Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва эътирофи гуногунандешии сиёсӣ, ҳамзамон тараққии технологияи иттилоотии замонавӣ воситаҳои таъсиррасонӣ ба шуури ҷавонон мухталифанд. Пайдост, ки аксари ҷавонони мо бо иттилооти сомонаҳо сарукор доранд ва ин раванди табиист. Вале суоле ба миён меояд: онҳо ин иттилооти пешниҳодгардидаро чӣ тавр қабул менамоянд?! Тарафи дигари масъала дар он аст, ки онҳо чаро ба иттилооти беасоси ҳангомаҷӯёна ва ё ғаразнок таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд?

     Ё худ ба ҳамагон равшанаст, ки дар ҷомеаи кунунӣ теъдоди зиёди ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳар яке аз ин ҳаракатҳо нақшаю барномаҳои хоси худро ҷиҳати рушди сиёсию иқтисодии ҷомеа доранд. Аммо дар байни ҷавонон афроде ҳам ёфт мешаванд, ки бо ҳадаф ва мақсадҳои ниҳоии ин ҳаракатҳои ҷамъиятӣ пурра шинос нагашта, фирефтаи ақидаҳои роҳгумзананда мегарданд. Яъне, чунин ақидаҳои роҳгумзананда ва пайгирии имрӯза садҳо ҷавонони сода ва камсаводи тоҷикро низ ба майдони мусулмонкушии Сурия, Ироқ, Покистону Афғонистон роҳнамун сохтаанд. Барои чӣ ҷавонони мо ба ин роҳ мераванд?

Таърих фаромӯш намешавад: ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро дар кишвар ҳамингуна ҳизбу ҳаракатҳо роҳбарӣ карда, сабабгори фоҷеаи мудҳишгардиданд. Бемуҳобот, чунин рухдодҳо, албатта, аз ҳодисаҳои нанговар барои миллати тоҷик мебошанд. Вале ба хотири наҷоти миллат гуноҳи аксари кулли ҷинояткорон бахшида шуданд ва ин ҳам барои ояндаи кишвари азизамон буд.

     Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкидан зикр кардаанд: «Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем ва сулҳу субот, ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт кунем».

Бале, ҷаҳду талоши бемонанди Пешвои муаззами миллат, роҳбарони дигар буд, ки зӯроварӣ, гурӯҳҳои силоҳдори ғайриқонунӣ, ки даст ба ғорати мардуми осоишта мезаданд, аз байн бурда шуданд. Вақти он аст, ки мо–ҷавонон фирефтаи идеологияи ғайр нагашта, ҳушёрӣ ва зиракиро пешаи худ намоем. Барои ободии диёр ва эмин нигоҳ доштани он аз чашми бадбинон аз дилу ҷон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Фаррух Аминов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд