(Дар ҳошияи Муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат )

 Асри 21 дар баробари рушди илму техника, ҳамчунин барои амнияти ҷомеа хатарҳои зиёде ба бор овард. Зеро барои гурӯҳҳои алоҳида, ки ҳадафашон ноором кардани ҷомеа мебошад, интернет воситаи зуд паҳн намудани  иттилоот гардидааст. Агар дар соли 2004 дар ҷаҳон ҳамагӣ 12 сомонаҳои террористиву эктремистӣ мавҷуд бошанд, пас соли 2011 ин рақам ба 4200 сомона расида, айни ҳол теъдоди ин гуна сомонаҳои манфиатҷӯ ба 10 ҳазор адад расидааст.

Маврид ба зикр аст, ки   оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Аз назарсанҷиҳои маркази татқиқотии Ренд бармеояд, ки аз соли 1982 то кунун дар ҷаҳон наздик 1000 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 10000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Агар мо ба хусусияти амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони бо худкушӣ терроркунанда барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд ва нияташон на ҳамеша нобуд кардани симои мушаххас аст.  Аз ин xост, ки аксаран мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар сари аз кадом табақаи ҷомеа будани террористи худкуш коршиносон ба чунин хулоса омадаанд: Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, мӯътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

Яъне, метавон хулоса кард, ки терроризм стратегия ва тактикаи мубориза мебошад. Аз он истифода намудани ташкилотҳои фоҷеаовар ҷой дорад. Барои ҳамин ҳам пеш аз ҳама барои истифода нашудан аз ин тактика чорае бояд андешид. Ин чора муборизаи дастҷамъона алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва характери террористидошта мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиёти муташаккилона як қатор давлатҳои ҷаҳон имрӯз тавонистанд, ки «майдон»-ро барои гурӯҳҳои ҷангҷӯй танг намоянд. Барои робита ва муттаҳидшавии ин гурӯҳҳо роҳ надиҳанд.

      Миллати мо, ки 1300 сол ин ҷониб пайрави дини мубини ислом ҳастанд, бо меҳри беандоза, дили саршор аз имону имонпарастӣ ба арзиши ин дини инсонпарвар, накӯхисол арҷ мегузоранд. Дар ин ҷода амалҳои созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар, хоссатан иқдомҳои маъавиасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб шуданд, ки соли 2009 дар  ҷумҳурӣ Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардида, санаи 26 феврали ҳамон сол конфронси ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд доир шуданд. Президент зимни баромади хеш таъкид доштанд, ки «Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ - тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст. Сарзамини ниёгони мо ҳанӯз аз оғози тамаддуни давлатдорӣ яке аз марказҳои маънавиёт, меҳвари воқеии фарҳанги асилу пешрафта ва арзишҳои зиндагисоз буда, дар амри пазируфтани арзишҳои неки тамаддунҳои дигари ҷаҳонӣ, аз ҷумла тамаддуни исломӣ бо таҳаввулоти рангине рӯбарӯ шудааст. Дини мубини ислом тадриҷан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҷдоди моро хеле таҳким бахшид ва густурда сохт. Дар ин раванд аввалин шахсе, ки гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳоро дар дохили уммати исломӣ матраҳ кардааст, Имоми Аъзам буд. Ӯ мазҳаби фиқҳиеро поягузорӣ кард, ки рафъи низои тамаддунҳоро дар чаҳорчӯбаи шаръии тамаддуни исломӣ осон гардонид. Маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ дар масъалаи гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдро дар меҳвари арзишҳои ислом нигоҳ дошта, дар баробари ин тавонист, ки қаламрави нуфузи онро васеъ гардонад.  

Дигар аз иқдомоти наҷибе, ки барои ҳар фарди мусулмон беҳтарин армуғон аст, ин ба ҳуруфоти кириллӣ баргардонидани китоби муқаддаси ислом «Қуръон» аст, ки ҳар касе метавонад аз оятҳои каломи Раббонӣ баҳраи беш бигирад. Мухимтар аз ҳама имрӯз дари масҷидҳо ба рӯи намозгузорон боз аст, адабиётҳои динӣ фаровонанд. Пас барои мусулмони ҳақиқӣ будан барои мо чӣ намерасад. Мутаассифона, бадбинони миллат, онҳое ки аз номи ислом бар зиди ислом кор мебаранд арзиши мусулмонии шаҳрвандонро бо аъзошавӣ ба ҲНИ чен карданд. Фарҳангу ғояҳои бегонапарастиро дар шуури сокинон маҷбуран таҳмил карданд. Агар хиради воло, ташаббускорӣ, ҳушёрии сиёсии Роҳбари давлат намебуд, ин сиёҳкорон кишвари моро дубора ба вартаи ҷанг мебурд. Зеро мақсади онҳо тараннуми ваҳдату дӯстӣ, пешрафти дину хештаншиносӣ нест, ҳадафи онҳо нооромии ҷомеа, бунёди давлати фундаметалистӣ вабо ин васила гарвиш ба терроризму экстремизм мебошад.    

Бадбахтона, солҳои охир бо ҷурми ноогоҳӣ ва гумроҳӣ наздики 300 нафар ҷавонони вилоят ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ворид шуда, ҷони ҷавони худро ба хатар гузоштаанд. Бадбахтиаш он аст, ки аксаран тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд ва бо худ зану шавҳрашонро низ мебаранд. Як амали сабукбор боиси бадбахтии оила, пайвандон ва ниҳоят миллату давлат мегардад. Шумоён зиёд наворҳоеро дидаед, ки ҷавонони мо аз ин роҳи интихобкардаи худ пушаймонанд ва як каф хоки Ватанро беҳтар аз симу зари  ваъдагии хоҷагон донистанд.

Чанд рӯзи охир дар телевизиони вилояти Суғд гузорише аз рӯзгори ду зани истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов рӯи навор омад, ки имтиҳони сахту сангини қисмати талхи онҳо нақл мекунад. Ин нафарон бо даъвати шавҳару дигар наздиконашон, ки онҳо низ ба фиребу дасисаҳои аъзои ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ба чунин роҳ рафтанд, дар давлатҳои Сурияву Афғонистон зиндагонии бадтар аз сагонаро аз сар гузарониданд. Онҳо шоҳиди қатлу куштор ва бедодгарии ҷАнгиёти ДИИШ ва толибонро диданд ва чун бо ҳидояти давлат ва Ҳукумати кишвар ба Ватан баргаштанд, аввалин коре, ки анҷом доданд, хоки ин замини муқаддасро бӯсиданд, ашки шодӣ реҳтанд ва ба Роҳбари давлат арзи сипос намуданд, ки чунин кишвари озод, муҳтити хуби зиндагиро бароямон муҳайё сохтанд. Пас барои мо чӣ намерасад, ки имрӯз дар мулки бегона, ки фарҳангу оини ба мо наздик надорад, худро қурбони ҷаҳолат мекунем.

Ман ба андешаи олими номвари соҳаи дин Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода комилан тарафдорам, ки менигоранд «Агар мо андешаи миллиро пойдор ва муқаддасоти онро устувор нигаҳ дорем, саодати миллат бардавом ва  дар он вақт рӯҳи бузургон аз мо шод, кишвар обод ва миллат сарбаланд мешавад»

Вазифаи мо роҳбарони мактабҳои олӣ ин ба дурустӣ омӯзонидани фанҳои тахассусӣ, ҳушёрии сиёсии ҷавонон, такмили дониш ва дар тинати онҳо бедор кардани эҳсоси худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизу шарифи кишвар мебошад.  

Аз донишҷӯён, ки аксаран огоҳии комили сиёсӣ доранд, даъват ба амал меорем, ки такягоҳи асосии давлату миллат гардида, ҳамсафони худро, ки дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаанд, аз оқибатҳои нанговари ин амал огоҳ созанд. Баръакс бо баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ бояд мо ташвиқи тарзи ҳаёти солимро пеш барем. Он гоҳ фардои ин миллат дурахшон хоҳад буд.

Аминем, ки дар ояндаи наздик ин гуна ташкилотҳо аз беху бун нест карда хоҳанд шуд ва дурахши офтоби сулҳу амният саросари ҷаҳонро нурпошӣ хоҳад кард.

 

Саидӣ Дилафрӯз Раббизода,

директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,

номзади илмҳои техникӣ