Кафедраи   фанҳои умумитаълимии факултети муҳандисӣ-технологӣ фаъолият аз моҳи августи соли 2016 фаъолият  мебарад. Дар кафедра аз 7 фан машғулият гузаронида мешавад: забони англисӣ, забони русӣ, забони тоҷикӣ, фарҳангшиносӣ, математика барои муҳандисон,  технологияи информатсионӣ ва тарбияи ҷисмонӣ.

          Кафедра  гузаронидани корҳои таълимӣ, методӣ ва илмиро аз фанҳои умумитаълимӣ дар ҳама гуна шаклу дараҷа кафолат медиҳад.

         Ҳайати устодони кафедра дар шӯъбаи тайёрӣ, бакалавриат, магистратура ва аспирантура дарс мегузаронад.

         Вазифаи асосии кафедра азхуд кунонидани фанҳои гуманитарӣ, ҷамъиятшиносӣ, табиӣ ва риёзӣ, тарбияи ҷисмонӣ ба донишҷӯён мебошад.

        Фаъолияти кафедра ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тарбияи мавқеи ҳаёти фаъол, рушди захираҳои эҷодии таълимгирандагон равона карда шудааст. Кафедра гузаронидани таҷрибаомӯзии педагогӣ ва илмӣ-тадқиқотии магистрантон, азхудкунии таърих ва фалсафаи илмро аз ҷониби аспирантон таъмин менамояд.  Дар кафедра 8 нафар устодон ( аз он ҷумла як нафар ҳамкор) ва  як нафар котиб - коргузор   фаъолият мебаранд, ки инҳо Хусаинова Ф.Х. н.и.ф., дотсенти кафедра, – мудири кафедра, н.и.ф., омӯзгори калони кафедра Раҳматова М.М., омӯзгори калони кафедра     Тоҳирова М.Х. омӯзгори калони  кафедра Оқилова М.А. омӯзгори калони кафедра Раҳматуллоева М.М., омӯзгори калони кафедра Зокиров А.А., ассистенти кафедра Одилов З.Р., муаллим-ҳамкор Абдусаломова М.А.  ва котиб - коргузор Исломова З.А. Аз онҳо 2 нафар номзадҳои илм мебошанд ва он 25%-и устодонро  ташкил медиҳад. Кормандони кафедра семинарҳои илмӣ-амалиро дар масъалаҳои тахассусии кафедра ташкил карда мегузаронад, инчунин дар кори конференсияҳо ва симпозиумҳо, ки дар донишкада ва дигар мактабҳои олӣ, ташкилоту корхонаҳо мегузарад, фаъолона иштирок мекунанд.

 Ба кафедра 5 аудитория дар бинои факултети муҳандисӣ-технологӣ ҷудо гардидааст: 218-хонаи муаллимон, аудиторияи 107, 109, синфхонаи компютерии 201 ва аудиторияи лингафонии 223. Кафедра дорои 1 компютер, 1 принтер, 1 сканер, 2 видеопроектор, 1 тахтаи электронӣ буда, инчунин ҳар як омӯзгори кафедра соҳиби ноутбук мебошад.

Тамоми утоқҳои таълимӣ ва долон бо лавҳаҳои таълимиву мавзӯӣ ороиш ёфтаанд.

Вобаста ба ҳамаи фанҳои кафедра барномаҳои таълимӣ – силлабусҳо мавҷуд буда, маҷмӯи лексия ва маводҳои таълимӣ, аз ҷумла маҷмӯи масъалаҳо ва машқхо барои корҳои семестрӣ,  тестҳои имтиҳони ниҳоӣ ҳам ба намуди чопӣ ва ҳам электронӣ барои ҳама фанҳо мавҷуд буда, ба ихтиёри донишҷӯён вогузор гардидаанд.                                   

Дастовардҳои кафедра:

  1. Дастури таълимии   «Васоити таълимӣ-методӣ» аз фанни забони хориҷии касбӣ барои донишҷӯёни зинаи бакалавриати ихтисосҳои «Таъминоти барқ», «Технологияи консерва ва консенратҳои хӯрока технологияи хӯрока», «Тарҳрезии маснуоти дӯзандагӣ», ки аз тарафи дотсенти кафедра Хусаинова Ф.Х. таҳия шуд,  2. Дастури таълимии «Курси лексияҳо» аз фанни технологияи информатсионӣ, ки аз тарафи ассистенти кафедра Одилов З.Р. таҳия шуд.
  2. Дастури таълимии «Матни лексияҳо» аз фанни математика барои гурӯҳҳои тоҷикӣ ва дастури таълимии «Матни лексияҳо» аз фанни математика барои гурӯҳҳои русӣ, ки аз тарафи омӯзгори калони кафедра  Раҳматуллоева М.М. таҳия шуд.
  3. Дастурҳои таълимии «Дастури методӣ барои дарсҳои амалӣ аз фанни забони тоҷикӣ», «Дастури методӣ барои дарсҳои лексионӣ аз фанни забони тоҷикӣ» ва «Маҷмӯи корҳои мустақилона аз фанни забони тоҷикӣ», ки аз тарафи н.и.ф., омӯзгори калони кафедра Раҳматова М.М. таҳия шуд.

