Декани факултет

Солиев Одилхӯҷа Маҳмудхӯҷаевич

номзади илмҳои физика ва математика

email: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

телефон: +992928373035

Ҷонишини декан оид ба таълим

Бойматова Дилрабо Комилҷоновна

email: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

телефон: +992927121387

 

Ҷонишини декан оид ба тарбия

Аминҷонова Муҳиба Муҳаммаднасимовна

email: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

телефон: +992927971234

Факултети информатика ва энергетикаи (ФИЭ) Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, маркази таълимии асосӣ барои тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои тадқиқотии фундаменталӣ дар лингвистикаи компютерӣ, энергетика, информатика ва барномарезӣ мебошад.

 Факултет соли 2015 таъсис дода шудааст. Ба ҳайати факултети Информатика ва энергетика 4 кафедра дохил мешаванд: «Барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ», «Таъмини барқ ва автоматика», «Иқтисодиёти соҳа» ва «Физика ва химия».

Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин бакалавр ва магистрон тайёр карда мешаванд:

  • 40.01.01 «Таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ»,
  • 40.01.02 « Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт»,
  • 43.01.03 «Таъмини барқ»,
  • 53.01.05 «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ»,
  • 26.01.03 «Идораи захираҳои иттилоотӣ»,
  • 45.01.01 «Технологияҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо»,

Ба донишҷӯёни ихтисосҳои 40.01.01, 40.01.02, 26.01.03 ва 45.01.01 маҷмӯи курсҳои васеъ, ки бо техникаҳои ҳисоббарор ва барномарезӣ вобастаанд омӯзонида мешаванд.

Бо мақсади баланд бардоштани дониши мутахассисони оянда, дар факултет синфхонаҳои махсуси компютерӣ ташкил карда шудаанд, ки машғулиятҳо дар онҳо гузаронида мешаванд. Илова бар фанҳои тахуссусии ин соҳа (донишҷӯён то панҷ забони барномарезиро азхуд мекунанд), диққати махсус ба фанҳои риёзӣ дода мешавад. Бо назардошти талаботи меҳнат ба донишҷӯён  технологияҳои мобилӣ, барномарезӣ ба таҷҳизот, моделиронӣ ва ташкили ҳимояи маълумот омӯзонида мешавад.

Ба донишҷӯёни ихтисосҳои 43.01.03 ва 53.01.05 маҷмӯи курсҳои васеъ, ки бо электротехника, таҷҳизотҳои барқӣ, таъмини барқ ва ҳаракатдиҳандаҳои барқи вобастаанд хонда мешавад.

Барои гузаронидани корҳои амалӣ ва лабораторӣ аз стендҳои муосири тахассусӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Барои татбиқи назария дар амалия донишҷӯён таҷрибаомӯзии истеҳсолиашонро дар ташкилотҳои «Ҷавонӣ» ва Барқи Тоҷик гузаронида, раванди истифодаи таҷҳизотҳои барқии насбшудаи шиддаташон то 1000 В ва болоро меомӯзанд.

Диққати асосӣ ба математика, физика, назария ва электротехника дода мешавад. Махсусан диққат ба баландбардории малакаи хондан ва васли схемаҳои барқи, ҳимоя ва автоматигардонии таҷҳизотҳои барқи дода мешавад.

Донишҷӯёни факултет фанҳои забони руси, англисӣ ва сикли фанҳои гуманитариро меомӯзанд.

Хатмкунанда-бакалавр метавонад давоми хонишро дар магистратура идома диҳад. Муҳлати хониш дар магистратура 2 сол аст. Қабул ба магистратура дар асоси озмун ба роҳ монда шудааст.

Дар факултет таълим бо илм алоқаи зич дорад. Донишҷӯён ҳатман барои тадқиқотҳои илмии кафедраҳо ё лабораторияҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.

Факултет ба техникаҳои ҳисоббарор хуб таъмин карда шудааст. Ҳамаи синфхонаҳо ба шабакаи локалии оптикӣ ва бо воситаи он ба Интернет пайваст мебошанд.

Факултет бо корхонаҳои азими соҳаи IT ба монанди Google, Microsoft, Cisco, Samsung, Лабораторияи Касперски ва ташкилотҳои барқи ба монанди Барқи Тоқик ва НБО-и Қайроқум ҳамкорӣ дорад.

Хатмкардагони факултет муаммои бо кор таъмин шуданро надоранд. Онҳо дар ҳамаи соҳаҳо, ки техникаҳои ҳисоббарор (асосан мутахассисони IT) ва таҷҳизоти барқии баландшиддат (энергетикҳо) кор карда  метавонанд.

Тайёрии назариявии амиқ якҷоя бо корҳои амалӣ ва илмӣ-тадқиқоти бо роҳбарии омӯзгорон ва кормандони илмӣ хатмкардагони факултетро дар бозори меҳнат рақобатпазир мегардонад.

Дар факултет зиёда аз 1100 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Аксари корҳои илмии иҷрокардаи кафедраи Барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ дар соҳаи лингвистикаи компютерӣ дар шабакаи интернетӣ -  www.tajlingvo.tj нашр карда шудаанд.