Кафедра аз моҳи августи соли 2016 ҳамчун кафедраи фанҳои умумитаълимии факултети сохтмон ванақлиёт фаъолият дорад. Мудири кафедра номзади илмҳои филология Раҳмонов З.А. мебошад. Кафедра дар бинои факултети сохтмон ва нақлиёт ҷойгир аст.  Зимнан, кафедра дорои 6 кабинети тавассути воситаҳои муосири техникӣ (мултипроектор, тахтаи электронӣ, баннерҳо…) муҷаҳҳаз, толори лексионии ба воситаи проектор, тахтаи электронӣ, кондитсионерҳо таҷҳизонида шуда, барои 200 нафар донишҷӯ, кабинети лингофонӣ бо таҷҳизоти муосир, маҷмааи варзишӣ бо асбобу анҷоми варзишӣ таъмин буда, ҳар як омӯзгор ноутбуки шахсӣ дорад. Тамоми утоқҳои таълимӣ ва долон бо лавҳаҳои таълимиву мавзӯӣ ороиш ёфтаанд.

 Кафедраи фанҳои умумитаълимӣ тибқи Низомномаи тасдиқнамудаи Шӯрои олимони донишкада фаъолият намуда, кафедраи умумидонишкадавӣ мебошад. Ҳайати устодони кафедраро 4 нафар номзади илм, 6 нафар сармуаллим, 1 нафар котиб-коргузор ташкил медиҳанд. Кафедра омӯзиши фанҳои зеринро фаро мегирад:

  1. Математика
  2. Физика
  3. Забони тоҷикӣ
  4. Забони русӣ
  5. Забони хориҷӣ
  6. Таърихи халқи тоҷик (бо забони русӣ ва тоҷикӣ)
  7. Философия (бо забони русӣ ва тоҷикӣ)
  8. Сиёсатшиносӣ (бо забони русӣ ва тоҷикӣ)
  9. Сотсиология (бо забони русӣ ва тоҷикӣ)
  10. Фарҳангшиносӣ (бо забони русӣ ва тоҷикӣ)
  11. Этики касбӣ (бо забони русӣ ва тоҷикӣ)
  12. Психологияи касбӣ (бо забони русӣ ва тоҷикӣ)
  13. Ҳуқуқ аз рӯи ихтисос (бо забони русӣ ва тоҷикӣ),
  14. Геграфияи Тоҷикистон ва асосҳои демографии он (бо забони русӣ ва тоҷикӣ)
  15. Тарбияи ҷисмонӣ

      Фанҳои интихобӣ - суханварӣ, педагогика, этика ва эстеика, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳлили математикӣ, практикуми таҳлили математикӣ, практикуми ҳалли масъалаҳо аз математикаи олӣ,  ва ғайра.

Вобаста ба ҳама фанҳои тадрисшаванда кафедра барномаҳои таълимӣ – силлабусхо мавҷуданд, ки аз ҷониби устодони кафедра омода шуда, дар ҷаласаҳои кафедра муҳокима шуда, дар шӯрои илмӣ -  методӣ тасдиқ ва баррасӣ гардидаанд.

      Маҷмӯи лексия ва маводҳои таълимӣ, аз ҷумла масъалаҳо, маҷмӯи машқхо барои корҳои семестрӣ, маводи санҷишҳои марҳилавӣ ва тестҳои имтиҳони ниҳоӣ ҳам ба намуди чопӣ ва ҳам электронӣ барои ҳама фанҳо мавҷуд буда, дар ҷаласаҳои кафедра тасдиқ шуда, ба ихтиёри донишҷӯён вогузор гардидаанд.

 

Ҳайати омӯзгорони кафедраро устодони собиқадор ва баландихтисос  ташкил медиҳанд: мудири кафедра, номзади илми филология Раҳмонов З.А., муаллими забон ва адабиёти тоҷик, номзади илми физика-математика, Ҷалилов Ф.,   номзади илми филология Каримбоева Ҳ.Қ., дотсенти кафедра, номзади илми физика-математика Бӯриев Қ., омӯзгори калони фанни математика Азимов Н.С.,    омӯзгорони калони фанни забони англисӣ  Икромова А.М ва Муҳаммадризоева Н.Д., омӯзгори калони фанни технологияи информатсионӣ Ҳакимов А.А., омӯзгори калони фанни забони тоҷикӣ Хоҷаева Н.А., омӯзгори калони фанни тарбияи ҷисмонӣ Маҷидов Қ. ва котиб - коргузори кафедра Муллоусмонова Г.Ғ. дар донишкада босамар фаъолият менамоянд.

