МАЪЛУМОТИ УМУМӢ


Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ
  1 сентябри соли 2016 бо қарори  Шӯрои Олимони Донишкада, низомнома оид ба фаъолияти кафедраҳо ва инчунин низомномаи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар назди факултети муҳандисӣ иқтисодӣ ташкил карда шуд. 

Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2006 № 8/4 тасдиқ шудааст ва Оинномаи муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ» дар шаҳри Хуҷанд такя намуда, тартиб дода шудааст.

Вазифаи асосии кафедра ин тайёр намудани мутахассисони байналмиллалӣ дар соҳаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад. Дар марҳилаҳои гуногун дар кафедра як қатор корҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ – таълимӣ ба чоп расидааст. Китобҳои дарсӣ – таълимӣ ҳамчун сарчашмаҳои муҳими азхуд кардани фанҳо барои донишҷӯён, магистрон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ равона шудааст. Китобҳои дарсӣ – таълимии кафедраи мазкур, ки аз чоп баромадааст, солҳои охир ин  «Фаъолияти байналхалқии корхона» ва «Коғазҳои қимматнок ва кори биржавӣ» мебошанд. Омӯзгорони кафедра инчунин якчанд воситаҳои таълимӣ ва монографияҳо дар самти иқтисодиёти ҷаҳонӣ омода намуданд.

Самтҳои асосии омӯзиши кафедра ин «Иқтисодиёти ҷаҳон», «Иқтисодиёти миллӣ  (Иқтисодиёти Тоҷикистон», фанҳои гуногуни иқтисодӣ, инчунин курсҳои сершумори иқтисодӣ, ҷорӣ намудани фаъолияти бизнеси байналмилалӣ ва кори биржавӣ мебошанд.

Кормандони кафедра корҳои илмӣ-татқиқотиро иҷро карда истода, алоқаҳояшонро бо ҳамшарикон аз хориҷи кишвар мустаҳкам менамоянд. Онҳо мунтазам ба хориҷи кишвар барои гирифтани таҷрибаҳои корӣ сафар мекунанд. Мунтазам мизҳои мудавварро бо дигар муассисаҳои таълимӣ ва тадқиқотӣ мегузаронанд.

Дар асоси муқаррарот дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз 18 октябри  соли ҷорӣ клуби иқтисодчиёни ҷавон “World Young Economists Club” таъсис дода шудааст. Ба он донишҷӯёни болаёқат аз бахшҳои якум то чорум аъзо мебошанд. World young economists club - ҷамъияти илмии донишҷӯён мебошад, ки мақсади таъсис додани он ин иштирок варзидан дар муҳокимаи саволҳои баҳсноки  иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ки бо рушди иқтисодиёти Тоҷикистон алоқаманданд ва инчунин  муҳокимаи баҳсҳои ҷаҳони глобалӣ мебошад.

Мо дар назди худ ҳадафҳои асосӣ гузоштаем:

  • омӯзонидани бакалаврҳои баландихтисос ва магистрон, ки метавонанд ба фаъолияти касбии иқтисодӣ дар сатҳи байналмилалӣ муваффақ гарданд;
  • гузаронидани тадқиқоти илмии асоснок ва амалишаванда, татбиқи лоиҳаҳои тадқиқотӣ (таҳия), фаъолиятҳои машваратӣ, ки аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, ҷомеаҳои тиҷоратӣ дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ, молия ва бизнеси байналхалқӣ амалӣ мегарданд;
  • имконияти густариши эҷодӣ ва омӯзишии омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра дар асоси фаъолияти фаъолонаи ҷамъият, робитаҳои байни фарҳангҳо, байнидавлатӣ ва байнимиллатӣ;
  • гузаронидани натиҷаҳои пешрафтаи тадқиқоти илмии асоснок ва амалии сатҳи ҷаҳонӣ дар раванди таълими ҳаррӯза.

 Мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ Бакаев Мирзохамид Хабибович ба ҳисоб меравад. Дар кафедра 5 нафар устодон ва 1 нафар - котиб ҳуҷҷатгузор фаъолият мебаранд, аз он ҷумла профессори кафедра д.и.и., Авезова М.М., омӯзгори калон н.и.и Раупов К.С., ассистентон Оқилҷонова Ш.Ю. ва Файзиева П.У.

 

Дар  кафедра  фанҳои зерин омӯзонида мешавад:

  • Менеҷменти
  • Муносибатҳои байналхалқии асъорӣ- қарзӣ
  • Иқтисодиёти ҷаҳонӣ
  • Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ
  • Омор
  • Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ
  • Таҷрибаомӯзии таълимӣ
  • Фаъолияти байналхалқии корхона
  • Фаъолияти байналхалқии корхона-2
  • Логистикаи байналхалқӣ
  • Қоғазҳои қимматнок ва кори биржавӣ
  • Технологияи информатсионӣ
  • Маркетинги байналхалқӣ
  • Бизнеси байналхалқӣ
  • Менеҷмкнти байналхалқӣ
  • Асосҳои фаъолияти зеҳнӣ
  • Ташкили рақобатпазирии корхона
  • Бозори байналхалқии асъор