифини дар хориҷа фирорибудаи Ҳукумати кунунӣ овозаҳо паҳн мекунанд ва даъватҳояшон ба хунрезиву ҷанг рӯирост садо медиҳад. Масалан онҳо дар ояндаи наздик мехоҳанд Иттиҳодияи опозитсионии наверо таъсис додани ҳастанд.

Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест. Воқеоти сангину нангини он айёми хатарзо барои мардуми фарҳангпаноҳу сулҳпарвар сабақи бузург гардид. Албатта, душманону бадхоҳони миллату давлат чун гирдоб ба зудӣ сари хешро мехӯранд ва ба ниятҳои нопокашон намерасанд. Вале метавонанд муддате ба зиндагии орому осоиштаамон халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеа эҷод намоянд.

     Мо – ҷавонони донишкада рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро сахт маҳкум намуда, чун        тамоми сокинони Ватанамон намегузорем, ки онҳо нақшаву ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд.

 

 

Ташвиқи фарҳанги бегона, даъват ба дигар мазҳаб аз шевахои асосии корбарии ҳизби экстремистиву терорристии наҳзати ислом маҳсуб ёфта, рӯз то рӯз  бо воситаи шабакҳои иҷтимоӣ «хизматгузорон»-и ин ҳизби мамнӯъ дар ин самт фаъолияти густурда бурда истодаанд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар ин росто оғози бузургтарин донишгоҳи исломӣ, ки солҳои наздик ба истифода дода мешавад, далели гуфтаҳои болоист.

Пӯшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, дар ягон ҳолат бетарафӣ набояд кард. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як ҳуҷуми ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аслиҳа дошта бошем ва  зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар гирди давлат ва Пешвои миллат муттаҳид гардем . 

 

 

     Имрӯзҳо тамоми кишварҳои оламро падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм фаро гирифтааст, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ифротгароёну террористон зери  ниқоби дини мубини Ислом баромад намуда, барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аз ҳар гуна воситаҳо истифода мебаранд.

         Тараққӣ кардани технологияи муосир ба гурӯҳҳои ифротгаро имконият фароҳам овард, ки барои паҳн кардани ғояҳои ғайриинсонии худ аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода баранд. Баҳри зиёд намудани сафи тарафдоронашон аз ҳисоби ҷавонону ашхоси норозӣ, раҳгумзада, камбизоат, бесавод, бекор корҳои таблиғотиро пурзӯр намудаанд. Мутаассифона, мардуми бешуур ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ ба доми афроди тундрави беватан меафтанд. Ин тоифа, махсусан, қишри асосии ҷомеаро, ки ҷавонон ташкил медиҳанд, ба шуури онҳо таъсири манфӣ расонида,  барои ба ҳадаф расонидани мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Ин хатари ҷиддист ба тамоми сайера ва аз ҷумла ба Тоҷикистони тинҷу ороми мо.

Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни дигар сарони давлатҳои дунё яке аз фаъолтарин шахсияте ба ҳисоб мераванд, ки баҳри аз байн рафтани ин «вабои аср» заҳмату талошҳои беандоза дошта, яке аз муборизони пешқадам дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани амалҳои номатлуб чун терроризму экстремизм шинохта шудаанд.

Дар баробари ин, шаҳрвандон низ дар паҳлӯи Ҳукумат барои ҳифзи суботу амнияти давлат кӯшиш намуда истодаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст. Воқеан ҳам, бояд чунин бошад, зеро Тоҷикистон хона ва такягоҳи асосии ҳар як фарди тоҷик аст. Тоҷикистон ягона сарпаноҳ ва ҷои амне аст, ки ҳар як тоҷик метавонад, озодона фаъолият намояд. Аз ин рӯ, ҳар як фардро зарур аст, ки барои таъмини рушди устувори давлат ва таъмини суботу амнияти пойдор беш аз пеш ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки бадхоҳе ва ё гурӯҳи ифротие ба осоиштагии давлат халал эҷод намояд.

Сайёд Ашӯров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

        

 

 

Ҳифзи  марзу бум дар ҳама давру замон аз масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳар соҳибватан маҳсуб меёбад.  Чун имрӯзҳо маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, гурӯҳҳои ифротгаро, ки таҳкими оромии кишвари моро намехоҳанд, бо ҳар роҳу васила ба эҷоди фитна даст мезананд. Мақсади асосии онҳо халалдор намудани раванди таъмини даъват ба Артиши Миллӣ мебошад.