      Инчунин мақолаҳои илмии устодони кафедра дар маҷаллаҳои КОА-и Россия ва дигар маҷаллаю маводҳои конференсияҳо аз чоп баромадааст.

Ҳайати кафедраи фанҳои умумитаълимии ФМТ.

Хусаинова   Фируза Ҳаитбоевна, н.и.ф, соли 1996 Донишгоҳи Давлатии Хуҷандро хатм намуда фаъолияти омӯзгории худро  ҳамон сол дар ҳамин донишкада    сар кардааст. Аз соли 2004 фаъолияти худро дар Филиали Хуҷандии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон давом дод. Аз соли 2010 -2015 дар кафедраи забонҳои хориҷӣ, аз сентябри соли 2015 то соли 2016 ҳамчун мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва аз моҳи сентябри соли 2016 то ҳоло ҳамчун мудири кафедраи фанҳои умумитаълимии ФМТ Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон фаъолияти кории худро давом дода истодааст.   

 Раҳматова Муаттар Муқимовна, н.и.ф., соли 1994 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (рӯзона)  хатм карда аз соли 1994 то 2001 муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №26, ноҳияи Б.Ғафуров, аз соли 2002 то 2010 ассистенти кафедраи забонҳои Филиали Хуҷандии Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, аз соли 2010 то 2015 сармуаллимаи кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, аз соли 2011 то 2012 сардори шӯъбаи аспирантура, аз соли 2012 то 2015 мудири шӯъбаи магистратура  ва аспирантура ва аз соли 2015 мудири шӯъбаи   тайёркунии кадрҳои илмии ДПДТТ ба номи ак. М.Осимӣ.  

Тоҳирова М. Х. соли 1997 факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи  академик Б. Ғафуров аз рӯи ихтисоси филолог, омӯзгори фанни забони англисӣ-тоҷикӣ хатм кардааст. Аз соли 2002 то 2010 дар ФХДТТ ба вазифаи ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ, аз соли 2010  ассистент ва аз январи соли 2014 ҳамчун омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон,  аз моҳи сентябри соли 2016  омӯзгори калони   кафедраи фанҳои умумитаълимии ФМТ-и  ДПДТТ   мебошад.

Раҳматуллоева Марҳабо Маҳмудовна соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм намудааст. Аз соли 1996 дар мактаби миёнаи №16-и ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ба сифати муаллимаи математика оғоз намудааст. Аз соли 2004 то соли 2010 дар Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва аз соли 2016 то ба инҷониб ба сифати омӯзгори калони кафедраи умумитаълимии факултети мухандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар ш. Хуҷанд фаъолият мебарад.  

Оқилова Моҳира   соли 1994  факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуровро бомуваффақият хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро дар МТМУ , сипас аз соли 2005 то соли 2010 дар Филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент ва аз соли 2010  дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фаъолият бурда, то  омӯзгори калон  омада расидааст. Ҳоло дарсҳои худро дар  КФУ факултети муҳандисӣ дар утоқи лингафонӣ мегузарад.

Одилов Зуҳриддин Раҳимҷонович соли 2010   Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Филиали Хуҷандӣ хатм намудааст. Аз соли 2009   лаборанти кафедраи таъминоти барномавӣ ва техналогияи иттилоотӣ, аз моҳи сентябри соли 2012 ба кафедраи математикаи олӣ ва физикаи  ДПДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба вазифаи  муаллим - коромӯзи кафедра,  аз моҳи сентябри соли 2014 - 2016  дар кафедраи физика ва информатика  ба ҳайси ассистент, аз моҳи сентябри 2016  то инҷониб дар кафедраи КФУ ФМТ ба ҳайси ассистент кор ва фаъолият бурда истодааст.

Зокиров Абдулатиф Абдушукурович   хатмкардаи  ДДХ ва коллеҷи тарбияи ҷисмонии  ш.Бустон, аз 4 маи соли 2009 то 3 сентябри 2009 муҳосиб-оператори асосҳои техникаи компютерии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,  аз соли 2012 то 2015 коллеҷи тарбияи ҷисмони ш.Бӯстон, аз соли 2015 то 2017 мактаби варзиши бачагони наврасони №2-и ш.Хуҷанд мураббӣ оид ба намуди баскетбол,  аз соли 2012 то 2013   Литсейи №1-и ба номи академик М.Осимӣ омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ, аз соли 2011 то 2012 МТМУ №50-и ноҳияи Б.Ғафуров омӯзгори фанни информатика, аз соли 2012 МТМУ №20-и ш.Хуҷанд, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ, аз соли 2017 то ҳол омӯзгори калони фанни тарбияи ҷисмонӣ дар ДПДТТ ш.Хуҷанд.  

Исломова Зебинисо Ашурбоевна, хатмкунандаи ФХДТТ ба номи М.Осимӣ соли 1993 (шӯъбаи шабона), аз соли 1986 кабулкунандаи шӯъбаи таъминоти фабрикаи пойафзолдӯзии ш.Ленинобод, аз соли 1987 мудири сектори ба қайдгирии комитети комсомоли фабрикаи пойафзолдӯзӣ, 2008 котиб-коргузори кафедраи забонҳои хориҷии ФХДТТ, соли 2010 котиб-коргузори  кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ, аз сентябри соли 2016 котиб-коргузори  КФУ ФМТ-и ДПДТТ ба номи акад. М.Осимӣ.