Ҳамкории донишкада бо лоиҳаву барномаҳои байналмиллалӣ сол то сол тақвият меёбанд. Нишонаи возеҳи чунин ҳамкориҳо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави озмоишгоҳ дар доираи ҳамкориҳо дар факултети муҳандисӣ - технологӣ ва  дар расми ифтитоҳи он ширкат варзидани як қатор меҳмонони баландпоя мебошад. Ба фаъолият шуруъ намудани сехи нонпазӣ дар назди парки технологӣ низ самараи чунин ҳамкориҳо аст.

Санаи 11 апрели соли равон бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои хориҷӣ дар толори донишкада семинари маълумотии барномаи байналхалқии Erasmus+ баргузор гардид. Дар кори семинар донишҷӯён, устодон ва кормандони донишкада, танзимгарони лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуридинова Заррина, мутахассиси Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин корманди лоиҳаи Erasmus+ Нурова Санавбар ширкат варзиданд.

Зимни баргузории чорабинӣ Нуриддинова Заррина оид ба барномаи мазкур маълумоти пурра дода, моҳият ва имкониятҳои онро маънидод намуд. Қайд карда шуд, ки Erasmus+ барномаи Иттифоқи Аврупо дар соҳаи дастгирии таҳсилот, омодакунии кадрҳо, ҷавонон ва варзиш мебошад. Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати ҳамкор ба ин баронома дохил гардидааст. Фаъолияти молиявии барнома дар асосии маблағгузории он, лоиҳа, стипендия сурат мегирад.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бошад, яке аз фаъолони аъзои лоиҳа буда, тайи чанд соли охир аст, ки бо барномаи мазкур равобит ва ҳамкории мустаҳкам дорад. Чанде аз устодону донишҷӯён аллакай таҳсил ва таҷрибаомӯзиро дар бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии  мамлакатҳои дигар идома додаанд.

Дар анҷоми қисми шиносоӣ бо барномаи Erasmus+ аз ҳамаи иштирокчиён анкета оид ба барнома ва дархосту пешниҳод гирифта шуд.

Қисмати дуюм бо иштироки устодону кормандони донишкада сурат гирифт. Нуридинова Санавбар дар мавзӯи “Системаи дохилии таъминоти сифат дар муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Номбурда оид ба шароити таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, баландбардории сифати таҳсил дархост ва пешниҳоди худро манзури ҳамагон намуд. Ҳамчунин, зикр намуд, ки барои баландбардории сифати таълим 5 сатҳи асосӣ муҳим аст. Ин ҳам бошад, баландбардории сифати таълим дар сатҳи ҷомеа, дар сатҳи системавӣ, дар сатҳи муассисаҳои олии касбӣ, дар сатҳи малакаи устод ва дар сатҳи донишҷӯ мебошад. Баъди маъруза устодон фикру дархостҳои худро оид ба сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои олии касбӣ баён намуданд.

Семинари мазкур дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, барои пешбарии фаъолияти донишкада дар самти ҳамкориҳои дуҷониба бо барномаҳои хориҷӣ мусоидат намуд. Донишкада, аз ҷумла, Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки пайваста робитаҳоро мустаҳкам намуда, фаъолияти пурсамарро пеш барад.