(дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам»)

Ҳамаи мо хуб медонем, ки сатҳи маънавиёти ҷомеа аз чигунагии дониши сиёсиву фарҳангии сокинонаш вобастагии калон дорад. Агар дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа андешаи солимро ҷо созем, пас миллат ба сӯи ободиву пешрафт майл мекунад. Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини зимоми давлатдориро бар дӯш гирифтанд, маҳз ба хотири беҳдошти маънавиёти сокинони кишвар, баланд бардоштани фарҳанг ва маданияти аҳли ҷомеа саъй варзиданд. Ва меваи ин кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллатро имрӯз мо дар рӯзгори худ дида истодаем. Мутаассифона, ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии кишвар дар баробари пешрафти маънавиёт, ҳисси худшиносии миллӣ буданд гурӯҳҳое, ки ин ҳама пешравиҳоро чашми дидан надоштанд. Онҳо ба ифротисозиву заҳролудшавии маънавиёти мардум тамоми кӯшишҳои худро равона мекарданд. Бадбахтӣ дар он аст, ки афроди зиёде ба хотири таассуб майл ба чунин гурӯҳҳо доштанд. Бояд зикр намуд, ки дар ҳамаи давру замонҳо боздорандаи рушду пешрафти ҷомеа ва омили нооромиҳову гирифториҳо таассуби динӣ мебошад. Таассуб навъе аз ҳолати рӯҳию равонии шахсест, ки бар эҳсосот асос дорад, на ба ақл. Аз ин рӯ, таассуби динӣ заминаи асосии равонии экстремизм ва терроризми динӣ гаштааст. Шомилшавии аксари аъзоёни ҲНИ низ он солҳо аз рӯи пайравиву таассуб буд. Агар таассуб намебуд наҳзатиён шумораи аъзоёни худро беш аз 25 ҳазор нафар намегуфтанд. Дар суҳбати як нафар аъзои собиқи ҲНИ қарор доштам. Номбурда эътироф кард, ки ба масҷид рафтану дар маҷлисҳои ошкорову пинҳонии наҳзатиён иштирок кардан аз рӯи таассуб буд. Чун ҳамсояам ин амалҳоро анҷом медод, ман низ хостгори ин ҳизб шудам. Аслан дар бораи ин ҳизб ягон маълумоти мукаммале надоштам. Ва иқрор мешавам, ки аксари аъзоёни ХНИ худ намедонистанд, ки аъзои ин ҳизбанд.  Маҳз тафаккури танги баъзе аҳли хурофот, махсусан ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломӣ аст, ки бо истифода аз бовариҳои динии мардум бо дастури хоҷагони хориҷиашон кӯшиш мекунанд монеъи рушду пешравӣ гардида, мардуми диндорро ба бозичаи дасташон дар роҳи хиёнату хилофкорӣ табдил диҳанд.

Аёмиддин Сатторов ва Эшони Қиёмиддини Ғозӣ яке аз муассисон ва мубаллиғони ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом дар баёнияҳои худ дар филмҳои ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва «Решаҳои ноаён» иқрор шуданд, ки онҳову садҳо нафар ҳанӯз даврони шӯравӣ дар интихоби мавқеъ хатои калон кардаанд. Маҳз ин нафарон, ки аз адабиёти динӣ бохабар буданду хату саводи исломӣ доштанд бо вуҷуди донишмандии худ ба таассуби роҳбарони олии ҳизб гирифтор гаштанд. Аниқтараш қудрат дар дасти онҳо набуд. Бино бар нақли Аёмиддин Сатторов ин ҳизб дар заминаи ҳизби пурнуфузи Ҷумҳурии исломии Эрон бо номи «Ҳизбуллоҳ» созмон ёфта, барои ҷалби мазҳаби шиа, нооромии ҷомеа равона гардидааст.  Аз нақли ин нафарон маълум мегардад, ки ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиашон, ки мехоҳанд мардуми тоҷик ҳарчи бештар дар чоҳи хурофот ва торикиву ҷаҳолат гирифтор бошад, бо охирин қувваи нопоки худ кӯшиш карда истодаанд дар ҷомеа фитна ангезанд ва тоҷиконро миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати хурофотиву ифротӣ ҷилва диҳанд.

Пас аз ба сари қудрат омадани Муҳиддин Кабирӣ хоҷагони эронӣ аз он табли шодӣ заданд, ки нафаре ба роҳбарияти ҳизби наҳзати исломӣ омад, ки оромони чандинсолаи онҳоро пиёда месозад. Барои тақвияти ҳизб маблағҳои калон фиристода мешуд. Мубаллиғони ҳизб қисме аз ин маблағҳоро барои рушди соҳибкории худ сарф мекарданд. Яке аз чунин соҳибкорони муваффақ Илҳом Ёқубов, сарвари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд буд, ки бо бизнеси мошини худ дар шимоли кишвар ном бароварда буд. Наим Самиев, роҳбари ҲНИ дар вилояти Суғд низ тавассути шогирдони хеш дар мулки Русия низ аз фурӯши меваҳои хушк даромади беш мегирифт. Сарчашмаҳои молиявии ин бизнесменони наҳзатӣ маҳз маблағи хоҷагони эрониашон буд. Бизнес роҳи худро дошту онҳо бо баргузории  ҷаласаву брифингҳо, нашри китобу брошураҳо ва мақолаҳои муғризонаи хеш дар нашрияи «Наҷот» сафи таассубкоронро зиёд мекарданд. Нақши ҲНИ дар хориҷи кишвар, хосса дар мулки Русия низ калон буд. Cайидқиёмиддин Ғозӣ иқрор шудааст, ки дар Федератсияи Русия барои ҷалби аъзо ва фиристодани онҳо ба шаҳрҳои Қуму Мозандарони Ҷумҳурии исломии Эрон барои омодагии ҳарбӣ кӯшишҳои зиёде кардааст. Ин нуктаро Аёмиддин Сатторов низ тасдиқ карда, афзудааст, ки садҳо ҷавонони тоҷик бо дастури Муҳиддин Кабирӣ дар ин шаҳрҳо аз лагери террористомодакунӣ мегузштанд. Ва хоҷагони Эронӣ бо Муҳиддин Кабирӣ нақша доштанд, ки дар Тоҷикистон табадуллоти давлатие анҷом дода, сокинонро маҷбуран ба шиапарастӣ даъват созанд. Худи Муҳиддин Кабирӣ низ дар яке аз муроҷиатҳои худ гуфта буд, ки «Ин бор бо ғалаба хоҳем баргашт». Ин ҷо суоле бармеояд, ки аз куҷост чунин боварию эътимод? Посухи савол он аст, ки Муҳиддин Кабирӣ ба сарварони худ эътимоди зиёд дошт ва дорад.

Аммо ҳар чи қадаре Муҳиддин Кабирӣ «бегуноҳии худ»-ро исбот карданӣ мешавад, ҳамон андоза гуноҳҳои кардааш рӯи об баромада истодааст. Ва мардум имрӯз чеҳраи аслии ин инсони манфурро дида истодаанд. Яъне решаҳои ноаёнии ҳизб аён гардида, нафарони наздикаш ӯро тарк карда истодаанд. Охир ба ки ҷаҳаннам лозим аст. Бозгашт аз ҷаҳаннам ба мулки озоду биҳиштии кишвар онҳоро ба зиндагии ростин ҳидоят мекунад. Пас Кабирӣ ва «ёрони бовафояш»ҳеҷ вақт пирӯз нахоҳанд шуд. Зеро бунёди қасри зулму истибдод зуд мешиканад.