Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзӯи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо рӯҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар жарфно ва умқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».

Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт, мубориза миёни ду гурӯҳи давлатҳо, ду идеология – лагери сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи коммунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.

Пас аз суқути ИҶШС ва пош хӯрдани иттиҳод (лагер)-и сотсиалистӣ мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.

Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чӣ тавре ки дар аввали суҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд.

Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.

Мутаассифона, дар тӯли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқуъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардид. Мисол, нашри романи таҳрибкорона, таҳрифкоронаи Салмони Рушдӣ, сӯзондани китоби «Қуръон» аз ҷониби роҳиби бадкеши масеҳӣ Тери Ҷонсони амрикоӣ, амали нобакоронаи карикатуристи Дания Курт Вастергаард, ки расм – карикатураи хаёлии Пайғамбари ислом Муҳаммад (С)-ро дар солгарди амалиёти террористии Ню-Йорк дар шакли бомба офарид, боиси нафрат ва маҳкуми мусулмонон ва шахсони солимфикри ҷаҳон гардид. Сӯзонидани намоишкоронаи китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» дар Аврупо ва дигар амалҳои зишти исломситезии Ғарб вокуниши аксар кишварҳои мусулмонӣ ва ҷаҳони мутамаддинро ба вуҷуд овард.

Ин амали зиштро муншии Созмони Милали Муттаҳид шадидан маҳкум намуда, таъкид кард, ки «чунин аъмол зидди кӯшишҳои СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ дар роҳи муваффақ шудан ба таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми фарҳангу адёни ҷаҳонӣ аст. Рафтори номақбули чанд нафар бадкеш набояд мухолифатро байни динҳо эҷод кунад».

Роҳбари Инқилоби исломии Эрон Оятулло Хоменаӣ – амали роҳиби амрикоиро маҳкум намуда чунин гуфтааст: «Ҳодисаи охир ба калисо ва масеҳият робитае надорад ва ҳаракатҳои лӯхтаконаи чанд тундгарои аблаҳ ва муздурро набояд ба пойи масеҳиён ва мардони динии онҳо навишт. Мо мусулмонон ҳаргиз ба амали мушобеҳе дар мавриди муқаддасоти динҳои дигар даст нахоҳем зад. Низои байни мусулмонону масеҳӣ хостаи душманон ва тарроҳони ин намоиши девонавор аст ва дарси «Қуръон» ба мо дар нуқтаи муқобили он қарор дорад».

Баъди суқути давлати абадқудрати Шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани давлатҳои соҳибихтиёр, аз байн рафтани идеологияи ҳукмрони атеистӣ муносибат ба дину диндорӣ дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ комилан тағйир ёфт. Акнун мардум ба мероси гузаштагони худ ва анъанаҳои диниашон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамуданд ва эътибори махсус медоданд.

Созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонданд. Дар мамлакат фазои озоди андешаи динӣ дар заминаи асли конститутсонии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфт.

Гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дин нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимоя, нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуд. Барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони ҷумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалӣ созанд. Дар натиҷаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динӣ, ташаккул ёфтани вазъи нави динии ҷумҳурӣ сатҳи диндории мардум якбора боло рафт.

То соли 1990 мусулмонони ИҶШС танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар таҳсил мекарданд. Ҳисса (квота)-и мусалмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ хеле ночиз буд ва аз ин рӯ, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд.

Соли 1990 дар шаҳри Душанбе Донишкадаи олии исломии ба номи Имом Тирмизӣ (ҳоло ба номи Имоми Аъзам) таъсис ёфт, дар он ҳамон вақт ҳамагӣ 142 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Дар шаҳри Хуҷанд, Қӯрғонтеппа мактабҳои динӣ – мадрасаҳо кушода шуданд. Ҳоло танҳо дар Донишкадаи олии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 1,5 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил менамояд.

Пас, моро мебояд шукронаи сулҳу субот намуда, дар ин замина сипари ҳифзи осоиштагию тинҷии Тоҷикистони азизамон бошем.

 

Зокиров Р.Ш.,

омӯзгори кафедраи меъмории ДПДТТ ба номи ак. М.с.Осимӣ дар ш. Хуҷанд

 

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

Албатта онҳое, ки мегӯянд ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намуданд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад cap задааст.

Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Дар охири қарни гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯйи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст?

Экстремизм аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 2022 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор омада, ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст.

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар аср (замон)-и хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст, эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад.

Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни муттафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати Шӯравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбир (тезис)-и машҳури К. Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.

Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, куҳнапарастӣ, хурофот», аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯйи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.

Зокиров Р.Ш.,

омӯзгори кафедраи меъмории ДПДТТ ба номи ак. М.с.Осимӣ дар ш. Хуҷанд

 

Таърихи башарият собит кардааст, ки қисмати бисёр шахсиятҳои нодир ва бузург ба ҳам монанд ва ё дар давру замони дигар зиндагӣ карда бошанд ҳам, дар маконе ва ё манзиле, дар ҳалли муаммое ва ё дар лаҳзаи басо ҳассоси сарнавишти халқу миллат роҳи ҳаётии онҳо ба ҳам дучор меомадааст ва нуқтаи бурише будааст, ки шоҳроҳи тақдири абармандони асолатбузургро ба ҳам пайванд мекардааст.

Домани Арбоб шуд парвозгоҳи халқи ман,

Фахр кун бо сарварат пиру ҷавони ин ватан.

Баски бишносад кунун дунё ҷаҳони тоҷикон,

Чунки аз Арбоб сар гардад замони тоҷикон.

Сарвари давлате, ки дар ин макони муқаддас аз ҷониби вакилони халқ якдилона интихоб шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи олам соҳибобрӯ ва мӯҳтараму муаззам гардониданд, дар ин соли хотирмон -30 солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари азизу муқаддасамонро обод гардониданд.

Имрӯз бо гузашти сӣ сол бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки  Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва ба дӯши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсӯз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чӣ масъулияти бузурге афтода буд.

Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд, зеро ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан  ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Бо заҳмату маломати Сарвари кишварамон сулҳу субот барқарор гашта, давлати азизамон обод гардид, ки худи он кас мегӯянд :

-“Бо вуҷуди ҳамаи ин шӯълаи умед дар дилам лаҳзае, хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба нерӯҳои солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам”.

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони , 8 сентябри соли 2011.

    Каюмова М.Г., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд                  

 

Ҷаҳони имрӯза аз нигоҳи сиёсатмадорон замони зудтағйирёбанда ва мураккабу печида арзёбӣ мешавад. Инро ҳамзамон тамоми аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос мекунанд ва чунин вазъият боиси ташвишу нигарониҳо шудааст.

Омилҳои мушкилоту печидагиҳои ҷаҳон хеле зиёданд. Аз ҷумла, ҳирсу талоши инсон низ ба ин боис гашта, ки мехоҳад аз дигаре бартар бошад, ҷоҳу ҷалол ва мулку кишварашро васеътар намояд, сарвати бештар ба даст оварад. Баъзе доираҳои манфиатхоҳ барои ба чунин мақсадҳо ноил шудан аз тамоми восита ва роҳҳо, аз ҷумла низоу фитна, ҷангандозӣ, ғасбу юриш ва ғайра истифода мебаранд. Онҳо дарк намекунанд, ки мо ҳама аъзои як пайкарем ва ҳар кас мехоҳад, орому осуда зиндагӣ кунад. Ҳамзамон, онҳо гумон намекунанд, ки рӯзе мукофоти аъмолашонро мегиранд. Дар чунин лаҳазот сатрҳои ҷовидонаю хирадмандонаи Шайх Саъдӣ ба ёд меояд, ки таъкид кардаанд:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Вазъи имрӯзаи кишварҳое ба монанди Сурия, Ироқ, Урдун, Фаластин, Либиё ва ҳамсоякишвари мо – Афғонистон далели гуфтаҳои болост. Мардуми ин кишварҳоро чунон ба фитна кашиданд, ки дигар бародар бо бародар меҷангад, ба фитнаю дасиса дода шуда, дӯстро аз душман фарқ намекунад ва ҳеҷ не ки роҳи мушкилоташонро пайдо намоянд.

Мо низ, тоҷикистониён як узви ин ҷомеаи умумибашарӣ ҳастем ва ҳар таҳаввулоту ҳаводисе, ки дар гӯшаю канори замин ба амал меояд, моро низ нороҳат месозад. Бинобар ин, Сарвари давлатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханронию баромадҳояшон аз хатарҳои замони муосир ёдовар шуда, лидерону сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонро даъват мекунанд, ки барои дарёфти ҳалли мушкилоти мавҷуда, ҳамзистии осоишта ва ҳамкориҳои созанда саъю талош намоянд ва аз мардуми кишвар талаб мекунанд, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (24.12.2022) таъкид шудааст: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд».

