Мо хеле хуб дар хотир дорем, ки  баробари соҳибистиқлол шудани ватани маҳбубамон –Тоҷикистон, ҲНИ фаъолияти сиёсии хешро оғоз намуд ва дар ҳама гӯшаю канори ватанамон бо воситаи аъзоёну ҷонибдоронашон тарғиботи сиёсии худро ба роҳ андохта, аз илми дини муқаддаси ислом маккорона ба зеҳну тафаккури ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҳадафҳою ниятҳои нопокашон тарғибгарӣ мекарданд. Ва ҳатто тавонистанд, ки баъзе аз пешвоёни худро ҳатто ба олитарин маҷлиси ҷумҳурӣ ба ҳайси вакили мардумӣ дар Маҷлиси Олии кишвар ҷойгузин намоянд. Ин ҳизби аз ҷониби аҷнабиён таъсис дода, тавонист, ки ҳатто дар муҳити маънавию сиёсии кишвар нобасомониҳои хело нангинро ба бор оварад ва дар як муддати хело кӯтоҳ ду майдонро ба миён овард, ки ҳатто писар ба муқобили падар менишаст. ҲНИ, ки воқеан ҳадафҳои нопок ва разилона дошт тавонист, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии ҳомиёни хориҷиашон ҷанги бародаркушро оғоз намуда, ҳазорҳо одамонро бехонаю ҷой ва садҳо одамони бегуноҳро ба коми марг кашад.

ҲНИ инчунин тавонист, ки садҳо ҳазори дигар одамонро бадном ва аз Ватан дур созад. Бо сарварони ин ҳизби маккору сияҳандешаву сияҳмақсад фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти муаззами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар хориҷи кишвар ҷони азизи худро ба кафи даст гирифта, вохӯриҳо ташкил намояд ва мулоқотҳои тӯлониро ба роҳ андозад. Бо заковати  фозилонаи азалии хеш  Сарвари давлат тавонист, ки сарвари ҲНИ-ро ба сари мизи музокироти шинонанд ва ба эшон мулоқотҳо орояд ва билохира соли 1997 Созишномаи беназири Ваҳдати миллиро бо сарварони ин ҳизб ба имзо расонад. Тибқи ин созишнома қисме аз аъзоёну ҷонибдорони ин ҳизби хиёнатпеша соҳиби вазифаҳои гуногун дар Вазорату муассисаҳои гуногун гардиданд.

Ин носипосону хиёнатпешагони миллату ватан ба ҳамаи боварию самимияти Сарвари давлат носипосию курнамакона, ноҷавонмардона рафтор намуда, боз хостанд, ки дар Тоҷикистон хуни ноҳақ рехта бо воситаи табаддулоти давлатӣ ба сари қудрат оянд.

Бадхоҳони миллат ба нияти нопоку разилонаи хеш нарасиданд. Зеро миллати бедору ҳушёри мо аз ҳар вақта дида муттаҳидтар гардида, сиёсати хирадпарваронаи Президенти мамалакатро дастгирӣ мекунанд. Мо як Ватан ва як сарзамини биҳиштӣ дорем ва онро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт мекунем. Зеро ин Ватан хонаи мост Пешвои миллат Пешвои воқеан ҳам мардумии мост.

Солиев Зоҳир Тоирович,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент,

устоди ДПДТТ, собиқадори меҳнат