МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Шиори кафедра: Касбият – сифат – эътимодият – натиҷа

 

Кафедраи молия ва қарз дар базаи кафедраи молия ва аудити Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ) моҳи сентябри соли 2010 ташкил ёфтааст ва ба ҳайати факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ дохил мешавад.

Кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисоси 25.01.04 “Молия ва қарз” тахассуси “Менеҷменти молия” тайёр менамояд. Дар аксари корхонаҳои шаклҳои гуногуни моликият, бонкҳо, ташкилотҳои молиявии хурд, мақомотҳои молия ва андози вилояти Суғд хатмкунандагони кафедра кору фаъолият мебаранд ва вазифаҳои асосиро ишғол менамоянд, аз он ҷумла, директори молиявӣ, аудитори дохилӣ, сармуҳосиб, таҳлилгари молиявӣ, роҳбарони шӯъбаҳо ва сохторҳо.

Ҳоло аз рӯи барномаҳои “бакалавриат” ва “магистратура” таҳсил гузаронида мешавад. Ҳамаи фанҳои кафедра бо силлабусҳо (барномаҳои корӣ) ва маводҳои таълимӣ-методӣ таъмин мебошанд. Устодони кафедра дар кори худ шаклҳо ва технологияҳои нави таълимро истифода мебаранд. Инчунин устодони кафедра дар раванди ислоҳоти низоми идоракунии молияи давлатӣ ва низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот дар ҶТ фаъолона иштирок менамоянд.  

Мудири кафедраи молия ва қарз номзади илми иқтисод, дорандаи сертификати байналмилалии CIPA, аъзои ҳақиқии Институти Ҷамъиятии Бухгалтерон ва Аудиторони Касбии ҶТ, аудитори таҷрибадор Бобоев Мирзоҳаёт Усмонович мебошад. Ӯ муаллифи зиёда аз 50 номгӯи корҳои илмӣ ва таълимию методӣ ба ҳисоб меравад. Бобоев М.У. дар давоми фаъолияти худ коллективи устодони баландихтисосро ташкил намуд.

Дар кафедра устодон Юсупова Г.А., Ҳасанов Ф.А., Комилова М.А., Азимова М.А., Бобоева М.М., Исоев Д.Т., Мамадов Ф.Р., Ҳаитова Н.Н., Исломова М.М., Қаюмова С.А. кору фаъолият мебаранд.

Аз тарафи кафедра аз рӯи 15 фанҳои асосӣ ва зиёда аз 10 фанҳои интихобӣ дарсҳо гузаронида мешаванд.

Кафедраи молия ва қарз яке аз аввалин дар Тоҷикистон мебошад, ки ба нақшаи таълим (аз соли 2002) талаботҳои Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва стандартҳои байналмилалии аудитро ҷорӣ намудааст.

Устодони кафедра дар курсҳои касбӣ аз рӯи Барномаи CIPA (Муҳосиби касбии байналмилалии сертификатдор, Certified International Professional Accountant) аз соли 2001 фаъолона иштирок менамоянд. Аксарияти устодон дорои Сертификати СAP (Муҳосиб-амалидони сертификатдор) ва Бобоев М.У. дорои Сертификати CIPA мебошад. Аз байни ҳамаи дорандагони сертификати СAP дар Тоҷикистон якчанд нафар хатмкунандагони ихтисоси молия ва қарз мебошанд.

Коллективи кафедра аз рӯи масъалаҳои тайёр кардани кадрҳо бо сохторҳои молиявӣ-иқтисодии корхонаҳо ва ташкилотҳои гуногун фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Кафедра бо корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои молиявии хурд, ширкатҳои аудиторӣ алоқаи доимӣ дорад. Инчунин, бо Идораи методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи Вазорати молияи ҶТ, Институти илмӣ-тадқиқотии «Молия» Вазорати молияи ҶТ, Институти Ҷамъиятии Бухгалтерон ва Аудиторони Касбии ҶТ, кафедраҳои молия ва баҳисобгирии муҳосибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ДДТТ, ДДХ, ДДҲБСТ, кафедраи баҳисобгирӣ, таҳлил ва аудити Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, кафедраи баҳисобгирӣ, таҳлил ва аудити Донишгоҳи давлатии Санкт Петербург, кафедраҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва менеҷменти молияи Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал.

Устодони кафедра курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии илмиро дар давлатҳои Русия, Британияи Кабир, Венгрия, Чехия, Итолиё, Литва, Словения, Ҳолланд, Испания, Ҳиндустон, Туркия гузаштаанд. Дар Барномаи CIPA, Ерасмус Мундус иштирок менамоянд.