Ин таъкиди Сарвари мамлакат аҳли ҷомеаро водор месозад, ки ғофилу бетараф набошанд, махсусан калонсолон, зиёиён, омӯзгорон таваҷҷуҳро ба ҷавонону наврасон бештар намоянд. Зеро маҳз онҳо табақаҳои осебпазир маҳсуб меёбанд. Имрӯз омилҳои таъсиргузор барои онҳо хеле зиёд аст. Дастрасии васеи насли наврас ва ҷавон ба шабакаҳои интернетӣ дар бисёр ҳолат ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Чунончӣ, баъзе аз ҷавонон, аз лиҳози камсаводӣ, сарфаҳм нарафтан ба равандҳои сиёсӣ ва ҳаводиси гуногун, бехабарӣ аз арзишҳои созандаю муқаддаси дини мубини ислом зери таъсири таблиғоти гурӯҳҳои тундрав, радикалӣ ва ифротӣ мемонанд ва роҳгум мезананд. Бинобар ин, набояд роҳ дод, ки ҷавонон қурбони сиёсатбозию фитнаҳо шаванд. Ин нукта айни ҳол мунтазам дар расонаҳои хабарии кишвар ва ҷаласаю ҷамъомадҳои гуногун пайваста таъкид мегардад.

Бо назардошти андешаҳои боло, ки мухтасар баён гардиданд, дар раванди таваҷҷуҳ ба ҳаёти ҷавонону наврасон, махсусан дар таълимгоҳҳои миёна ва касбию олӣ, зимни таълиму тадриси илмҳои замонавӣ, ҳамзамон онҳоро дар рӯҳияи худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия кардан зарур аст. Яке аз нависандагони намоёни Фаронса Антуан де Сент-Экзюпери навиштааст, ки “Аввал оилаатро ба тартиб ор, сипас сайёраро”. Дар ҳақиқат, тарбияи ватандӯстӣ аз оила сар мешавад ва зина ба зина дар раванди таълиму тарбия дар кӯдакистону мактаби миёна, литсею коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ такмил меёбад.

Умуман, агар мо ҳар чӣ бештару беҳтар кори илму маориф, тарбияи насли босаводу хушахлоқ ва ҷомеаи бомаърифатро ба роҳ монему муваффақ шавем, пояҳои давлату давлатдорӣ ҳамон қадар мустаҳкаму пойдор мешаваду аз хатарҳои гуногун эмин мемонем. Дар асл мо – тоҷикон мардуми сулҳпарвару бомаърифатему ба қадри сулҳу дӯстӣ, оромӣ ва зиндагии осоишта, баробарию бародарӣ мерасем.

Ин нукта чанде пеш зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Рӯзи дониш» (1.09.2022) садо дод. Вобаста ба шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир Сарвари давлат бори дигар таъкид намуданд, ки «...моро зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем».

Зокиров Р.Ш.,

омӯзгори кафедраи меъмории ДПДТТ ба номи ак. М.с.Осимӣ дар ш. Хуҷанд

Ҷамолиддин Саидзода,

адабиётшинос

 

НАҚШИ ИЛМ ВА АДАБИЁТ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

 

Дар қиссаву таърих чу озода бихонед,

Мақсуд аз озода  шумоед, шумоед.

Деҳхудо

 

Илм ва адабиёт ҳамеша гирҳекушои инсон буд, яъне аз оғоз барои раҳоӣ аз мушкилот, асорати динӣ, мазҳабӣ, тарғиби ахлоқи пок, одамият, худшиносӣ, инсоншиносӣ, диншиносӣ ва ғайра хидмат менамуд, по ба пои замон ва талаботҳои он амал мекард, пеш мерафт. Ба хотир биёред, талошҳои олимону адибони моро баъд аз истилои араб, муқовимат ва муборизаи онҳоро ба забони бегона, яъне арабӣ, баргардони осори илмиву адабӣ ба забони арабӣ, барои аз нобудӣ раҳонидан ва баъдан аз нав ба тоҷикӣ тарҷума намудан, хусусан кӯшишҳои Рӯдакӣ ва соири адибони замони Сомонӣ, ки хеле босамар буданд. Дар ин бора устод Саид Нафисӣ чунин гуфтааст: «Кореро, ки Амир Исмоили Сомонӣ бо шамшери буррандаи хеш огоз карда буд, Абдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад бо хомаи хеш ба поён расонид. Ин Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад роҳбаре тавоно буд, ки роҳро барои Дақиқӣ ва Кисоӣ ва Фирдавсӣ кушуд ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидонии Унсуриву Фаррухиву Асҷадиву Мунҷик ва Носири Хусравро пояе устувор ниҳод».

