Кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ бо фармони директори донишкада  таҳти рақами №059 –ХУ аз санаи 03.01.2015 ташкил карда шудааст. Мувофиқи ин фармон  дар асоси базаи моддию-техникӣ ва кадрии кафедраҳои “иқтисодиёт ва идора”, “молия ва қарз” ва кафедраи умумитахассусии иқтисодиёти соҳавӣ  таъсис дода шуд.

Мақсади асосии кафедра ин ташаккул додани дониш, маҳорат ва малакаи донишҷӯёни ихтисосҳои муҳандисӣ аз фанҳои иқтисодӣ  мебошад.

Вазифаҳои кафедра:

- гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ дар сатҳи баланди методӣ ва илмию назариявӣ;

- иҷро намудани корҳои илмию тадқиқотӣ дар мавзуъи “Коркарди механизмҳои рушди устувори иқтисодиёти минтақа (дар мисоли вилояти Суғд)”, навиштани монография ва мақолаҳои илмӣ ва чопи онҳо;

- тайёр кардани кадрҳои педагогӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи омӯзгорон;

- тайёр кардани маводҳои таълимию методӣ, силлабусҳо, маводҳои имтиҳонӣ аз  фанҳои кафедра;

- баланд бардоштани таъминоти моддию техникии кафедра, самаранокии истифодабарии воситаҳои техникӣ дар раванди таълим  ва ғ.

Дар кафедра 10 омӯзгорон фаъолият мебаранд, аз онҳо 3 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 4 нафар омӯзгорони калон, 3 нафар ассистентон мебошанд. Дар кафедра устодони ботаҷриба н.и.и. дотсент Ахмедов У.Х., н.и.и., дотсент Хомидов И.М., н.и.и., дотсент Ахмедова М.М. фаъолият мебаранд. Устодон аз фанҳои зерин машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва лабораториро дар сатҳи баланди илмию методӣ мегузаронанд: эконометрика, назарияи иқтисодӣ, иктисодиёт ташкил ва ба нақшагири дар сохтмон, асосҳои бизнес, макроиқтисодиёт, асосҳои бизнес дар соҳаи технологияҳои иттилооти, иқтисодиёти ҳалли меъмори ва сохтмон ва ғайра.

Устодон доимо барои такмили дониш ва баланд бардоштани савияи малакаи худ ҳаракат мекунанд. Дотсентони кафедра Ахмедов У.Х., Хомидов И.М., Ахмедова М.М. зиёда аз 15 курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро гузаштаанд. Дотсент Ахмедов У.Х. дар барномаи байналхалқии сертификатсионӣ иштирок намуда соҳиби унвони САР (муҳосиб амалиячии байналхалқӣ) гаштааст. Ӯ дар соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии Литва дар доираи барномаи Эразмус Мундус таҷрибамӯзии илмӣ гузаштааст. Устодон Ахмедова М.М., Саидшоева С. Ва Қосимова М.Ҳ., Ҳомидов И.М. дар курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос, ки аз тарафи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони мактабҳои олӣ ташкил карда шудааст, иштирок намуда, дониши худро сайқал додаанд.

Дар кафедра барои тайёр кардани кадрҳои  илмию педагогӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Ҳоло дар кафедра 2 нафар докторантон, 4 нафар аспирантон таҳти роҳбарии д.и.и., профессорон Авезов А.Ҳ., Авезова М.М., Урунов А.А.  фаъолият мебаранд.

Дар давоми 2 соли охир аз тарафи устодони кафедра зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои илмии ватанӣ ва хориҷа ба чоп расонида шудааст, аз чумла 6 мақолаҳо дар нашрияҳое, ки аз тарафи КОАии Россия эътироф шудаанд. 

Аз тарафи устодони кафедра аз ҳамаи фанҳои мавҷудбуда силлабусҳо, курси лексияҳо, маҷмӯаи супоришҳо барои иҷроиши корҳои мустақилона,  маҷмӯаи тесту масъалаҳо, презентатсияҳо тартиб дода шудааст.

 

Рӯйхати устодони кафедра:

 

Ахмедов Усмонҷон Хомидҷонович  – номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедра;
Ахмедова Малика Муҳаммаднасимовна – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Ҳомидов Иномҷон  Муххидинович – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент;
Ишонова Сарвар Сафиюллоевна – омӯзгори калон;
Аминҷонова Муҳиба Муҳаммаднасимовна – омӯзгори калон;
Қосимова Малика Ҳомидхуҷаевна            – омӯзгори калон;
Саидхӯҷаева Дилафруз Муталибовна         – ассистент;
Саидшоева Солеҳа Сафиюллоевна    – ассистент;
Бойматова Дилрабо Комилҷоновна  – муаллим – коромуз;
Саидова Нилуфар Умарҷоновна – муаллим – коромуз;
Кодирова Раъно Юсуфҷоновна – котиб – хуҷҷатгузор.