Мисоли равшани ин гуфтаҳо паҳн намудани навари баҳсбарангези душманони давлату миллат оид ба паҳн намудани латукуби сарбозон дар яке аз кисмҳои ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Саҳнаи мазкур сохтаю ғаразнок буда, 5 моҳ кабл дар яке аз қисмҳои ҳарбии мустақар дар ҳудуди Исфара аз ҷониби шахсони хилофи сулҳу суботи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, маҳз дар шабу рӯзе, ки он метавонад дар ҳалли қазия "таъсиргузор" бошад, расонаӣ карда шуд.

Ҳолати воқеии рафтору интизом дар қувваҳои мусаллаҳи кишвар тавре нест, ки дар навор «сохта» шудааст. Раванди ташаккули сохтори мудофиавии кишварамон рӯз аз рӯз ҳам аз лиҳози тарбияи ахлоқӣ ва ҳам аз лиҳози муҷаҳҳаз гардонидани таъминготи моддию техникӣ вусъат ёфта истодааст.

Мафҳуми «зиракии сиёсӣ», ки мо борҳо нисбати он ҳарф мезанем маҳз дар дарки ҳақиқат ва ботил, ҷудо намудани сиёҳ аз сафед зоҳир меёбад. Яъне имрӯз ин фитнабозию дасисакориҳо наметавонад рӯҳияи шикастанопазири ҷавонони моро дар раванди сафарбар гардидани онҳо ба сафи Артиши Миллӣ монеасоз бошад.

Чунин саҳнасозиҳоро мо бори аввал мушоҳида накардаем. Мунтазам дар шабу рӯзҳои «доғ» намоиши саҳнае, ки шояд баъзе аз зудбоваронро ҷиҳати ҳолати интизоми сарбозон ба шубҳа оварад, наметавонад, мардуми аз гирдоби ин фитнаҳо борҳо раҳо ёфтаро ба вартаи ноумедӣ кашад.

Бешубҳа, ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда, симо ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибатҳои хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар ҷомеа пайдо намоянд ва ҳомии марзу буми аҷдодӣ бошанд.

Ҷалби неруи зеҳнию ҷисмонии ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҳифзи музаффариятҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи неруманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд. Хушбахтона ин рисолати таърихии онҳо имрӯзҳо бо сарбаландӣ амалӣ гардида истодааст.

Мо устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд рафтори ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои ғаразнокро, ки ҷиҳати доғдор намудани сиёсати амниятии кишвари азизамон-Тоҷикистон таҳрибкорӣ менамоянд, сахт маҳкум менамоем. Дар барораби таълиму тарбияи созандагони ояндаи Ватан донишҷӯёнро дар рӯҳияи Ватандӯстӣ омода менамоем. Ин аст, ки бо амри дилу виҷдон мунтазам хатмкунандагони мо барои пеш аз муҳлат ҳимоя намудан ва сари вақт адо намудани хизмати Ватан-Модар ҷаҳду талош менамоянд.

Юсуфов Фирӯз, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Артиши миллӣ ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.

      Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида ва посбониву ҳушёри ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад.

       Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум, аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.

      Дар даврони соҳибистиқлоли ҷавонон бояд як нуқтаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас шуморем.

Мутаасифона, чанд рӯз дар шабакаи иҷтимоӣ наворе пахш гардид, ки мо онро чун ҷанбаи манфии таблиғ қабул кардем. Чаро маҳз душманони миллат, дар ин шабу рӯзе, ки дар кишвар даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад, паҳни чунин наворҳои нафратовар аз рӯи адалат нест.

Мо як чизро бояд фаромӯш накунем. Тоҷикистон дар саргаҳи соҳибистиқлолӣ аз даврони шӯравӣ ягон меросе надошт.  Дар як муддати кӯтоҳ мо чанд дастовардеро соҳиб шудем. Инро бояд нодида нагирифт

Тоҳиров Тоҳирҷон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

            Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм  мебошад. Аз оғози ба даст овардани истқлолияти давлати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба

 

монанди таъмини амнияти митақавӣ ва миллӣ  дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992- 1997 мебошанд.

           Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-октиябр, 8- декабри соли 2014 ва 14- апрели  2015 фаъолинти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли “ Ал-Қоида”, “Ҳаракати Туркистони шарқӣ “,  “ Ҳизби  Исломии Туркистон” (собиқ Ҳаракати Исломии Узбекистон ), “Ҳаракати Толибон “, “ Бародарони мусулмон”, “Лашкари Тойиба”,”Гурӯҳи Исломӣ”,”Ҷамъияти Исломии Покистон”,”Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динимиссионерии “ Созмони таблиғот “ ва “ Тоҷикистони озод “, “ Ҳизб-ут-Таҳрир “ ,  “ Салафия “ , “ Ҷамоати  Ансоруллоҳ” , “Ҷабҳат Ан-Нусра”, “ Гурӯҳи -24”, Ҳизби наҳзати  исломии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст.

           Терроризм –яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир мебошад. Он оқибатҳои нохушро ба миён меорад – аз лиҳози зуроварӣ,  бенизомӣ, ғасби ҳокимият ва инчунин аз худ намудани ваколатҳои он, марги аҳолии бегуноҳ, несту нобуд сохтани иншоотҳо ва ғ.

              Терроризм ва экстремизм  ҳаммаъноянд ва бо якдигар алоқаи зич доранд – ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум менамояд.

           Тоҷикистон ҷабри терроризмро зиёд кашидааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳатто баъди анҷоми он низ аз ҷониби гуруҳҳое,  ки  бештари онҳо мансуб ба ТТЭ ҲНИ буданд, шахсиятҳои и шинохтаи фарҳангиву илмӣ кушта шуданд. Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ин амалҳои террористиро боздошту муҷозот кардаанд, вале .. оё захмҳо тоза шуданд?

           Ман, ҳамчун хизматчии ҳарбӣ  посухи ин суолро намеёбам. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди байналмилалӣ гуфтанд, ки “ Терроризм миллату мазҳаб  надорад ва мансуби ҳеҷ кишаваре ҳам нест. Ҷинояткор на дин дорад на миллат.”

             Аз ҷумла соли 2002 дар яке аз суханрониашон аз минбари СММ   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданад:  “ Бамаврид аст ёдовар шавем, ки мо кӯшишҳои бо ислом алоқаманд кардани терроризмро қабул намедорем. Терроризм  чун тамоми падидиҳои ба ин монанди харобиовар ба табиати инсон  ва ғояҳои дин бегона аст. Он на миллат дораду на мазҳаб. Ислом ҳамчун дини инсонпарвару башардӯст  ҳама гуна  зуровариро маҳкум мекунад.”

             Яке аз масъалаҳои  дигари мумбрами руз,ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ваҷҳовардааст – шомил шудани ҷавононба ҳизбуҳаракатҳои гуногуни

 

 

 

терроризму экстремизм мебошад, ки ба муқобили онҳо ҳукумат ва ҷомеа ҳамавақт мубориза бурда истодаанд.

           Ҷолиби диққат аст, ки фаъолияти ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ амният ва оромии тамоми олам аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро таҳдид мекунад.

             Шукри оромиву суботро мекунем, ки  Тоҷикистони мо сари вақт ба ҷанг хотима дод. Пешвои азизи миллат  бо гузаштҳои зиёд ҷангро хотима додва имруз ба шарофати амин неъмат кишвари мо осуда аст ва сол аз сол шароити мардум беҳтар шуда истодааст.

             Мо ба куллӣ аз сиёсати сулҳпарваронаи  Пешвои азизи худ ва Ҳукуматамон ҷонибдорӣ мекунемва барномаҳои рушди мамлакатро, ки ҳоло амалӣмешаванд,ҷонибдорем .

 

Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

                     

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  

 

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қариб, ки ҳар рӯз душманону хоинони миллат ба ҳарзагӯиву дурӯғпардозӣ машғуланд.

      Онҳо аз хориҷи кишвар истода, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки мардумро гумроҳ намоянд ва сафедро назди мардум сиёҳ нишон диҳанд. Пешрафту гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз, торафт беҳтару хубтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мо душманони миллатро рӯҳафтодаву дилшикаста намудааст.

