Шукри истиқлолият, ки дар ин даврон Тоҷикистон  аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт, миллати тоҷик бошад, дар дар қатори дигар миллатҳо ҷойгоҳи амиқи худро дар байни миллатҳои дигари ҷаҳон пайдо  намуд. 

Мардуми сарбаланди тоҷик аз азал башардӯсту фидокор ва меҳанпарасту ватандӯст буд ва ин оини нек то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Имрӯз тамоми мардуми Тоҷкистон дар атрофи Пешвои муаззами хеш сарҷамъ омада, баҳри пойдор намудани сулҳу субот, якдиливу якзабонӣ ва тинҷиву оромии кишвар талоши беш аз пештара намуда истодаанд.

Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳои бе маънист. Аз ин ҷост, ки ҳар кадоми моро зиракии сиёсӣ мебояд, то ба тӯҳмату дурӯғҳои тарафҳои мухолифони миллат гирифтор нагардем. Зеро чунин нафарони нохалаф ҳамеша дар нияти нобуд кардани ин сарзамин буданд ва то имрӯз бо ҳар роҳу равиш мехоҳанд мақсади нопокашонро амалӣ созанд. Дастовардҳои бузурги миллатро нодида мегиранд, қаҳрамониҳои Пешвои миллатро намехоҳанд, мардумони орому дар фазои истиқлол зиндагони кардаистодаро ба иғво меангезанд, билохира чи коре хоҳанд, карда истодаанд. Вале як чизро бояд донанд, ки «давидани гӯсоларо то пеши каҳдон» гуфтаанд. Ин фирориён, ин назҳатиёни беимон то кай ба арзишҳои миллии мо зарба мезананд, гарчанде, ки мо ба ин иҷозат надода истодаем. Вале ин хоҳиши нопоки онҳоро ба наздиктарин фурсат барҳам хоҳем дод. Бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бо худогоҳии миллӣ.

Дуруст ба мисоли чунин бӯҳтонҳое, ки дар гузашта нисбати миллати мо намояндагони ТЭТ ҲНИ аз ҳар гӯшаи олам пинҳониву паси пардагӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн сохта истодаанд, боз як васвасаи ҷадид.

Мирзохӯҷа Исмоилов, ки замоне аъзои азҳоби мамнӯъ гаштаи Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ буд, то имрӯз аз ин кишвари олам ба дигараш бо фирор намудани аз гуноҳҳои хеш, ки ба ҳабс гирифта мешавад, дар ба дар гашта буд. Айнан тавре худи намояндагони мухолиф қайд намудаанд, ҳеҷ кадом давлати дунё ӯро ҳатто паноҳанда низ ба кишвараш роҳ надодааст. Аз ин лиҳоз аз пушаймонии ӯ мақомоти давлати огаҳи пайдо намуда, барои авфи ӯ қарор баровардааст, ки дар ҳақиқат аз корҳои зишту ифротгароёнааш пушаймон бошад, ӯро авф хоҳанд, кард. Аммо инро намояндагони ТЭТ ҲНИ рад намуда , бо хости худ, ки бо ин роҳ барои қарори мақомоти Тоҷикистон зарба заананд, гуфтаанд, ки Мирзохӯҷа Исмоилов ҳеҷ гоҳ аъзо ва пайрави ин ҳизб набудааст. Аминам, ки аз ин канорагирии ҳаммаслаконаш, худи Мирзохӯҷа Исмоилов фаҳмида ва пушаймони намудааст, ки аъзогии онҳоро намояндагони ҳизб аз роҳбараш оғоз карда барои манфиатҳои хеш истифода намудаанд. Вагарна чаро рад мекунанд, ки ӯ аъзо набошад. Гузашта аз ин мақомот касеро барои чизе маҷбур намесозад, инро борҳо дар дигар изҳоротам низ баён сохтаам, ки дар Тоҷикистон озодии баён ҳукмрон аст. Тоҷикистон давлати демократист ва сохти онро ба касе иҷозат намедиҳем, ки вайрон созад, хосатан ба шумобарин «имондорони беимон». Зеро ин ҷо заминни муқаддаси мардумони муқаддас аст.

Аслан Мирзохӯҷа Исмоилов банди фиреб ва макру ҳияли як тан аз фирориёни наҳзатӣ  Илҳом Ёқубов гардида, ҳамон тавре ки гуфтем, чандин моҳ сарсону саргардон гашта буд. Ӯ худ ихтиёран, бо амри дил ба Ватан баргашт ва ягон нафар аз мақомотҳои қудратӣ ӯро мавриди фишор қарор надодаанд. Ин наҳзатиён хастанд, ки аз ояндаи худ ҳавотир шуда, имрӯз ба чунин иғвоҳо даст мезананд.

Фавҷи зиёди баргаштани собиқ наҳзатиён имрӯз cаркардаҳои ҳизбро ба ташвиш овардааст.  Аз  ин рӯ, онхо омодаанд, ки имрӯз бо роҳи авомфиребӣ дили мардумро ба даст оваранд.

Манзура Машарипова,

устоди фани забони русии ДПДТТ