       Бо мақсади омӯзиши мукаммали фанҳои математика, физика, забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони хориҷӣ, илмҳои ҷомеашиносӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, фанҳои интихобӣ, инчунин амиқ омӯхтани фанҳои дақиқ, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва фанҳои гуманитарӣ барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳӣ, гуманистии донишҷӯён устодони кафедра фаъолият мебаранд, ки ин дар ташаккули тафаккур ва ҳисси худшиносии миллии муҳассилин мусоидат хоҳад кард.

      Китобҳои дарсӣ аз фанҳои математика, физика, забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони хориҷиро бевосита устодони кафедра таҳия карда, ба нашр расонидаанд, ки онҳо бо назардошти ихтисосҳои гуногуни донишкада тайёр карда шудаанд. Дар китобхонаи донишкада барои таълими фанҳои зикргардида китобҳои дарсии зерин аз ҷониби устодони кафедра таҳия гардида, микдори зиёди осори таълимиву омӯзишӣ доир ба фанҳои мазкур мавҷуд аст:

  • Абдуқодиров А., Раҳмонов З.А. Забони тоҷикӣ.- Хуҷанд: Ношир, 2009. -180 с.;
  • Раҳмонов З.А. Маҷмӯаи мухтасари маводҳои таълимӣ.- Хуҷанд: ФХДТТ, 2008. -105 с.;
  • Каримбоева Ҳ.Қ. -Сборник диктантов по русскому языку (для непрофилирующих специальностей вузов) - Хуҷанд, Ношир, 2017, 40 с;
  • Словарь  синонимов- существительных. Упражнения с синонимами при изучении имени существительного.(из опыта работы доцента общеобразовательной кафедры ПИТУТ им.М..Осими города Худжанд)-Хуҷанд, Ношир, 2017, 30c.
  •   Бӯриев Қ. –«О представимости натуральных  чисел в виде суммы простой и нецелой степени», Рук. Деп. В Москва 26.04.1989с.;
  • Краткие математические термины (учеб. пособие). -Типография «Наргис» г. Худжанд, 1996 30с.;
  • «Сборник индивидуальных контрольных работ по матиматике» (учебное пособие). - Типография «Наргис» г. Худжанд, 1996 с. 30 с.;
  • Методические указания к решениям задач по теории рядов (учебное пособие). - МП «Наргис» г. Худжанд, 1998, 38с.;
  • Корхои мустакилона аз математика. Кисми 1,2,3,4 - Нашриёти «Нури маърифат». ш. Хучанд, 2010;
  • Дастури таълими доир ба корхои мустакилона аз Математикаи Олӣ барои донишчуёни ихтисосхои иқтисодӣ.- Карори ВМЧТ 2013. 544 с.
  • Ҷалилов Ф. – дастурҳои методӣ бо номи «Методическое указания для решение задач по закону Кирхгофа», Хуҷанд, 1989 с. «Использование микрокалькулятор МК-46 для выполнения лабораторных работ по физике»  100 нусха; «Ҳалли масъалаҳои мушкил аз физикаи молекулярӣ ва термодинамика бо ҳаллаш».