      Имрӯз Ватани маҳбуби мо ба кишвари афсонави табдил ёфтааст ва туфайли пешниҳодҳои судманди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ низ соҳиби иззату икроми хоса гардидааст.

     Туфайли якчанд пешниҳодҳои саривақтӣ ва аҳамияти ҷаҳонидоштаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён боз Тоҷикистон ва Сарвари оқилу фарзонаи онро хубтар шинохтанд.

Чунончӣ санаи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид якдилона пазируфта шудани ташаббуси навбатии саривақтии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва дар он эълон намудани соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март - "Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо" бори дигар аз оқилию хирадмандии Сарвари давлатамон, обрӯву эътибори кишварамон ва созандаю бунёдкории миллати кӯҳанбунёди тоҷиқ ва тоҷикистониён дарак медиҳад. 

     Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар атрофи Сарвари хирадманди хеш, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид гашта зиндагии хушу хуррам доранд.

    Албатта ҳамаи ин пешравиҳову дастовардҳои назаррасро чӣ дар самти сиёсати дохилӣ ва чӣ дар самти сиёсати хориҷӣ душманони миллат чашми дидан надоранд.

    Онҳо дур аз Ватан, мисли саг зиндагӣ доранду баҳри худро ширин кардан ба хоҷагони хориҷиашон доим дар паи туҳмату буҳтонанд. Лекин имрӯз мардуми тоҷик дигар фирефтаи суханҳои пучу бемаънии ин оқипадарон нахоҳанд шуд.

    Имрӯз тири душманони миллат, ба монанди Кабириву Муҳаммадиқболи ношукр хок хӯрдааст ва онҳо намедонанд, чӣ кор кунанд. Душманону бадхоҳони миллати тоҷик ватангадову кафангадо гашта дар мулки бегона боқимондаи умри хешро дар хориву залилӣ паси сар хоҳанд кард.

Тоҳир Тоҳиров, устодт ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд    

   

 

Терроризму экстремизм яке аз омилҳои хатарнок ва даҳшатовари ҷомеа мебошад, ин он имрӯзҳо кулли аҳолии сайёраро ба таҳлука андохтааст. Ин падидаи номатлуб сабабгори бадбахтии инсоният буда, пайравони ташкилотҳои террористиву экстремистӣ миллионҳо кӯдакро бесаробон гузоштанд, хонаҳоро вайрон карданд ва то ҳол ба тақдири ояндаи насли инсон таъсири бениҳоят манфӣ расонида истодаанд. Хавфу хатари гурӯҳҳои ифротгароро ба инобат гирифта, метавон тазаккур дод, ки имрӯзҳо терроризм яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки барои ҳалли ин мушкилии мудҳиши глобалӣ бо ҳамдигар муттаҳид шуда, дар якҷоягӣ фаъолият намоянд. Бо дарназардошти оқибатҳои даҳшатовари ин зуҳуроти номатлуб Президенти кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама баромадҳояшон муҳимияти ин масъаларо махсус қайд менамоянд: “Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар қарни XXI табдил ёфтааст. Бинобар он зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем”.

         Яке аз мақсадҳои асосии гурӯҳҳои ифротгаро бо роҳи куштору хунрезӣ ва ваҳшоният ҷомеаро ба худ тобеъ намуда, ҷаҳони тақсимшударо аз нав тақсим намудан аст. Пайравони ташкилотҳои террористӣ, ки мутаасифона қариб дар ҳамаи давлатҳои дунё фаъолият мебаранд, барои расидан ба мақсадҳои касифи худ ҳамеша роҳҳои зӯроварӣ, куштор, таҳдид ва хунрезиро ба кор мебаранд. Дар таърихи навини инсоният вомехӯранд воқеаҳои мудҳише, ки пайравони гурӯҳҳои ифротгаро ба мардум зарари бениҳоят калон расонида, тамоман аз чаҳорчӯбаи ахлоқи инсонӣ баромадаанд. Вақте ҳамаи ин ҳодисаҳоро таҳлил мекунем, маълум мегардад, ки решаи ҳамаи ин иғвогариву бесарусомониҳо дар ҷоҳиливу бесаводист, зеро инсони бомаърифат ҳаргиз ба гурӯҳи террористӣ, ки мақсадаш фақат куштор аст, шомил намешавад, як инсони соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ боиси бадбахтии инсони дигар нахоҳад шуд.

         Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоку разилонаи худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, номи поку беолоиши онро дар ҷомеа доғдор месозанд. Ин ҷоҳилону гумроҳон ҳангоми амалӣ намудани кирдорҳои ваҳшатбор намедонанд, ки бо кадом мақсад боиси бадбахтиҳои зиёд мешаванд, ҳам  худро ва ҳам ҷони ҳазорон одамони бегуноҳро қурбон мекунанд. Мусаллам аст, ки дар ягон оят ва ҳадисҳои исломӣ оиди куштору хунрезӣ ва ваҳшоният сухане наёмадааст. Баръакс дини мубини ислом кулли мусулмонони дунёро ба муттаҳидӣ, якдилӣ ва ваҳдату ягонагӣ даъват намуда, чунин таълимот медиҳад, ки новобаста аз забон, наслу нажод ва вазъи иҷтимоӣ мусулмонон бояд бо ҳамдигар ҳамчун бародар ғамхору меҳрубон бошанд. Дар ин бора низ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бомаврид қайд намудаанд, ки террорист ватан, миллат, забон, дину мазҳаб надорад ва душмани Худову бандаҳои Ӯст. Пешвои миллат дар ҳама баромадҳои худ ташкилотҳои террористиву экстремистиро маҳкум намуда, бар он ақидаанд, ки омехта намудани ин зуҳуротҳои нангин бо дини мубини ислом кори нодуруст аст. Чи тавре ки шоир фармудааст:

                                   Ислом ба зоти худ надорад айбе,

                                   Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

 

Мо- ҷавонони Тоҷикистон ҳамун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайравии сарвари оқилу хирадманди хеш бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бо терроризму экстремизм муборизаи беамон барем ва барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзем. Ҳамеша кӯшиш намоем, ки насли ояндаи миллат дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ тарбия ёфта фирефтаву гумроҳи ташкилотҳои ифротгаро нагарданд.

М. Тошхоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз сафарбар месозанд. Ҳамин сипоҳиёни Ватан ҳастанд, ки мо ором мехобем ва аз ин лаззати тинҷиву оромӣ мечашем.

  Таҳким бахшидан ва неруманд сохтани Артиши миллӣ аз тарбияи хуби ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Хизмати Ватан – Модар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ба шумор рафта, онҳо маҳз дар ин ҷо далеру шуҷоъ тарбия меёбанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд. Дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тадбирҳои нав роҳандозӣ ва татбиқ мешаванд.

  Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби тарбия ва обутоби бадан ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад. Ҷавонони муассисаи таълимиро мебояд аз ин далерию шуҷоат дарси ибрат гиранд, чунки суботу оромии кишвар ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ аз ҷавонони чолоку ҳушёр вобастагии зиёд дорад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиклоли мо бо ҷавонони боору номусаш ва бо далерони шуҷоаш беш аз пеш ободтару шукуфонтар мегардад.

  Маврид ба зикри хос аст, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳшаванда сол аз сол зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон мебошад. Ҷавонони мо дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона хизмати Модар – Ватанро иҷро карда, бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзи марзу буми аҷдодӣ қарзи фарзандии онҳост.

  Имрӯз мардуми мо нафаси осуда мекашанд ва бо эътимоди комил, дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймоянд. Сад шукр, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ин ҳама пастиву баландиҳои рӯзгорро паси сар намуд ва имрӯз бо роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи ободкориву созандагист. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин ҳама тинҷиву оромӣ биресем ва шукргузор аз ин неъмат бошем

Тоҳиров Тоҳирчон, устоди ДПДТТ шаҳри Хуҷанд

 

Бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии навбатии худ дар Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ аз зарурати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бори нахуст дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардида буд, ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ташаббуси мазкур барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад кард. Ба андешаи коршиносони соҳа, пешниҳоди ташаббуси навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Ин ҷо намунае аз як гӯшаи саршори обҳои поку беғаш ва тозаеро аз Тоҷикистони соҳибиқбол меорем, ки он ҳам дар мисоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб ёфта, ки он иқлими ба худ хосро дорост ва манбаи оби тоза мебошад. Яке аз номвартарин манобеи обӣ дар Бадахшон ин прияхи Федченко мебошад, ки калонтарин пиряхи   Осиёи  Марказӣ  маҳсуб  ёфта,   дар  ВМКБ  маскан гирифтааст. Дарозии  он 77 км, паҳноиаш аз 1700 то 3100 метрро дар бар гирифта, аз нишебии  шимоли  қаторкӯҳҳои Язгулом ибтидо меёбад. Пирях  шохаҳои зиёд дорад. Нуқтаи баландтарини пирях 4200 метр муайян шудааст. Қисми миёнаи пирях дар як шабонарӯз бо суръати 70 — 75 см ҳаракат  мекунад.  Аз  зери  пирях  дарёи  Селдара ҷорист. Ҷоришавии  оби  он  дар  фасли   тобистон ба 300 м_3 сония мерасад. Умуман, ВМКБ дорои ҳашт пирях мебошад, ки аз онҳо дарёҳҳои тозаи мусаффо ҷорӣ мегарданд. Ин гӯшаи саршори обҳои зулол дорои 18 кӯлҳои гуногун мебошад, аммо кӯли чуқуртаринаш Сарез аст ва он яке аз кӯлҳои зеботарину бонуфузи Тоҷикистони мост. Он дар натиҷаи  зилзилаи шадид (7-9  балл  аз  рӯи  ҷадвали   Рихтер)  пайдо шудааст.  Кӯли  Сарез  солҳои  тӯлонӣ мешавад, ки  таваҷҷуҳи  тадқиқотчиён,  олимон,  адибон ва сайёҳони  одиро  ба  худ ҷалб  намудааст. Он  қариб  60  км  дарозӣ  дорад,  умқи максималии  он  то  ба  505  метр  расида,  ҳаҷми оби ҷамъшудааш 17км3-ро ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки Бадахшони нозанинамон дорои захираҳои зиёди обҳои тоза ва чашмаҳои шифоӣ буда, истифодаи оқилонаи онҳо аз фоида холӣ нест. Дар ҳудуди вилоят 72 манбаи обҳои гарм ва минералӣ мавҷуданд, ки на ҳамаи онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Аз 72 манбаи оби гарм ва минералӣ 13 ададашонро дар соҳаи агросаноатӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ саҳми "Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон" назаррас аст. Тӯли даҳ соли охир дар ҳудуди вилоят дар масофаи 1450 км қубурҳои обгузар васл гардиданд. Бо истифода аз таҷрибаи олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир айни ҳол дар мавзеи Ҷелондеҳ шахсони алоҳида дар шароити гармхонаҳо парвариши сабзавотро ба роҳ мондаанд ва хулласи калом ин ки Бадахшони Тоҷикистон  сарчашмаи асосии оби тозаи мамлакат ба ҳисоб рафта, дар оянда интиқол додани оби тозаи он ба дигар кишварҳои ҷаҳон низ имконпазир аст.

Дар сатҳи номуайяну номушаххас ҷойгиршавии захираҳои об пеш аз ҳама ба сатҳи релеф ва омилҳои иқлимӣ сахт вобастагӣ дорад. Масалан, дар минтақаи муътадил ва экваторӣ ба як нафар 25 ҳазор М-3 оби нӯшокӣ дар як сол, вале дар минтақаи биёбону нимбиёбон, ки аз 1/3 ҳиссаи аҳолии дунё зиндагӣ мекунанд, ба як нафар ҳамагӣ 3 ҳазор М-3 об рост меояд. Ин обро ҳам аксар барои обёрии замин истифода мебаранд.Аммо иқдому рисолатҳои шоистаи садри кишвар  ҷиҳати пиёда гардидани ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меорад.

Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии сайёра маънидод намуда, таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо таҳдид ба бор орад. Ғайр аз ин, роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва  ҳамзамон "Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо" муайян шуда, "Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" таъсис дода шавад.

Садри олии мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 декабри соли 2010 зимни суханронй дар ҳамоиши ахири сатҳи олии САҲА таваҷҷӯҳи аҳли сайёраро ба масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ, бартарафсозии монеаҳои сунъии нақлиётию транзитӣ, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии фаъол аз гармшавии иқлим, хусусан дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷалб намуд.

Ширкати пайвастаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои САҲА, хусусан иштирок ва суханронию масъалагузориҳои роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ин созмон

- 3 декабри соли 1994 дар Будапешт,

- 30 декабри соли 1996 дар Лиссабон,

- 18 ноябри соли 1999 дар Истанбул,

- 1 декабри соли 2010 дар Остона ва дар Форуми VIII иқтисодии САҲА

- 10 апрели соли 2000 дар Прага ба рушди ҳамкории бисёрҷанба мусоидати фаъол намуданд.

Аслан, омӯзишу таҳқиқотҳоро бобати мавзӯи обу пиряхҳо мавриди назар қарор диҳем дармеёбем, ки ҳанӯз аз замонҳои насли аввали инсон ҳам обу пиряхҳо масъалаи муҳиму рузмарра ба ҳисоб мерафтааст, чун ин ҷо як намунаеро меорем, ки одамон аз замонҳои қадим боварӣ доштанд, ки дар Уқёнуси Ҷанубӣ қитъае вуҷуд дорад, ки ҳамеша мавриду омӯзишу пажуҳиши олимони дунё қарор мегирад. Маҳз 200 сол пеш, маллоҳони Русия боз як қитъаи дигар - Антарктидаро кашф карда буданд. Аз он вақт инҷониб, он танҳо барои мақсадҳои илмӣ аз худ карда шудааст. Дар натиҷа пешгӯии обу ҳаво дақиқтар гардид, солномаи иқлимии Замин дар тӯли миллион сол барқарор карда шуд, ояндаи сайёра дар давраи гармшавии глобалӣ маълум шуд. Дар бораи кашфиётҳои муҳимтарин ва лоиҳаҳои нисбатан мувофиқ аст.

 

Сайёд Ашӯров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

         Инак Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллц-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалц Раҳмон рӯз то рӯз мақоми худро дар арсаҳои байналмиллал баланд мебардорад. Шукронаи Истиқлолияти давлатц, ки таи 31-соли охир миллати мо танҳо роҳи рушдро чун стратегия ба нақша гирифта аз рӯи он фаъолият мебарад. Мардумон низ дар ин фазои Истиқлолият ҳамеша дар фикри баланд бардоштани маърифати ватандориву ватандӯстц буда пайрави Пешвои миллати тоҷик ҳастанд. Албатта ҳамаи мо шукри он дорем, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол асту манзараҳои даҳшатбори солҳои 90-умро бо шарофати мустақилц хотима дод. Вагарна аз дидани он манзараҳои хунину майдонишиниҳои ҷонибҳо тамоми мардумро ба таҳлуқа оварда, ҳар нафаси кашидаамонро заҳри бадан фикр мекарданд. Аммо ҳар яки онҳо аз омадани субҳи сафо пас аз торикии шаб умеде доштанд, ки фардо вазъият хуб хоҳад шуд. Дуруст аст, ки дар он солҳо миллати мо хеле зарбаи сахти моддию маънавц дид, вале хушбахтона дар охир оташи ҷанг хомӯш гашта дар ин баробар Ваҳдату якдилии миллц дар кишвар мақоми худро касб кард.

Хушбахтона мо имрӯз Тоҷикистонро чун кишвари зебою биҳиштосо мебинем ва дар хоки он зиндагии тинҷу осударо ба сар мебарем. Бояд ба қадри озодию ба худ мустақил будан расида, кишварамонро бештар зеботару вазъияташро ҳамеша дар ҳолати сулҳу субот қарор диҳем, то ояндагон, ки фарзандони мову шумоанд, дар Ватани ободу осуда ба воя расида вориси накӯкорию фазилатҳои некц ватандӯстонаи мо бошанд. Моро мебояд, ки зарраи хоки Ватанро барои парокандагӣ иҷозат надиҳем, зеро ҳамин ҳар як давлат худи мардумонаш аст. Агар мо ба ҳамаи амалҳо ва ношоистагариҳои душманони миллатамон чашм пӯшем фардо азизони мо, ҷигарбандони мо сарсону бесаробон ва бехонаву беватан мемонанд. Биёед барои ҳимояи як порчагии ватанамон софдилона хизмати шоиста кунем.

Рустамова Ш, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд