Кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология соли 2016 ташкил шуда, ба ҳайати факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дохил карда шуд. Кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология яке аз ҷузъҳои асосии сохтори таълимӣ ва илмии донишкада буда, мутахассисони соҳаи зерини бакалавр, магистрант ва докторантаро омода мекунад:

  • 490101 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ
  • 490102 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонӣ
  • 740206 – Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ
  • 6D072700 – Технологияи маҳсулоти озуқа
  • 6D080600 – Техникаи аграрӣ ва технология 

Дар кафедра таълим оиди асосҳои технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, равандҳо ва тағйиротҳое, ки ҳангоми истеҳсоли онҳо мегузаранд, инчунин қоидаҳои нигаҳдорӣ, боркашонӣ ва интиқоли онҳо, усулҳои муосири назорати сифат, таъмини бехатарӣ, мувофиқат кардани маҳсулот ба талаботҳои байналмиллалии HACCP ва Global GAP, стандартҳои давлатӣ ва ғайра дода мешавад. Дар раванди таълим барои омӯзонидани сабақ ба донишҷӯён аз тарафи устодон усулҳои муосири донишандӯзӣ, технологияҳои нав ва пешқадам истифода карда мешаванд.

 

 Ҳайати профессорон ва устодони кафедра аз 1 доктори илмҳо, профессор,  6 номзадҳои илм, дотсент, 4 номзадҳои илм, омӯзгорони калон, 4 ассистентон иборат буда, онҳо иштироки фаъолона дар самтҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ ҳам дар дохили ҷумҳур ва ҳам берун аз он (Олмон, ШМА, Қирғизистон, Қазоқистон, давлатҳои назди Балтикӣ ва ғайра) доранд.

Аз тарафи устодони кафедра то ҳол 114 адад номгӯйи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методии фаннӣ, матни лексияҳо, супоришотҳо барои иҷроиши корҳои мустақилона нашр карда шудааст.

Устодон мунтазам такмили ихтисосҳоро аз рӯи барномаҳои давлатӣ ва байналмиллалӣ ба монанди Erasmus, GIZ, HECAFS  ва ғайраҳо мегузаранд.

Дар айни замон кафедра самаранок рушд ва инкишоф ёфта истодааст. Нақшаҳои корӣ ва ҳуҷҷатҳои методикии барномаҳои бакалавриат, магистратура ва рНd коркард ва тасдиқ карда шудаанд.

Ҳар сол дар кафедра семинарҳо илмӣ, мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо истеҳсолкунандагон гузаронида мешавад, ки дар онҳо на танҳо устодон ва кормандон натиҷаҳои корҳои илмии худро пешниҳод менамоянд, инчунин  донишҷӯен ва магистрантон низ.

 Барои ихтисосҳои 4901001, 490102 ва 720206 шаш озмоишгоҳҳои маҳсулоти хӯрока ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият мебаранд.

Озмоишгоҳҳои замонавӣ

Озмоишгоҳи сенсорӣ

- таҳлили сенсории (ҳиссиётии) - органолептикии ашёи хоми пайдоиши растанигӣ ва  ҳайвонӣ, маҳсулоти  нимтайёр ва тайёри хӯрока гузаронида мешавад

Озмоишгоҳи коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ

-гузаронидани корҳои истеҳсолии намудҳои гуногуни консерваҳои мевагӣ, буттамева, сабзавотӣ ва  коркарди ашёи хоми чорво.

 Озмоишгоҳи химия

  • муайян намудани хосиятҳои моддаҳои ғайриорганикӣ;
  • муайян кардани эквиваленти элементҳо бо усули хориҷ кардани гидроген;
  • муайян кардани эффекти гармии реаксияҳои химиявӣ

 Озмоишгоҳи технологияи маҳсулоти хӯрока

 Озмоишгоҳ барои истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти хӯрока таъин кардашуда, ки  он бо тафдонҳо, термостатҳо, дисстилятор, яхдон, ҷевони дамгирии  нон ва маҳсулоти нонӣ, тарозуҳои электронӣ, ҷевони хушккунанда, гӯштқимакунакҳои барқӣ, осиёбҳои лабораторӣ, глютоматик, термостатҳо, блендерҳо ва ғайра таҷҳизотҳои ҷиҳозонида шудааст.