  •  Икромова А.М .- Дастури таълими методӣ аз фанни  забони англисӣ (касбӣ) барои донишҷӯёни факултети “Сохтмон ва Меъморӣ”и мактабҳои олӣ (бо забони англисӣ ва тоҷикӣ) (ҳаммуаллиф Муаммад Ризоева Н.Д.) Ношир, ш. Хуҷанд. 2015. 171 с.;
  • Дастури таълимӣ аз фанни забони англисӣ барои донишҷӯёни соли хониши якуми макотибҳои олӣ бо забони тоҷикӣ ва англисӣ (ҳамқалам Мақсудов У.) - Меҳвари дониш, ш. Хуҷанд. с.2015, 256 с.;
  • Луғати мухтасари тафсирии истилоҳоти меъмори ва сохтмон  бо забони русӣ – тоҷикӣ -  англисӣ-ӯзбекӣ - Ношир ш. Хуҷанд 2010 278 с.;
  • Учебное пособие для первых курсов технических Вузов (по английскому языку) - Ношир ш. Хуҷанд. 2010. 211 с.;
  • Луғати русӣ – тоҷикӣ - англисӣ (Истилоҳоти электротехника ва электроэнергетика) (ҳамқалам Раҳимов О.) - Ношир ш. Хуҷанд. 2016, 468 с.;
  • Луғати истилоҳии  русӣ –тоҷикӣ - англисии химия барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва олии нопурра(ҳамқалам Тошхӯҷаев Н.) - Ношир ш. Хуҷанд. 2015. 310 с.
  • Муҳаммад-Ризоева Н.Д. – дастури методии “Маҷмӯи машқҳои амалӣ” Ношир, 2013;
  • Дастури дарси забони англисӣ барои донишҷӯёни гурӯҳҳои тоҷикӣ – 2011;
  • Дастури таълимӣ-методӣ аз фанни забони англисӣ барои донишҷӯёни ихтисоси сохтмон ва нақлиёт,  2016.
  • Азимов Н.С. - Дастури методии“Геометрияи аналитикӣ” оид ба иҷрои вазифаҳои индивидуалӣ, Наргис. Ш. Хуҷанд 1995, 45с.;
  • Маҷмӯи формулаҳои математикӣ. Наргис. Ш. Хуҷанд 1998. 48с.;
  • Дастури методӣ оид ба ҳалли мисолҳо аз назарияи қаторҳо Наргис. Ш. Хуҷанд 1998. 38с.;
  • Дастури методӣ оид ба корҳои семестрӣ  аз асосҳои математика барои ихтисоси 43.01.03. ДПДТТ ш. Хуҷанд 2012, 288 с.;
  • Дастури методӣ оид ба корҳои семестрӣ  аз математикаи олӣ барои ихтисоси 43.01.03ДПДТТ ш. Хуҷанд 2012, 256 с.;
  • Дастури методӣ оид ба “Татбиқи тригонометрия дар ҳалли масъалаҳои геометрӣ» ДПДТТ ш. Хуҷанд 2012, 44 с.

Омӯзгорони кафедра мунтазам барои тайёр намудани маводи таълимӣ барои донишҷӯён диққати калон медиҳад. Масалан, танҳо дар соли  2016  6 барномаи корӣ (силабус), 3маҷмӯаи супоришот, 6адад тестҳои фаннӣ , 3 презентатсияи фанҳо таҳия ва чоп гардидаанд.  

      Мавриди зикр аст, ки аз соли 2010 инҷониб намуди ҷадиди пурсишҳои тестӣ - тестҳои мувофиқоварии сода ва мувофиқоварии мантиқӣ аз ҷониби устодони кафедра мураттаб гардида, ҳангоми ташкили санҷишҳо мавриди истифода қарор дорад. Тамоми маводҳои таълимӣ дар мувофиқат ба барномаи таълимӣ таҳия гардида, мавзӯъҳои пешбинишударо дар бар мегиранд. Каримбоева Ҳ.Қ. - Экзаменационные материалы и методические рекомендации для подготовки к экзаменам по русскому языку для групп с таджикским языком обучения. Хуҷанд,  Ношир. 2012, 114 с. 

  • Ҷалилов Ф – зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ ба табъ расонидааст.
  • Муҳаммад-Ризоева Н.Д. – Маҷмӯи тестҳо барои ихтисоси иқтисод ва менеҷмент. 2011.
  • Алиев С. – маҷмӯаи тестҳо аз фанни физика (500 адад) 2016.
  • Бӯриев Қ. – Маҷмӯаи тестҳо аз фанни алгебраи хаттӣ (400 адад) 2016.
  • Азимов Н.С. – Маҷмӯаи тестҳо математика (250 адад) ; Математика дар иқтисодиёт (250 адад) 2016.
  • Ҳакимов А.А. – Маҷмӯаи тестҳо аз фанни технологияи информатсионӣ (500 адад) 2016.
  • Икромова А.М. – Маҷмӯаи тестҳо аз фанни забони англисӣ (220 адад) 2016.
  • Муҳаммад-Ризоева Н.Д.. – Маҷмӯаи тестҳо аз фанни забони англисӣ (220 адад) 2016.

