Роҳбарон ва аъзоёни Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ фаъолияташро беш аз пеш пурқувват намуда истодаанд. Раёсати ҲНИТ мунтазам оид ба манъи ғайриқонунии фаъолияти ҳизб, таъқиб ва фишори аъзоёни ҳизб аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ҳаёти носолими мардуми Тоҷикистон ахборот ва маълумоти бардурӯғ пахш менамоянд. Дар назари аҳли ҷомеа худро ҳамчун ашхоси ҷабрдида ва бегуноҳ аз кишвар ронда шуда нишон дода, ҳадаф ва мақсадҳои асосии худро амалӣ карда истодаанд. Барои ҳаёт ва фароғати хушро дар хориҷи кишвар таъмин кардан, маблағи калон лозим аст. Аз ин лиҳоз, аъзоёни ҳизб бояд ҳомиён ва сарпарастони худро бовар кунонанд, ки онҳоро беасос аз ватан рондаанд. Эшон дар ин кор таҷрибаи калон доранд. Зеро ки роҳбарон ва пайравони ҲНИТ аввали солҳои 90 асри 20 низ пас аз шикаст хӯрдан, яъне Ҳукумати қонуниро аз байн бурда натавонистан ватанро тарк намуда буданд. Вале бо ҳиллаву дурӯғ мардуми зиёди гумроҳро бо худ ба хориҷи кишвар бурда тавонистанд. Бо ташаббус ва заҳмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҳама гурезагон ба Ватан баргардонида шуда буданд.

       Аз ин рӯ, роҳбарони ҳизб фикр доштанд, ки пас аз ба хориҷа фирор намудан, нафарони зиёде онҳоро дастгирӣ менамоянд. Аммо мардуми бомаърифат ва сулҳхоҳи тоҷик онҳоро пайравӣ накарданд, баръакс баъд аз ниқоб аз рӯй бардошта, амалиёти кушоду руйрости зиддидавлатӣ (моҳи сентаябри соли 2015), аз мақсади ниҳоии онҳо бохабар гашта, ҳатто пайравонаш фаъолияти онҳоро маҳкум карда, аз ҲНИТ рӯй гардониданд. Алҳол бошад, маълум нашуд, ки чаро аъзоёни камшумори ҳизб зидди Ҳукумати қонунӣ мубориза намуданд? Магар онҳо мақсад доштанд, дар кишвар табаддулот гузаронида, сари қудрат оянд? Магар аз вазъу муҳити сиёсиву иҷтимоӣ, майлу хоҳиши мардум ва қудрату тавоноии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бехабар буданд? Албатта, не! Онҳо хуб огоҳ буданд, ки ин бор ҳам шикаст мехӯранд.

     Онҳо бо нақшаи пешакӣ аз тарафи ҳомиён ва роҳбарони ҳизб тарҳрезӣ шуда, амалиёт намуда, шикаст хӯрда, аз кишвар фирор карданд. Ҳадафи асосӣ аз он иборат буд, ки бо ҳамин амалиёти бесамар дар байни ҷаҳониён худро ҷабрдида ва таъқибшуда нишон дода, минбаъд ҳам дастгирӣ ва маблағгузории сарпарастонашонро таъмин намоянд. Бояд қайд кард, ки қисман ба ин мақсади ниҳоӣ ноил ҳам шуданд, дар хориҷа сарпаноҳ пайдо карданд.

Пас саволе ба миён меояд, ки ба баъзе давлатҳои хориҷа ин мухолифин чаро лозиманд? Аввалан, баъзе давлатҳо мухолифини дигар кишварҳоро моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намуда, дар оянда барои расидан ба ҳадафҳои худ, яъне тавассути онҳо фишор овардан ба дигар давлатҳо ва иҷро намудани мақсадҳои ғаразноки худ онҳоро моҳирона истифода мебаранд. Сониян, барои дар оянда ноором ва муташанниҷ намудани вазъи кишварҳои дигар онҳоро муваққатан дар мамлакати худ нигоҳ медоранд. Билохира, дар назари ҷаҳониён худро чун «давлати адолатхоҳ» ва «ҳомиёни самимии» ҷабрдидагони дигар кишварҳо вонамуд мекунанд. Вале мақсади давлатҳои мазкур як аст, онҳоро барои ба даст овардани ҳадафҳо ва манфиатҳои стратегии худ дар вақти зарурӣ истифода бурдан аст. Мухолифин чун лӯхтак муддате барои расидан ба мақсадҳои сиёсии давлатҳои мутараққӣ хизмат менамоянд ва пас аз иҷрои вазифаи худ аз арсаи ҷаҳонӣ дур карда мешаванд ва дигар касе онҳоро ёдовар намешавад. Оқибати ҳама қувваҳо ва нафароне, ки ба миллати худ ва ватани худ хиёнат карда, ба ҳомиён ва сарпарастони хориҷӣ хизмат менамоянд, нобудӣ ва шармандагӣ мебошад.

 

Зафар Раҳмонов, устоди кафедраи забони давлатӣ

ва ҷомеашиносии ДПДТТ ба номи М.Осимӣ