 Озмоишгоҳи микробиология

  • гузаронидани корҳои илмӣ дар сатҳи микроскопӣ;
  •  гузаронидани тадқиқоти бактериологии маводи хӯрока,
  •  муайянкунии бактериянокии маводи хӯрока;
  •  иҷро намудани корҳои фармоиши тиҷоратӣ ва ғайра.

 

  Озмоишгоҳи таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока

  • экспресс муайян намудани ҳиссаи массавии намӣ дар маҳсулотҳои хӯрока;
  • ченкунии дақиқи  гравиметрикӣ ва термометрикии намунаҳои гуногун; 
  • муайян намудани миқдори моддаҳои хушк дар маҳлулҳо, маҳсулотҳои коркарди меваю сабзавот;
  • муайян намудани ҳиссаи фоизи сафеда дар шир ва дигар махсулоти шири;
  • таркиби моддаҳои равғанӣ, омехтаҳои  витаминӣ, пектин, флавоноидҳо, нитратҳо, нитритҳо ва дигар моддаҳо  дар маҳсулоти хӯрока ва гайрахо.

 Маҷмааи озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ

Дар рӯзҳои ҷашни Иди Наврӯз бо иштироки муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири маориф ва илми кишвар Латофат Назирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бинои нави озмоишгоҳии Донишкадаи политехникии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ифтитоҳ гардид. Дар расми ифтитоҳи бинои нави озмоишгоҳ директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода иттилоъ дод, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои нави таълимиро, ки дар он маҷмааи озмоишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ ҷойгир мешаванд, бунёд намуд.

Истифодаи ин бино имконият медиҳад, ки дар он 9 озмоишгоҳи нав барои донишҷӯёни ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, меъморӣ амал кунад. Таҷҳизоти озмоишгоҳҳо дар натиҷаи ҳамкорӣ бо барномаи Эрасмус+-и Иттиҳоди Аврупо (лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ”), барномаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ – GIZ (лоиҳаи “Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ”), Донишгоҳи технологии шаҳри Гуилини Ҷумҳурии Халқии Чин дар давоми 3 соли охир ва инчунин бевосита аз ҳисоби буҷети донишкада таъмин шуда истодааст.

Дар доираи ин лоиҳаҳои ҳамкорӣ омӯзгорону кормандони донишкада бевосита корро бо ин таҷҳизот азхуд кардаанд ва инчунин дар донишгоҳу корхонаҳои Олмон, Латвия, Литва, Полша, Хитой, Қазоқистон, Қирғистон 54 нафар такмили ихтисос гузаштанд. Ибтикори донишкада оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ барои пурра ва мустаҳкам кардани пояи озмоишгоҳӣ боиси ибрату омӯзиш аст.

Ҳайати кормандон

Мудири кафедра

Комилова Дилрабо Абдуалиевна

номзади и. т.

Мухиддинов Анвариддин Риёзиддинович

Доктори илмҳои биологӣ, профессор

Бобохоҷаев Руслан Исламович

 номзади илмҳои химия, дотсент

Раҳимова Алия Раҳимовна

номзади илмҳои химия, дотсент

Тошхӯҷаев Насимҷон Азимович

омӯзгори калон, н.и.х.

Рашидов Наимхон

н.и.к. , дотсент

Асатуллоев Искандар Анарович

омӯзгори калон, номзади илмҳои техникӣ

Бойматов Тоҷибой Эргашевич

омӯзгори калон, н.и.т.

Раҳимова Маҳбуба Раҳимовна

 омӯзгори калон

Раҳмонова Ҷамилахон Абдуҳамидовна

омӯзгори калон

Бобокалонов Фарҳод

омӯзгори калон, ҳамкор

Усмонова Марҳабо Яхёевна

 ассистент

Негматуллоева Маҳинбону Негматуллоевна

 ассистент

Бобохоҷаева Равшаной Қурбонбоевна

 ассистент

Усмонова Фароғат Осимовна

котиб-коргузор

Фарҳодӣ Андалеб

сарлаборант