 Истифодаи мақсаднок ва босифати васоити техникии таълим ҳангоми ташкили машғулиятҳо қобили қайд аст. Устодони кафедра ҷиҳати татбиқи усулҳои фаъоли таълим дар машғулиятҳо моҳирона аз воситаҳои техникӣ ба кор бурда, тариқи слайдҳои мавзӯӣ донишҷӯёнро ба ҷаҳони маърифат ва маънавият ҳидоят менамоянд. Корбурди мақсадноки тахтаи электронӣ дар дарсҳо барои истифодаи самараноки ҳар дақиқаи дарс мусоидат намуда, ҷиҳати омӯзиши фанҳои таълимии кафедра заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар машғулиятҳои устодон Раҳмонов З.А., Алиев А. ,Ҷалилов Ф., Бӯриев , Каримбоева Ҳ Қ., Шодиев А., Азимов Н., Икромова А., Муҳаммад - Ризоева Н., Ҳакимов А., Хӯҷаева Н. варианти электронии презентатсияҳои фанҳои мазкур истифода мешавад, ки оид ба ҳамаи мавзӯъҳо маводҳо тайёр карда шудааст.

 Устодони кафедра дар баробари ташкили корҳои таълимиву тарбиявӣ, инчунин бо фаъолияти илмиву тадқиқотӣ машғуланд, ки натиҷаи тадқиқоти илмии онҳо нашр гардидааст. Аз ҷониби Раҳмонов З.А. 40 мақолаҳои илмӣ ва илмӣғоммавӣ ба табъ расонида шудаанд, Каримбоева Ҳ.Қ. зиёда аз 12 номгӯи мақолаҳои илмӣ ва монографияи Структурно- семантический анализ научного текста по технологии производства кондитерских  изделий ( на материале русского и таджикского языков ) чоп гардидааст.

Бӯриев Қ. зиёда аз 40 номгӯи корҳои илмӣ ва методиро ба табъ расонид. Аксарияти корҳои илмии дотсенти кафедра Бӯриев дар нашрияҳои бонуфузи ФР ва ИМА ба табъ расидааст. Аз ҷониби устоди кафедра Азимов Н.С. зиёда аз 12 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои ҳуриявӣ ва берун аз он чоп гардидааст.

Гузашта аз ин устодони кафедра ҷиҳати омодасозии донишҷӯён ба иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ эҳтимом варзида, дар ин самт муттасил кор мебаранд. Дар тӯли мавҷудияти кафедра аз тарафи омӯзгорон  беш аз 50 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ - оммавӣ  нашр карда шудааст.  

 Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра ташкил ва гузаронидани маҳфилҳои гуногуни илмӣ  маҳсуб мегардад. Дар кафедра бо мақсади омодасозии донишҷӯён ба иҷрои корҳои илмӣ ва дар ин замина ташаккули маънавиёт ва ҳисси ватандӯстӣ, гиромидошти дастовардҳои фарҳангӣ, тарғиби ғояҳои олии миллӣ ва башардӯстона миёни ҷавонон 8 маҳфилҳои кафедравии доимоамалкунанда бо роҳбарии устодони кафедра фаъолият мебарад:

  • “Суханвар” - Раҳмонов З.А.-н.и.ф., и.в.дотсент
  •  “Дӯстдорони математика” - Бӯриев Қ. – н.и.ф-м., дотсент
  • “Математика – шоҳи фанҳо” - Азимов Н.С. – омӯзгори калон
  • “Русский мир» - Каримбоева Ҳ.Қ. – н.и.ф., и.в. дотсент
  • “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” - Икромова А.М. – омӯзгори калон
  • “Дӯстдорони забони англисӣ» - Муҳаммад–Ризоева Н.Д. – омӯзгори калон
  • “Ҷаҳони информатика” - Ҳакимов А.А. – омӯзгори калон

 Мақсади асосии маҳфилҳо омодасозии аъзоён барои ширкат дар озмунҳои фаннӣ ва иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ маҳсуб мегардад.  Аъзоёни маҳфилҳо зимни ширкат дар олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷашнии шаҳриву вилоятӣ ширкат меварзанд.

Инчунин дар донишкада аз ҷониби устоди варзиш, омӯзгори калони кафедра 2-то сексияи варзишӣ: баскетбол ва валейбол ташкил карда шудааст, ки машғулиятҳо дар толори варзишӣ гузаронида мешавад.

Маҳфилҳои илмии донишҷӯён аз моҳи сентябри соли 2016 фаъолияти худро оғоз карда, ба ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқ ва нуктасанҷ шурӯъ намудааст ва рӯйхати аъзоёни худро дорад. Нақшаи кори маҳфилҳои илмии донишҷӯён таҳия ва тасдиқ гардиданд ва дар ин замина фаъолият мебаранд.

Самти дигари фаъолияти доманадор ва афзалиятноки кафедра ташкили фаъолияти варзишӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин ҷода низ кафедра ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Моҳи ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти ҶТ мусобиқаи варзишӣ  аз рӯи 4 намуд дар донишкада гузаронида шуд: валейбол, баскетбол, футболи хурд, шоҳмот. Дар мусобиқа ҳамаи донишҷӯёни бомаҳорат ширкат варзиданд. Дар мусобиқаи баскетбол ва валейбол донишҷӯёни факултети сохтмон ва нақлиёт ҷои аввалро ишғол намуда бо ҷоиза ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд/ Дар маҳфили илмии донишҷӯён, ки устоди фанни математика Азимов Н.С. роҳбарӣ менамояд, як усули нави амалҳо бо ададҳои ҳақиқӣ дида баромада шуд. Он тарзи ғайрианъанавӣ буда, амалҳо бо ададҳои ҳақиқӣ аз тарафи чап ба рост иҷро карда мешавад. Донишҷӯи курси якум, гурӯҳи 37.01.07 тв Пӯлотов Нозим санаи 26.12.2016 доир ба усули нави амалҳои математикӣ дар маҳфил баромад намуд, ки ин навоварӣ дар илми математика мебошад.

             Рӯйдодҳои муҳим ва хотирмони кафедра

Дар натиҷаи фаъолияти босамари маҳфилҳои кафедра зимни ширкат дар олимпиадаи донишкадавӣ аз ҷумҳуриявӣ аъзоёни маҳфилҳо фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои сазоворро соҳиб гаштаанд.

Ҳамасола ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи забони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтимоми устодони кафедра дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ ташкили конфронсҳои илмию адабӣ, мизи мудаввар, озмунҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ба ҳукми анъана ворид гаштааст, ки дар он устодони кафедра суханронӣ намудаанд.

Устодони кафедра дар ҳамкории амиқ бо шӯъбаи тарбияи донишкада ҷиҳати ташкили чорабиниҳо саҳмгузорӣ намуда, дар давоми соли таҳсил дар тамоми чорабиниҳое, ки аз тарафи донишкада, ҳукумати шаҳру вилоят баргузор гардидааст, аз ҷумла, шанбегиҳои донишкадавӣ, 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди парчами ҶТ иштироки фаъолона доштанд. Дар ташкил ва пешбурди чорабиниҳои донишкада саҳми аъзоёни кафедра Раҳмонов З.А.,  Азимов Н.С., Икромова А.М., Муҳаммад-Ризоева Н.Д., Каримбоева Ҳ.Қ., Ҷалилов Ф., Ҳакимов А.А., Хоҷаева Н.А. ва Муллоусмонова Г.Ғ. арзанда аст. Санаи 14.09.2016 чорабинии тантанавӣ бахшида 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷашн гирифта шуд, ки дар он ҳамаи аъзоёни кафедра ва кураторони гурӯҳҳо бо донишҷӯёнашон фаъолона иштирок намуданд. Санаи 07.10.2016 Чорабинии тантанавии сафарбаркунии аскарон ба хизмати Ватан дар Амфитеатри Арбоб ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ки дар он кураторони кафедра бо донишҷӯёни гурӯҳашон иштирок намуданд. Санаи 24.11.2016, ки чорабинии идона  бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи парчами давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид,  дар он устодони кафедра Раҳмонов З.А., Хоҷаева Н.А. Ҳакимов А.А., Азимов Н.С. ва Муллоусмонова Г.Ғ. ширкат варзиданд.

Инчунин аъзоёни кафедра дар чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ, вохӯриву мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону адибон иштирок намуданд.

  • Санаи  07.10.2016 конференсия бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзӯи “Забон-пояи миллат» бо иштироки Шоири халқии  Тоҷикистон  Нурмуҳаммад Ниёзӣ,  нависанда Муҳаммад Субҳон  ва нависандаи ҳаҷвнигор, сармуҳаррири маҷаллаи бонувон «Ноҳид»  Додохони Эгамзод, баргузор гардид, ки ҳамаи устодони донишкада ва донишҷӯён иштирок намуданд. Инчунин дар даромадгоҳи толори донишкада доир ба Рӯзи забони тоҷикӣ аз ҷониби китобдорони донишкада намоиши китобҳо ташкил карда шуд.
  • Чорабинӣ бахшида ба муносибати таҷлили ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ дар донишкада бо иштироки устодону донишҷӯёни донишкада (моҳи ноябри с.2016).
  • 3.Чорабинии тантанавӣ ва хондани лексияҳо бахшида ба Рӯзи призиденти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон санаҳои 15-16-уми ноябри соли 2016 дар донишкада ташкил карда шуд. Дар чорабинӣ устодон Раҳмонов З.А., Шодиев А.А. лексия хонданд (15-16.11.2016).
  • Конференсияи донишкадавї оид ба асари президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор»(16.11.2016)
  • Ҷамъомад бахшида ба “10 рӯзи мубориза бар зидди хушунат” бо иштироки мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ш.Хуҷанд Дадобоева М., мудири шӯъбаи кор бо занони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Неъматова М., роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Маркази занону духтарон Гулрухсор” Бобоҷонова Сабоат (30.11.16).
  • Мизи мудаввар бахшида ба 1250-солагии Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии Закариёи Розӣ дар донишкада бо иштироки устодону донишҷӯёни донишкада баргузор гардид. Баромад карданд: Ғозиева М.С., Шодиев А.А. (02.12.16).

Инчунин устодони кафедра н.и.ф. Раҳмонов З.А. ва н.и.ф-м. Бӯриев А.Б. бо қарори Ҳукумати вилоятӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ буда, оид ба Рӯзи Президент ва ҷашнҳои сиёсию фарҳангӣ ба ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз баромад карданд.

Ғайр аз ин, кормандони кафедра дар конфронсҳои донишкадавӣ, вилоятӣ ва байналмиллалӣ низ иштирок доштанд. Дар соли ҳисоботӣ устодони кафедра дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба санадҳои таърихӣ бо маърўзаҳои мухталиф баромад намуданд. Аз ҷумла н.и.философия Шодиев А.А. дар мавзӯи “Рӯзгор ва осори донишманд ва мутафаккири тоҷик ал-Ҳаким ат-Тирмизӣ” дар Мизи мудаввар бахшида ба 1250-солагии Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии Закариёи Розӣ дар донишкада баргузор гардид, баромад намуд (02.12.16).Дар маърӯзаи худ мавсуф дар бораи кору фаъолияти олим, файласуф, тасаввуфшинос Ҳаким Тирмизӣ маълумот дода зикр кард, ки ӯ дар замони худ зиёда аз 400 асарҳои илмӣ эҷод намуда, забон ва фарҳанги миллати форсу тоҷикро ба оламиён муаррифӣ кардааст

Дар тамоми чорабиниҳои ташкилӣ ба монанди озмунҳо,  мусобиқаҳои варзишӣ, ҷашну санадҳои таърихӣ, ки дар миқёси донишкадаю вилоят баргузор мегардад, саҳмгузории устодони кафедра бениҳоят калон аст.