Халқи тоҷик дар тӯли таърихи тӯлониаш бисёр абармардони фарҳангу тамаддун ва нобиғагони илму маърифатро ба дунё овардааст, ки бо осори ҷовидонаашон на танҳо ба халқу кишвари худ хизматҳои бузурги пурарзиш анҷом додаанд, балки дар рушду нумӯи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд. Яке аз чунин абармардони таърих, сиёсатмадори маъруфи халқи тоҷик, олим ва мутафаккири бузурги Шарқ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Б. Fафуров аст, ки тамоми умри бобаракати худро ба хизмати халқу Ватан бахшидааст.

Ташаккули миллати тоҷик, парвариши эҳсоси волои якдиливу ягонагӣ дар сокинони Тоҷикистон, таҳқиқу омӯзиши таърихи халқу миллат ва муайян кардани саҳми он дар тамаддуни башарӣ ҳадаф ва мароми зиндагии ин абармард буд. Таълифи китоби «Тоҷикон» аз бузургтарин хизмате ҳаст, ки мавсуф барои миллати тоҷик кардааст.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар хонадони тоҷик ин асари арзишманди таърихӣ ройгон тақсим карда шуда, ҳамзамон ба хотири боз ҳам ҷалб намудани шаҳрвандони кишвар тибқи амри Сарвари давлат озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров  доир мегардад.

 

Ҷиҳати дар сатҳи баланд доир шудани озмуни мазкур тибқи дастури роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даври донишкадавии озмун дар сатҳи баланд доир шуда, 27 нафар донишҷӯён ва 3 нафар устодон  ба даври ниҳоии донишкадавӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳайати ҳакамон ба донишу малака ва ҳифизаи иштирокдорон баҳои воқеӣ доданд. Ҳамин тавр ба даври сеюми озмун ду нафар устодон -     Дадоҷонов Хушдил Бахтиёрҷонович, ассистенти кафедраи сохтмони факултети сохтмон ва нақлиёт, Ашӯров Сайёд Абдуқаюмович, омӯзгори калони кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёти факултети сохтмон ва нақлиёт рохҳат гирифтанд. Дар байни донишҷӯён холҳои бештарро Аминзода Абдусаттор Рӯзибоевич,       курси 3, ихтисоси 70.02.01 та-сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ, Шокиров Пайравҷон Мақсудҷонович курси 1, ихтисоси 700101 та-саноати маҳсулоти сохтмонӣ ва таркибӣ, Бобозода Билоли Ҷӯрабой, курси     2, ихтисоси 400101 та- таъмини барномавии  технологияи иттилоотӣ, Шокиров Комилҷон Ғуломҷонович курси 1, ихтисоси 700101 та- саноати маҳсулоти сохтмонӣ ва таркибӣ, Ашрапов Умарҷон Давронҷонович, курси 1, ихтисоси 250107ра, иқтисодиёти идора дар корхонаҳо       ба даст оварданд.

 

Таассуб ва дилдодагии бархе марудмон ба оину мазҳабҳо ва фарҳанги миллатҳои дигар имрӯз як ҳолати нигаронкунандаро ба миён овардааст. Бале, ҳарчанд марудмони тоҷик хуб дарк мекуннанд, ки оини ниёгон ва давлати м о чи гуна анъанаҳое дошт, аммо сарфи назар аз он тақлид мекуннад ба фарҳанги бегона. Хуб талош намудем, ҳам аз тарафи давлату Ҳукумати кишвар ва аз ҷониби фаъолони ҷомеа барои барҳам додоани ин зуҳуроти бегона, ба ҳар ҳол таъсир расонидем ва бо ҷорӣ намудани бархе нақша чорабиниҳо миёни омма кам бошад ҳам барои бартарф намудан маваффақ шудем.

Мо бояд донем, ки фарҳанги миллати тоҷик хеле фароху доманадор буда, аз ҳама ҷиҳат манфиатҳои миллати тоҷикро фарогир аст. Агар мо фарҳанги худро ҳифз накунем он торафт завол меёбад. Охир доштани фарҳанги миллӣ низ як нишони давлатдорию оини меросбарии ҳар яки мо шаҳрвандони ватандӯст аст.

Мардумони шарафманду соҳибиқболи тоҷӣк дарк кардааст, ки имрӯзҳо бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги тамаддуниофари тоҷикро дар тамоми олам эътироф кардаанд ва ҳамаи ин пешрафту рушди мамлакатамон боиси болидахотириву руҳбаланди и тамоми кишварамон гардидааст.

Дар воқеъ ба хотири оромишу осоиштагии аҳолии кишвар тамоми мақомотҳои дахлдор ва пеш аз ҳам давлату Ҳукумати кишварамон кӯшиш менамояд. Зеро ягона роҳи рушди ҳар як давлату миллат, қавмҳо маҳз аз сулҳу суботи ҳамон кишварҳо маншаъ гирифта, боиси пайваста ба даствовардҳо ноил гаштанаш мегардад.

Ҳоло Тоҷикистони тозаистиқлолро мехоҳанд нафароне ба ҳамаи мо муайян ба талотуми шадиди ҷангу ҷидол бикашанд. Ин хоинону носипосон наҳзатиҳое мебошанд, ки ба хотири манфиати хеш аз баҳри давлату миллат баромада, фармонбардори хоҷагони хориҷи гаштаанд. Мубталои амалҳои террористию экстремистӣ шуда, миллати моро несту нобуд кардан меҳоҳанд. Аммо бо ин ақӣдаҳрои пучу бемаънояшон танҳо ман манихо мекуннаду бас. Зеро ин давлату миллати обод бесоҳиб нест, ки ҳар нохалафе ояду кирдорҳои нопоки худро сари марудми сулҳпарвар бирезад.

Ба ҳамаи он нотавонбинони наҳзати иброз менамоям, ки ба авомфиребию ҷудоиандозӣ миёни мардум хотима диҳед. зиндагонии худатонро ба расвоию парешонӣ кашидед, пас монед мардумонро ба ҳоли худ, ки ҳаёти осуда дошта бошанд. Агар ҳамаи шумо низ ақлу инсофи инсониатонро ба кор мебурдед, ҳоло дарбадару парешон муттакои сардоронатон намегаштед. Бовар кунед, ҳарчанд худситоиву манманиҳо тавассути расонаҳо мекунед, касе ба он бовар наҳоҳд кард, зеро аз Ватан дида макони муқаддастару оромтаре нест.

Муҳайё Тошхӯҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ  даст кашидан  аз хурофотпарастиву   зоҳирпарастиро ба ҷомеа ташвиқ менамоянд, ки  саривақтист. Зеро то имрӯз  дар тамоми хоки мусалмоннишин хурофоту бесаводӣ ва ҷаҳолат танҳо ва танҳо хатар эҷод кардааст.  Мисоли равшани он таъсиси гурӯҳи террористии ДИИШ, ки дар Сурияву  Ироқ  тавонист миллионҳо инсонҳоро несту нобуд кунад, аз қабили мадрасаву мактабҳоро бо ҷамъи муҳассилин.  Чаро чунин девонагии ин террористон ва ин гурӯҳҳои хунхор дар Амрико ё дилхоҳ кишварҳои абарқудрат рух намедиҳад?  Чаро хоки кишварҳои мусулмонӣ интихоб гардидааст. Аслан ин барномарезиҳои абарқудратҳост. Лек дар мавриди дигар метавон сокинони ҳамон кишварро гунаҳкор кард, зеро хурофот онҷо таҳкурсии амиқ дорад ва баъзе  мардум то ҳол ба ин  масъалаҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Ҳофизи бузургвор  дар ғазалаш  чунин баён кард, ки ки паси парда ки донад, ки  хуб аст, ки зишт.   Ё ҷое дигар фармудааст, ки ҳама кас толиби ёранд чи ҳушёр чи маст. Аз пайғамбар Муҳаммад (с) пурсиданд,  ки дин чист? Гуфтанд: - Ахлоқи ҳамида. На ташкили ҷангу хунрезй,  одамрабоӣ,  кофир хондан ва дигар амалҳо, ки ин гурӯҳҳои ифротӣ ташкил намудаанд. Яъне , бо ҷамъ намудани ҷумла бесаводу ҷоҳил ва ифротӣ ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои терористӣ рушд карданд ва замини арабӣ барояшон чун лона истифода мешавад.

Одилхӯҷа Солиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Соли 2013 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат иброз доштанд, ки мо нисбат ба тақдири диндорӣ, озодии имону эътиқод ва инчунин масъалаи ташаккул ва рушди ҳуввияти динии мардум бетараф буда наметавонем. Алалхусус дар шароите, ки дар баъзе кишварҳои исломӣ раванди сиёсисозии ислом ва алангаи низоъҳои таърихиву мазҳабӣ авҷ гирифта, хатари тавсеаи он ба тамоми олами ислом таҳдид дорад, мо бояд тозагии мазҳаби худро нигоҳ дорем ва зиракии сиёсиамонро тақвият бахшем.

Имрӯз истиқлолият ба љомеаи рў ба рушди тољикон имконияти густурдае дар роҳи бузургдошт ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ фароҳам овард. Бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли гиромдошти Имоми Аъзам (2009) аз он шабоҳат медиҳад, ки арљ ниҳодан  ба арзишҳои ахлоқии динӣ, эҳтиром гузоштан ба шахсиятиҳои таърихӣ дар болоравии ѓояҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги миллӣ пояҳои устуворро хоҳад гузошт.

Дар ин самт дар асарҳои худ Пешвои муаззами миллат  ба ин масъала чароѓи раҳнамо ҳастанд, ки аҳли илм, уламои дин ва тамоми мардуми кишварро ба амиқрафти ҳофизаи таърихӣ ва бозшиносии арзишҳои фарҳанги исломӣ дар партави маърифат ва мероси фиқҳии Имом Абўҳанифа ҳидоят мекунад. 

Эҳтиром намудани арзишҳои милливу динӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати Тоҷикистон аст. Дар баробари ин мо бояд стратегияи муносибати давлат ва динро дар мизони манфиатҳои мардуми кишвар, ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии онҳо ва муҳимтар аз ҳама, ба хотири амнияту соҳибихтиёрии миллӣ дар доираи Конститутсия пайгирона такмил диҳем. Мутаасифона, ҳикмат ва моҳияти ин ҳақиқатро на ҳама дуруст дарк мекунанд. Баъзе ашхос ва гурӯҳҳои муайян аз ҳуқуқ озодиҳои демократӣ сӯиистифода намуда, мехоҳанд ғаразҳои сиёсии худро аз мавқеи дин асоснок созанд.

Онҳо ҳамчунин бо даъвоҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои мусулмонон, ҳифзи асолат ва ҳуввияти динӣ байни шаҳрвандони кишвар тухми тафриқаву низоъ кошта, ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, суботи ҷомеа ва амнияти давлатро халалдор месозанд ва ҳатто мехоҳанд маҷрои инкишофи ҷомеаро тағйир диҳанд. Афсӯс, ки имрӯз дар замони муосир ҷомеаи башарӣ бо бисёр таҳдидҳои хатари нав рӯ ба рӯ мегарданд, ки яке аз онҳо экстремизм ва терроризм мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтаыавӣ  ҷиҳати муыовимат бо терроризм ва ифратгароӣ ҳанӯз 16-уми ноябри соли 1999 ва 8 декабри соли 2003 Ыонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)”-ро ыабул намуд, ки онҳо асосҳои ҳуыуыӣ ва ташкилии мубориза бар зидди ин зуҳуроти  номатлубро муайян мекунанд.

Дар яке аз баромадҳои хеш сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтаыаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Дар пешгуфтори муаллифони китоби терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ омадааст: дар ощози ыарни 21 инсоният бо амалҳои номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ гардидааст, ки ин падида терроризми байналмилалӣ мебошад. Дар ҷомеа баъзе шахсиятҳо терроризмро амале унвон мекунанд, ки гӯё дар ҳамаи давраҳои таърихӣ инсониятро ҳамроҳӣ намудааст, аммо ин аыидаҳо асосӣ воыеӣ надоранд. Решаҳои терроризм хелле чуыур мебошанд. Манбаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Имрӯз касе даыиы гуфта наметавонад, ки аввалин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва бо кадом маысад содир шудааст. Аз давраҳои ыадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие мавҷуд буданд, ки бо роҳи тарсонидан маысадҳои худро бар дигарон вогузор менамуданд.

Аз ин гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳеҷ кас аз дасти хатари терроризм, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи олам худро осуда ҳис карда наметавонад.

Террор шакли ноодилона ваҳшиёна ва муташаккилонаи муносибати инсон аст. Тафовути ҷангро аз террор дар асоси хусусиятҳои зер метавон нишон дод.

Терроризм дар сурат ва сирати гуногун ба амал меояд: таҳдидҳои бевосита дар ваыти муборизаи сиёсӣ; зӯроварӣ нисбат ба шахсони гуногун бо маысадҳои муайян; рабудани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ё куштани онҳо; талаби пул ва воситаҳои дигари моддиву молиявӣ ва коммуникатсионӣ; озод намудани маҳбусони сиёсӣ; муваффаы гаштан ба вазъияти умумии террор; душманӣ ангехтан байни ду давлат; паст намудани эътибори ҳокимият.

Эмомалӣ Раҳмон мӯътақид бар онанд, ки ҳимояи ислом аз ин зуҳуроти номатлуб танҳо кори мақомоти давлатӣ нест, балки вазифаи асосии иттиҳодияҳои динӣ, Маркази исломии Тоҷикистон, Шӯрои уламо ва ҳар як донишмандони улуми исломӣ низ мебошанд. Зеро касе ҳаққи суиистифода аз эътиқод ва эътимоди динии мо ва махлутгардонии онро дар муборизаҳои шахсиву сиёсӣ надорад.

Ифротгароӣ ва таассуб дар ҳар шакл ба ҳар миллату давлат ва дину эътиқоди мардум хатари зиёд дорад. Ҳоло чунин расм шудааст, ки зуҳури таасубу ифротгароӣ ва терроризмро бештар ба бекорӣ ва бенавоиву камбизоатӣ нисбат медиҳанд.

Насим Тошхоҷаев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар як падидаи бисёр нодир буда, ба мардуми шарифу сарбаланди Ватани маҳбуби мо пайки тоза аз саодатҳои нав ба нав мерасонад. Он ҳамчун роҳнамои асосӣ ва комили роҳи фардои ободу зебо шунавандагонашро ба иқдомҳою ибтикороти наву созанда ҳидоят менамояд.

 Паёми Пешвои миллат муттаасиртарин василаи таҳкими худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Он ҳадафҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатии кишварро барномарезӣ ва равишу роҳҳои татбиқашро дақиқ менамояд. Ба ибораи дигар, мардуми тоҷик тавассути Паёмҳои фардоафрӯзи Пешвои муаззами худ моҳият ва асолати зиндагии шоиста ва марому мақсадҳои худро дақиқан муайян намуда, аз файзу баракоту иршоди он ба сӯи музаффариятҳои нав гомҳои устувор мегузоранд.

Паёми имсолаи Пешвои миллат низ дар пояи таҳлилҳои амиқи илмии иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву ғоявӣ асос ёфта, фарогири ҷанбаҳои муҳими илмӣ, назариявӣ, амалӣ ва ояндабинӣ буд. Дар Паёми имсола чун ҳамешагӣ Пешвои миллат бо хоксории бузургворона аввал аз заҳматҳои мардуми кишвар дар раванди созандагиву  ободкорӣ ёдовар шуданд, ки ин боз як бори дигар нисбати халқу миллат садоқату самимият ва муҳаббати беандоза доштанашонро собит менамояд.

Сарвари давлат дар Паёми имсола баробари ёдовар шудан аз мушкилотҳои сиёсиву иқтисодии баамаломадаи ҷаҳон дар солҳои охир, аз муваффақиятҳои ноилшудаи кишвар дар соли сипаришуда ва умуман дар давраи пасошӯравӣ ёдовар шуданд, ки рақамҳои гуфташуда худ дар роҳи дуруст қарор доштан ва ҷонибдори сиёсати муваффақона будани мардуми шарифи Тоҷикистонро бозгӯӣ мекунад.

Бо маром идома ёфтани рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ба маротибҳо зиёд шудани даромади пулии аҳолӣ, сол аз сол боло рафтани музди миёнаи меҳнат ва андозаи нафақаи ниҳоӣ ва паст рафтани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар, ба маротиб зиёд гардидани ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, бо суръати баланд идома ёфтани сохтмони инфрасохтори иҷтимоӣ, ки собиқааш ҳатто дар даврони Шӯравӣ набуд ва даҳҳо нишондиҳандаҳои дигар, ки дар Паёми имсола дақиқан зикр ёфтанд, эътимоду пайравии мардумро аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати кишвар  боз ҳам мустаҳкамтар намуда, эҳсоси шукргузории ҷомеаи имрўзи Тоҷикистонро афзун гардонид.

