Шуъбаи тайёркунии кадрҳои илмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 7 июли соли 2011, № 1523 таъсис дода шудааст.

Аспирантура аз рӯи 11 ихтисос, равияҳои  саноати сабук ва бофандагӣ,  хўрокворӣ, агросаноат, технологияи иттилоотӣ, иқтисодиёт, сохтмон, нақлиёт, энергетика  ва докторантура аз рӯи  ихтисоси 05.13.00- информатика, техникаи ҳисоббарорӣ ва идоракунӣ ва 08.00.00 –илмҳои иқтисодӣ  таъсис дода шудааст.

1

02.00.00 – Илмҳои химия

2

05.00.00 – Илмҳои техникӣ

3

05.02.13 – Мошинҳо ва  адотҳои саноати сабук

4

05.13.00 – Информатика, техникаи ҳисоббарорӣ ва идоракунӣ

5

05.14.00 – Электроэнергетика

6

05.19.00 – Технологияи масолеҳ, маҳсулоти бофандагӣ ва саноати сабук

7

05.23.00 – Сохтмон ва меъморӣ

8

18.00.00 – Меъморӣ

9

06.01.00 – Технологияи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

10

08.00.00 – Илмҳои иқтисодӣ

11

05.02.18- Назарияи механизмҳо ва мошинҳо

Таҳсил дар аспирантура ба тариқи рӯзона ва ғоибона аст. Ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи донишкада шахсони  синнашон то 35-сола, ба шӯъбаи ғоибона шахсони синнашон то 45-сола қабул карда мешаванд. Муҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзонаи аспирантура 3 сол, дар шуъбаи ғоибонаи  аспирантура 4 сол муқаррар карда шудааст.

Ба аспирантура ҳуҷҷатҳои зерин супорида мешаванд:

- ариза ба номи директор;

- варақаи шахсии аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқгардида;

- нусхаи дипломи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар дигар давлатҳо хатм намудаанд, ҳуҷҷати ба дипломи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоxикистон  баробар)-ро пешниҳод менамоянд (баъд аз нострификатсияи ҳуҷҷати таҳсилот);

- рӯйхати корҳои нашршудаи  илмӣ ва ҳисобот оид ба корҳои илмию тадқиқотӣ;

- ҳуҷҷат дар бораи супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ (қатъи назар аз он ки дохилшаванда аз санҷиши ин имтиҳонҳо гузаштааст);

- қарори Шӯрои олимон (барои шахсоне, ки баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба аспирантура дохил мешаванд).

Дохилшавандагон ба аспирантура аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд:

- аз фанни ихтисос (мувофиқи ҳаҷми амалкунандаи барномаи давлатӣ барои мутахассисон  сохташуда);

- аз фанни забони хориҷие (англисӣ, немисӣ, франсавӣ ё арабӣ ва ғ.);

- аз фанни фалсафа.

Ба шахсоне, ки аз як фанни имтиҳони қабул баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд, барои супоридани имтиҳонҳои дигар иҷозат дода намешавад. Шахсоне, ки имтиҳонҳои минимуми номзадиро супоридаанд, дар имтиҳонҳои қабул ба аспирантура аз ҳамон фанҳо озод карда мешаванд.

Дар аспирантура ва докторантура устодон ба монанди академики Академияи илмҳои ҶТ., д.и.ф-м., профессор Усмонов З.Ҷ., Арбоби шоистаи ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ., профессор Назаров А.А., доктори илмҳои иқтисодӣ., профессор Авезов А.Х., доктори илмҳои иқтисодӣ., профессор Ӯрунов А.А., доктори илмҳои иқтисодӣ Авезова М. М. номзади илмҳои техникӣ, дотсент Раҳимов О.С.  ва дигар устодон дарс медиҳанд.

Дар шуъба барои аспирантон ва унвонҷуён семинари илмии доимо амалкунанда дар мавзӯи “Методология ва ташкили тадқиқотҳои диссертатсионӣ”(қисми 1 ва қисми 2) аз тарафи  д.и.и., профессори кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идора Авезов А.Х.  ва  семинари илмӣ  бо номи “Усулҳои аналитикии илмӣ- тадқикотӣ”  дар ҳаҷми 6 кредит (назариявӣ-52 соат, амалӣ-52 соат, кори мустақилона -130 соат) аз тарафи д.и.и., профессор кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идора Назаров А.А. фаъолият мебарад.

Барои супоридани имтиҳони минимуми номзадӣ барномаи корӣ аз фанни забони хориҷӣ (миқдори кредит 4) ва аз фанни таърих ва фалсафаи илм (дар ҳаҷми 4 кредит аз он ҷумла 30- соат дарси лексионӣ ва 15 соат)  тарафи  устодони кафедраи умумитаълимии факултети муҳандисӣ- технологӣ н.и.ф., дотсент Хусаинова Ф.Х. ва  устоди кафедраи умумитаълимии факултети информатика ва энергетика н.и.т., дотсент Ғозиева М.С. омода карда шудааст.

Аспирантон барои иҷрои кори илмии худ баробари кормандони илмию омӯзгории донишкада метавонанд аз таҷҳизот, лабораторияҳо, кабинетҳо, китобхонаҳо истифода кунанд. Онҳо ҳуқуқи ба сафарҳои хизматӣ, аз ҷумла, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои илмӣ рафтан ва инчунин дар конференсияю анҷуманҳо ва лоиҳаҳои илмӣ иштирок намуданро доранд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ  бояд инъикос шаванд:

- дар як ё зиёда нашрияҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ, ки тибқи рўйхати маҷаллаҳои тақризшаванда аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд;

- дар на камтар аз се мақола дар нашрияҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ;

- дар суханрониҳои расмӣ, дар на камтар аз се конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ;

- аз рўйи ихтисосҳои техникӣ дар на камтар аз як амали ҷорикунӣ дар истеҳсолот, патентҳо ё нахустпатент барои ихтироот.