Заҳмату талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат баҳри пешрафти мамлакат равона гардидааст. Ин абармарди таърихиро ояндаи ҷавонон бетараф гузошта наметавонад. Таърих ёд дорад, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон буд, ки  садҳо ҷавонони солҳои 80 –ум дар хоки Афғонистон асир афтода ба ватанашон баргардонда шуд. Маҳз ҳамин шахсияти таърихӣ буд, ки ҷавонони  роҳгумзадаи кишвар, ки дар муассисаҳои ғайриқонунии динии давлатҳои  хориҷа таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Агар мо ба Паёми Пешвои миллат, ки 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ назар афканем, нисбати ғамхорӣ ба ҷавонон аз вартаи нофаҳмӣ баргардонидани онҳо вазъи маорифи кишварро бо нишондиҳандаҳои назаррас баррасӣ намуданд: ”Мувофиқи назарсанҷе, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017-ум Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳанда-дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд”. Ин ғамхориҳо дар Соли ҷавонон якчанд маротиба афзун гардонида шуд.

Аммо вазнгӯёни назҳатӣ ба монанди Алим Шерзамонов аз худ қаҳрамон ва вафодори миллат тарошида бо мусоҳибаю мақолаҳои бесару нӯгаш авзои ҷомеаро халалдор намуда истодааст. Мусоҳибаи охирини ӯ дар мавриди авзои сиёсии Бадахшон бисёр нигаронкунанда аст. Ӯ худ кист, ки имрӯз ба ҳайси коршиноси масоили сиёсӣ вазъи ин минтақаро таҳлилу баррасӣ мекунад. Ӯ нафарест, ки як муддат домони ҳизби сотсиал - демократҳоро мегирифт. Аммо дид, ки “истиқболи гарм” нашуд, тарки диёр намуд. Имрӯз ҳамин манқурт мехоҳад, ки вазъияти кишвар бад шавад.  

Ба рағми ин носипосиҳо мо ҷавононро чунон тарбия намоем, ки сафедро аз сиёҳ фарқ карда тавонанд. Мо бояд  ҷавононро аз он амри маъруфҳои нодурусте, ки аз тарафдорони назҳатиён ба гӯшашон мерасад дур созем, дар бораи бо номи дини мубини ислом мансабталошӣ кардану суистифода намудани онҳо маълумоти дуруст диҳем. Бо номи дини ислом ташкил намудани ҳизб ин худ носозгориву ноадолатӣ аст байни мардум, алахусус ҷавонон.

Аз сабаби паст будани маърифати фарҳангӣ аксарияти ҷавонон дар бораи ба куҷо шомил шудану манфиату зарари онро намефаҳманд. Аз ин лиҳоз дар байни ҷавонон то ҳол ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун шомил шудан вуҷуд дорад. Маънои терроризм ва терроист, экстремизмро (ифротгароӣ)  намедонанд. Бо мақсади ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон мушаххас  бояд ба муқобили ин падидаҳои номатлуб мубориза барем.

 Имрӯз дар қатори созмонҳои иғвогари “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Салафия”, “Ваҳҳобия”... созмони тундгаро “Гуруҳи-24” бо тамоми қувваи худ ба сари халқи шарифи тоҷик бӯҳтонҳо, тӯҳматҳо мерезанд. Онҳо ҳоло ҳам баргаштан ба ватану ба боварии халқу ҷавонон сазовор шуданро умедворанд. Мардуми тоҷик алалхусус ҷавонон имрӯз кӣ будану чӣ гуна сирату сурат доштани Кабириҳоро дарк карданд. Имрӯз ҷавонони мо, ба он бардурӯғҳои назҳатиёну садақаи барояшон маззадорӣ аз ҳисоби хориҷиён гирифта ба ҷавонон пешниҳод мекардаи онҳо, муҳтоҷ нестанд. Имрӯз фаҳмиши динии мардум бакуллӣ тағйир ёфтааст, хусусан ҷавонон. Назҳатиён, магар ҳоло ҳам дарак надоранд, ки халқи тоҷик бо ҳукумату мардумаш якдилу якмаром аст.  Ба ақидаи Кабириҳо гӯё дар Тоҷикистон имрӯз дин зери по шуда бошад. Ҳар як шаҳрванди мусалмони тоҷик аз тоҷику тоҷикистони будану эътиқоди дини мусулмонӣ доштанаш шукр мекунад. Ҷавонони тоҷик аз Ватани зебову манзараҳои нотакрори он лаззат бурда нисбати хоинони ватан нафрат доранд, дар ғарибӣ ба кӣ дарафтодону ба кӣ чӣ тӯҳмати навбатиро раво дидани назҳатиён ин худ далели гуфтаҳои болост.

Мо ба ҷавонон ба воситаи дарсҳои фарҳангшиносӣ, таърихи дин, сиёсатшиносӣ ва дигар фанҳое, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаи мактабҳои олӣ ворид карда шудааст, ба воситаи китоби муқаддаси мусулмонони тамоми рӯйи замин “Қуръон”, ки ба воситаи дастгирии Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, дигар китобҳое, ки маълумоти диниву дунявии ҷавононро тарбия мекунад истифода намоем, ба ҷавонон омӯзонем.

Ба ин масъала на фақат устодони донишкадаву мактабҳои миёна, балки падару модар низ дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” роҳандозӣ намоем.   Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо мақсади тарбияи маънавӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, меҳанпарастӣ, ба фарҳанги бегона тақлид накардани ҷавонону занон, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нагардидани онҳо аҳамият дода бошем.

Таваҷҷуҳи ҷавононро дар бораи суръати баланди рушди саноат, истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ, барномаҳои миёнамуҳлати мамлакат, кишоварзӣ ва ғайраҳо ҷалб намоем.

 Манзура Машарипова,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд