Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз онро бо шукӯҳу шаҳомати хосаш дар тамоми олам мешиносанд, бархе аз зодагони хиёнаткору кӯрнамак ва кӯрсаводаш бо ношукрии беш мустақилияти кишварро пушти по мезанад. Вале бояд донист, ки истиқлолият, демократия ва сулҳу дӯстӣ ба маънои томаш дар Тоҷикистон аст.

Мусаллам аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбари хирадманду оқилаш ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфтааст, зеро он дорои потесиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони  тинаташон поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёди Пешвои муаззами мо ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст.

Ин ҳама талошҳои бевоситаи Пешвои миллатро тарафҳои мухолифин нодида гирифта, ҳар чи сухан вирди забонаш омадааст, бо зиёдаравии беш тавасути расонаҳои хабари дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудаанд. Дар асл ин гуна изҳороти аз ҷониби мухолифон дар мисоли намояндагони “башардӯстӣ” назҳатиҳо паҳн гардидааст аз нигоҳи навишт танқиди ҳукумати кишвар ва корнамоии Пешвои миллат бошад, чуқуртар назар андозем, ин таҳрику ташвиқ ба гурӯҳҳои мухолифи давлатӣ, яъне ҷалб намудан ба ташкилотҳои терористӣ мебошад. Кабирӣ ва умуман шогирдони ин назҳатиҳо, ки фирорианду дар дохили кишвар амал карда натавониста истодаанд, шабакаҳои иҷтимоиро васеъ истифода кардаанд. Ҳоло шабаккҳои интернетӣ ба тамом аз мактубу корнамоиҳои намояндагон ва роҳбарияти ТЭТ ҲНИ пур гаштааст. Ин ҳама фаъолияти “ватанхоҳии онҳо” танҳо барои гумроҳ намудани халқ аст ва истифодаи сомонаҳои интернетӣ василаи хубе гардидааст, ки онҳо тавассути он мардумро бо дасиса оварда фиреб кунанд. Алайҳи давлату миллат ҳар гуна тӯҳамтҳо носазо карда мардумро зидди якдигар шӯронанд. Ин Кабирии “таърифӣ ва истилолхоҳро” бинед, ки худро давомдиҳандаи босмачиёни ҷангталаб унвон дода, шогирдонашро идомабахшандаи кори худ номидаст.

Имрӯз Кабирӣ ва назҳатиҳояш дигар мавзӯи танқид наёфтааст, ки пушти Пешвои миллат ва Карим Оғохонро гирифтааст. Якбор Шумо андешед, ки агар Карим Оғохон нияти бо Тоҷикистон буданро намедошт, чи ҳоҷат буд, ки барои бинои ДОМ санги асос гузорад. Дар масъалаи чанде аз намояндагони вафот кардаи гуфтаатон иброз мекунам, ки агар умр вафо нокарда бошад, айби Сарвари давлат дар чист? Дар куҷои олам ва дар кадом кишвар дидаед, ки ягон нафар бо рӯзи каси дигар зиндагӣ кунад. Умраш ба поён расидааст ва дар тақдираш будааст, ки дар роҳ реҳлат намояд. Ин васвасаҳои Шуморо дилам зад, намешавад, ки паи мавзӯҳое шавед, то мардумро каме эҳсосотӣ кунад. Он масъалае, ки бобати ҷинояткорон Сарвари давлат иброз намудаанд, ҳақ ҳастанд, зеро то кай мо месозему чунин бадтинатон месӯзонанд. Айнан ба мисли ҳодисаҳои аз сар гузаронидаи Тоҷикистон, ки асари онро то ҳол мебинем. Ин қарори бениҳоят олист, ки бояд ҷомеа аз чунин нопокиҳо орӣ бошад ва мардум ҳаёти осоиштаро гузаронанд.

Ҳатто ба воситаи оинаи нилгун низ чанде аз ҷинояткоронро дастгир намуданд, ки дар шаҳри Хоруғ зиндагӣ менамоянд ва аз хонаҳои истиқомати эшон бисёре аз лавозимотҳои ҷангиро паёдо сохтанд. Дар ҳақиқат баробари дидани ин манзара суол ба миён меояд, ки ба қавле сарвари давлат иброз намуданд: “ Ин ҳама барои чист ва бар зидди кист?”

Ҳама медонад, ки Пешвои миллат барои мо ҳама дастовардҳоро тақдим сохт, ки аз ҳама муҳимтарини неъмати бебаҳо истиқлолият ва озодист.

Ҳамватанони азиз ҳар кадоми Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед, зеро ин омил боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдори тоҷик, пойдор мондани истиқлолият  хоҳад шуд, дар ҳамин замина тамоми мардуми миллатамон бо сарфарозӣ аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешравии сиёсати кунунии Ҷумҳуриамон саҳми сазовореро гузоранд.

Тоҷику Тоҷикистониён худ мардуми босаводу бофарҳанганд ва медонанд, ки к адом роҳ барои зиндагии шоистаи мардум ҷоиз аст. Аз ин рӯ ягон ҳоҷате вуҷуд надорад, ки мардумро бо чунин суханони фитнаангез алайҳи якдигар шӯронида, вазъи оромиро муташанниҷ гардонанд.

Мазбут Холиқов, унвонҷӯйи кафедраи нақлиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд