Фаъолияти кафедраи сохтмон дар самти сохтмон ва саноати масолеҳҳои сохтмонӣ доир ба баланд бардоштани самаранокии энергия ва бароҳатии ҳуҷраҳо дар биноҳои истиқоматӣ, истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ равона карда шудааст.

 

Кафедраи сохтмон мувофиқи зинаҳои таҳсилот мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

 

Бакалавриат

1-70 01 01 Саноати маҳсулоти сохтмонӣ

1-70 02 01 Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ

 

Магистратура

1-70 02 01 Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ

1-70 02 01 08 Энергияи барқароршаванда ва сарфаи энергия дар сохтмон

 

Докторантура

6D072900 Сохтмон

 

Ҳайати устодони кафедра

Аминов Фаррух Абдул-Хайевич – мудири кафедра, н.и.т.

Мамуров Маҳмуд – н.и.т., дотсент

Ваҳобов Амиртимир Маннонович – н.и.т., омӯзгори калон

Усмонов Шӯҳрат Заурович – н.и.т., омӯзгори калон

Расулов Олимҷон Рахонбердиевич – н.и.т., омӯзгори калон

Хатамова Сабоҳат Мирзоазамовна - омӯзгори калон

Дадобоев АбдуназарИномович - омӯзгори калон

Атобоев Акрам  Бобоҷонович - омӯзгори калон

Рахматов Муталиб - омӯзгори калон

 

Дастовардҳои кафедра

Аввалин маротиба дар шароити Тоҷикистон усули баҳодии комплексии микроиқлими гармӣ дар ҳуҷраҳои биноҳои истиқоматӣ, ки бо индекси гармиҳискунӣ (PMV) ва дараҷаи нобароҳатии (PPD) инсони дарҳуҷрабуда асос ёфтааст, истифода шудаанд. Дар шароити Осиёи Миёна минтақаи оптималӣ ва вобастакунии ҳарорати бароҳатии имконпазир ва намии нисбии ҳаво дар ҳуҷраҳо барои давраи хунукӣ ва гармии сол пешниҳод шудааст. Технологияи истеҳсоли маснуоти сафолии деворӣ (дар мисоли хишт) бо истифодаи шолипахоли маҳҳалӣ коркард шудааст: роҳҳои паст намудани зиччии хишт, аз ҷумла фоизи ворид намудани шолипахол ба таркиби масолеҳи девории сафолӣ, намудҳои хок барои истеҳсоли ин маснуот муайян карда шуда, имконияти васеъ намудани базаи ашёи хоми истеҳсоли ин маснуот асоснок карда шудааст. Технологияи истеҳсол ва васли маснуот ва конструксияҳои сеқабатаи сохтмонӣ коркард шуда, хосиятҳои физикию химиявӣ, аз ҷумла гармиҳимоякунӣ, мустаҳкамиии конструксияҳои сеқабата аз тахтаҳои пенополистирол тадқиқ карда шудааст. Тадқиқот доир ба таҷдиди биноҳои саноатию шаҳрвандӣ ҳангоми шароити махсуси  сохтмонӣ гузаронида шуда, тавсияҳо доир ба иҷрои корҳои сохтмонӣ коркард шудаанд. Дар ин самти тадқиқотӣ як чанд конференсия ва семинарҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шудааст: “Проблемаҳои муосир дар соҳаи меъморӣ сохтмон ва нақлиёт” (2012), “Рушди меъморӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ” (2015),  Истифодаи технологияҳои муосир дар сохтмон” (2017) ва ғ.

  Дар ин самти тадқиқотӣ 3 рисолаи илмӣ ҳимоя карда шуда, 10 адад санадҳои татбиқи натиҷаи корҳои илмӣ гирифта шудаанд. Зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ нашр шудааст. Дар ин самт олимони варзида н.и.т., и.в. дотсент Усмонов Ш.З., н.и.т. Аминов Ф.А., н.и.т., дотсент Мамуров М., н.и.т. Мухамедов Ӯ.С., н.и.т. Охунов З.Ю. н.и.т. Расулов О.Р. фаъолияти пурсамари илмӣ мебаранд.

 

Шарикони рушд

- Erasmus +

- Tempus

- Институти лоиҳакашии илмию-тадқиқотии назди оҷонсии сохтмон;

- Институти лоиҳакашии «Суғдшаҳрофар»;

- Филиали Суғдии Институти лоиҳакашии асосу таҳкурсисозии Осиёи Марказӣ (СА НИИОСП).

 

Таҷрибаомӯзӣ

- Институти лоиҳакашии илмию-тадқиқотии назди оҷонсии сохтмон;

- Шуъбаи меъмории шаҳри Хуҷанд;

- Шуъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои вилоят;

- Институти лоиҳакашии «Суғдшаҳрофар»;

- Филиали Суғдии Институти лоиҳакашии асосу таҳкурсисозии Осиёи Марказӣ (СА НИИОСП);

- Ширкати сохтмонии “Тиниал”;

- Ташкилоти байналхалқии «Ҳайъати шафқат».

 

Лаборатория (Пояи методӣ-техникӣ)

Дар назди кафедраи сохтмон 2 лаборатория барои таъмини раванди таълим мавҷуд аст.

 

(ФОТО)

 

Хатмкунандаи зинаи бакалавриат дар кадом вазифа кор ва фаъолият бурда метавонад

 

1-70 01 01 Саноати маҳсулоти сохтмонӣ

- муҳандис-сохтмончӣ;

- истеҳсолкунандаи корҳои сохтмонӣ (прораб);

- муҳандиси калони ташкилоту идораҳои сохтмонӣ;

- сардори ташкилоту идораҳои сохтмонӣ;

- муҳандис - лоиҳакаши илмию - тадқиқотӣ ва конструктор дар ташкилотҳои лоиҳакашии шаҳру ноҳияҳо, ширкатҳои сохтмонӣ ва институти лоиҳакашӣ

 

1-70 02 01 Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ

- муҳандиси калони ташкилоту идораҳои сохтмонӣ;

- сардори ташкилоту идораҳои сохтмонӣ;

- сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;

- муҳандис - лоиҳакаши илмию - тадқиқотӣ ва конструктор дар ташкилотҳои лоиҳакашии шаҳру ноҳияҳо, ширкатҳои сохтмонӣ, шуъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои вилоят, шуъбаҳои экспертизаи сохтмонӣ, институти лоиҳакашии асосу таҳкурсисозии сохтмонӣ ва институтҳои лоиҳакашӣ.

ҲАЙАТИ КОРМАНДОН


Мудири кафедра

Аминов Фаррух н.и.т

 

Дотсенти кафедра

Маъмуров Маҳмуд

номзади илмҳои техникӣ

Дотсенти кафедра

Насруллоев Абдуллоҷон Домуллоҷонович

номзади илмҳои техникӣ

Дотсенти кафедра

Мухамедов Ӯктам Султонович

номзади илмҳои техникӣ

Омӯзгори калон

Расулов Олимҷон Раҳмонбердиевич

номзади илмҳои техникӣ

Омӯзгори калон

Хатамова Сабоҳат Мирзоазамовна

Омӯзгори калон

Султонова Манзура Мансуровна

номзади илмҳои иқтисодӣ

Лаборанти калон

Саидов Мирзоакмал Мирзоҳомидович

Email:Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..