Дар кафедра тавассути докторантура ва аспирантура аз рӯи ихтисосҳои илмии 08.00.10 – «Молия, муомилоти пул, қарз» ва 08.00.12 – «Баҳисобгирии муҳосибӣ, омор» кадрҳои илмӣ тайёр карда мешавад. Аз рӯи ихтисосҳои номбаршуда кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба мактабҳои олии Тоҷикистон намерасанд. Ҳоло дар кафедра 5 нафар устодон ҳамчун аспирант ва унвонҷӯ кори илмӣ-тадқиқотии худро бомуваффақият бурда истодаанд.

Сатҳи баланди касбият ва таҷрибаи мавҷудаи кори амалӣ ба аксари устодони кафедра имконият медиҳад, ки дар баробари кори худ бо машварати молиявӣ ва аудит машғул шуда, дар соҳаи бонкдорӣ ва молия, дар корхонаю ташкилот мутахассиси пешбар шуда кору фаъолият баранд. Инчунин курсҳои касбиро дар низоми тайёр кардани молиячиён, муҳосибон ва аудиторон гузаронанд, ба мутахассисони сохторҳои андоз, молия ва бонкии вилояти Суғд маслиҳатҳо диҳанд.

Нақшаи мавзӯии корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра як мавзӯи васеи “Рушди низоми менеҷменти молия, баҳисобгирӣ, бонкҳо, андозбандӣ ва аудит дар шароити муосир”-ро дарбар мегирад, ки яке аз самтҳои афзалиятноки тадқиқотӣ ба ҳисоб меравад. Роҳбари илмии мавзӯъ мудири кафедра Бобоев М.У., иҷрокунандагон ҳамаи устодон ва аспирантони кафедра мебошанд.

Кафедра мунтазам конференсияҳои илмӣ-амалӣ ва мизҳои мудаввари гуногунро ташкил менамояд. Аз соли 2013 инҷониб мунтазам конференсияҳои байналмилалии илмӣ-амалӣ гузаронида мешавад. Инчунин устодони кафедра дар чорабиниҳои гуногуни илмӣ дар Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҳам берун аз он, фаъолона ширкат меварзанд.

Дар кафедра семинари илмӣ-методӣ барои аспирантон ва магистрантон – “Муаммоҳои актуалии менеҷменти молияи субъектҳои хоҷагидор”доимо амал мекунад. Инчунин дар кафедра маҳфили эҷодии аспирантон ва магистрантон бо номи "Менеҷменти молия дар шароити муосир" мунтазам фаъолият менамояд.

Кафедраи молия ва қарз донишҷӯёнро ба кори илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб менамояд. Донишҷӯён имконияти дар тадқиқотҳои илмии кафедра иштирок карданро доранд, инчунин метавонанд тадқиқотро дар магистратура ва аспирантура идома диҳанд.

Аз тарафи устодони кафедра зиёда аз 70 номгӯй мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои гуногун (аз он 14 мақола дар маҷаллаҳои КОА-и Россия), 15 номгӯй дастурҳои таълимию китобҳои дарсӣ ва 2 монографияи илмӣ чоп карда шудааст. Аз он ҷумла: Управленческие аспекты учета в легкой промышленности. монография (Бобоев М.У., 2014);  Баҳисобгирии молиявӣ. Китоби дарсӣ (Шобеков М., Бобоев М.У., 2014); Баҳисобгирии идоравӣ: масъалаҳои амалӣ ва ҳалли онҳо (Бобоев М.У., 2012); Финансовый менеджмент (Бобоев М.У., Юсупова Г.А., 2011); Принципы бухгалтерского учета. Курс лекций (Тухсанов Х.А., Бобоев М.У., 2002) ва ғ.

Ба дастовардҳои илмӣ ва амалии устодони кафедра дохил мешаванд: таҳияи тавсияҳои методӣ доир ба ташкили низоми баҳисобгирии идоравӣ дар корхонаҳои саноати сабук; таҳияи шаклҳои ҳисоботи идоравӣ барои корхонаҳои саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ; таҳияи методикаи гузариш ба нақшаи нави ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ; иштирок дар таҳияи лоиҳаи Нақшаи нави ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ; иштирок дар таҳияи тавсияҳои методӣ доир ба истифодабарии СБҲМ дар ҶТ; ҷорӣ намудани талаботҳои СБҲМ ба раванди таълими фанҳо; соҳиб гардидан ба сертификатҳои байналмилалии СAP ва CIPA; таҳияи дастурамалҳо ва роҳнамоҳои техникӣ доир ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилоти буҷетӣ; таҳияи дастурҳои методӣ ва амалӣ доир ба гузаронидани таҳлили молиявӣ, тартиб додани буҷет, пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, андозбандӣ.