Пайғоми дастгирӣ ёфтани панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим ва муборакбодии мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат ба ин муносибат, яке аз нуктаҳои ҳассоси Паёми навбатӣ буд, ки мояи ифтихору сарфарозӣ ва воситаи муассири таҳкими эҳсоси ватндӯстии халқи меҳнатписанди ватанамон мебошад. Барои он ки ин муждаи Пешвои муаззами миллат сарбаландии ҳар фарди тоҷикро дар арсаи ҷаҳони мутамаддин бозгў мекунад.

Ҳамчунин, дар Паём пешрафту дастовардҳо ва роҳҳои расидан ба муваффақиятҳои нав дар ҷодаи рушди иқтисодиёт, саноат, фаъолияти бонкӣ, фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, илму маориф, тандурустӣ, иқтидори мудофиавӣ, амнияту осоиштагӣ ва сиёсати хориҷии кишвар ба таври мушаххас гуфта шуданд, ки дар роҳи расидан ба музаффариятҳои нав барномаи фаъолият ва амалкарди мардуми тоҷик на танҳо барои як сол, балки баҳри даҳсолаҳову садсолаҳо ба шумор мераванд ва воқеан ҳам мардуми мо аз ҷумлаи саодатёртарин халқҳои олам мебошад, ки тавассути чунин Паёмҳои созанда ва номаи фардои дурахшони миллат барои расидан ба мақсадҳои наҷиб ва зиндагонии шоиста кору фаъолият мебаранд.

Аз мо-сокинони сарбаланди меҳан, хосатан занону ҷавонон танҳо ҳамин тақозо мешавад, ки дар тарғиб ва татбиқи ҳамаҷонибаи ин таҳлилу ҳидоятҳои нодир камари ҳиммат баста, бо саъю талоши содиқонаву софдилона, эҳсоси баланди масъулият дар назди халқу Ватан дар анҷоми корҳои созандагиву ободкорӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ ҳамеша пешсаф бошем.

Тавре Пешвои Муаззами миллат қайд намуданд: “Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.

Бо боварии комил изҳор медорам, ки аъзоёни ҲХДТ чун тарғибгарони асосӣ ва татбиқкунандагони пешсафи Паёмҳои Роҳбари муаззами худ, ин навбат низ корҳои зиёди шоистаро дар ин ҷода анҷом хоҳанд дод.

Одилхӯҷа  Солиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

                                                

 

 

Тоҷикистон, ки имрӯз ватани аҷдодии тамоми тоҷикони ҷаҳон маҳсуб мешавад, тавассути сиёсати оқилонаи Ҳукумати қонунӣ, хосса кӯшишҳои пайгиронаи Президенти мамлакат Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ соҳиби обрӯю эътибор гардида, дар байни давлатҳои мустақили бонуфуз қарор мегирад.

Дар халқи тоҷикон одобу маданият дар сатҳи баланд меистад, зеро пиронсолон ҷавонони имрӯзаро тарбия намуда,  мегӯянд, ки : “- Эй ҷавонон сулҳу осудагӣ, ин дар дараҷаи якум аст, зеро хотири мо ҷамъ аст, дуюм ин иззату эҳтироми калонсолон аст, сеюм ин ҳаққи ҳамсоядорӣ аст, чун ки дар мо як мақолае ҳаст – Хони хуб махар, аммо ҳамсояи хуб бихар.” Ба он маъное, ки ҳамсояи хуб тинҷу осудагӣ ва хотир ҷамъии  хонаводаи шумо аст.

Имрӯз давлатамон аз рӯи иқтисодиёти ҷаҳонӣ инкишоф ёфта, аз тарафи илму маърифат дар дараҷаи баланд ва ҳамчун давлати мустақил фаъолият дошта, тинҷу осудаи беназирро дошт, аммо айни замон  бисёр ҷои ватани азизамон аз дасти инсонҳое, ки ақлу фаросати кофӣ надоранд, фарсуда шуд.

 

Фалак гирёну ашку тир борон,

Аҷал хандону мардум синабирён.

Ба кӯяш пир саргардону пурдард,

Ҷавон берӯзию холист огард.

Зи нангу ор мирад додари зор,

Бародар даф занад бо мушти хуншор.

 

Мо бояд ватани азизамонро аз дасти душманон ҳимоя карда, барои сулҳу суботи имрӯза мубориза барем. Ҷавонони имрӯзаро барои сулҳу ободии ватанамон дуруст тарбия намоем.

 

Каюмова М.Г., Устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд