Дар ҳоле, ки ҷаҳони муосир аз кашфиёту ихтирооти бемислу монанд тавассути расонаҳои хабарии олам баҳсу мунозираҳо ороянд, чанд «равшанназарону равшанзамирон»-и гурезаи тоҷик дар хориҷи кишвар бо таъсиси як форуми «озодандешон» гӯиё «инқилобе» дар ҷамъияти кунунии кишвар карданианд. Ин нафарон, ки ба гуфти худашон «камбудиҳои ҷомеаи кишварро таҳаммул карда натавонистанд» мехоҳанд, ба даври худ сиёсатмадорону олимони даврро кашанд. Ва бо ҳамин баҳона вазъи сиёсии кишварро муташанниҷ намуда, табадуллотеро ҷорӣ намоянд. Ин нақшаю орзуҳои онҳо аз афсонае беш нест. Зеро ки дар кишвари мо ба ҷузъ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар тӯдакаше нест. Ва мардуми болиданазар ва саодатгуҳар танҳо ба нафаре эътимоду боварӣ доранд, ки амалан корашро нишон диҳад. Таҷрибаи талхи аввали солҳои навадум, иқтисодиёт ва сиёсати ба рукуд рафта сабақи хуби таърихие хоҳад буд, барои ҳар яки воқеан равшанзамир.
Имрӯз Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо пешрав аст. Дар мисоли назари хосса ва таваҷӯҳ ба ҷавонони ба истилоҳ рақамӣ танҳо ҳамин нуктаро метавон ёдрас намуд, ки имрӯз дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои роҳандозии Ҳукумати электронӣ ҳамагуна шароитҳо муҳайё аст. Барои ҷавонони навовари соҳиблаёқат бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар озмуни беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис ёфта, ҳамасола беҳтарин барномасозон гирандаи ин ҷоиза мегарданд. Ҳамчунин Вазорати маориф ва илми кишвар низ дар доираи озмуни лоиҳаи инноватсионӣ барои беҳтарин олимони ҷавон тӯҳфаҳо медиҳад.

Дар донишкадаи мо низ барои рушд ва пешрафти технологияи иттилоотӣ ва дар ин замина огоҳии комил ёфтани ҷавонон аз навигариҳои илму техника воситаҳои хуби омӯзишӣ фароҳам оварда шудааст. Мо устодони донишкада мекӯшем, ки шогирдони мо аз маънавиёт ва сиёсат огаҳ бошанд. Рақибони сиёсии мо тариқи расонаҳои хабарӣ ҷор мезананд, ки кишвар рӯ ба «таназзул» ниҳодааст, аммо онҳо боре ҳам зикр намекунанд, ки замоне бинобар паст будани вазъи иҷтимоӣ сафи донишҷӯён дар мактабҳои олӣ кам буд. Ҳоло дар 39 муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар беш аз 200 ҳазор донишҷӯ таҳсили илм доранд. Ва аксари ин донишҷӯён таҳсилдидаи имрӯзи мактабу маориф ҳастанд. Онҳо такягоҳ ва нерӯи солими миллатанд. Пайравони Пешвои миллат ва ҷоннисорони ин миллати куҳанбунёд мебошанд. Мафкураи моро ягон қувваи аҳриманӣ дигар карда наметавонад.

Пас ба олимони кундзеҳн гуфтанием: «Зӯри беҳуда миён мешиканад.

Гуруҳе аз олимони кафедараи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