Мусаллам аст, ки ҷомеаи имрӯзаро яке аз зуҳуроти номатлуб афзоиши ташкилотҳои терористиву ифротӣ фаро гирифта, он хатари ҷиддиест, ки барои амнияти миллии чаҳони муосир. Имруз вазифаи мост, ки ояндаро бо дастони худ дурахшандатар гардонем, зеро миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта, мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд. Боиси сарфарозиҳои мост, ки имрӯз ҷавонони давлати мо таҳти сарварии бевоситаи Пешвои миллати тоҷик таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда,  самти сиёсати ҷавононро дар миллат боло бардоштаанд.

 Моро мебояд, ки лаҳзае аз ёди ватан дур набошем, ватандорию ватансозиро вазифаи муқаддас бидонем. Зеро оянда ба пойдории ин давлату мардуми тамаддунсозаш аз кирдор ва ҷаҳду талошҳои ҳар яки мо вобаста аст.

Тоҷикистон аз рӯзе, ки соҳиби мустақилият шуд, мардумонашро дар атрофи худ ҷамъ намуда то имрӯз орому осоишта зиндагонии оромро паси сар менамояд, аммо  чунин зиндагонии мардуми мо ба рои бархе аз тарафҳои муқобил хуш намеояд, зеро тафаккури онҳоро танҳо амалҳои ғайриинсонӣ ғасп намудааст.  Маҳз ба ҳамин хотир, вазифаи ҷоноҷон ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпарвар дар марҳалаи кунунии миллат, пеш аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ ва устуворгардонии пояҳои сулҳу амният, ҳифзи муқаддасоту арзишҳои Ватан ва пос доштани арзишҳои бузурги ватандорӣ, бахусус неъмати муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки ин ҳама дар ягонагиву сарҷамъӣ ва кору фаъолияти аҳлонаи мардуми тоҷик ифода мегардад.

Имрӯзҳо ҳар гуна амалҳои террористиву  экстремистиро  тариқи расонаҳои хабарӣ  мешунавем, ки  ин тамоми  мардумро  ба ваҳм меоварад, тарсу  ваҳшониятро дар  наҳоди мардум  ҳукмрон намуда, вазъи руҳонии эшонро табоҳ  намуда  истодаанд. Мушкилӣ  дар он аст, ки ба ин ҷанги  иттилоотии бемаънои  нотавонбинон ҷавонони  кишвари мо низ  ҳамроҳ шуда, ҳаёти  ҷавони худро  беамният  мегузаронд, ҳол он ки дар даврони  ҷавониашон эшон  бояд  илм омӯзанду  дар пешрафт ва  тараққиёти ин  сарзамин  саҳми  босазои хешро гузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулокоту паём ва баромадҳояшон иброз менамоянд, ки бояд мо ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ҳама вақт кӯшиш намоем, ки ин ватанро аз ҳамаи оризиҳо пок нигоҳ дошта баҳри вусъат бахшидан дар самти тараққиёти он саҳмгузор бошем. Ба он маъни ҳар дафъа аз зиракии сиёсӣ ҳарф меҳаданд, ки агар мо имрӯз сиёсати кунунии давлатро ҳимоя кунем ҳеҷ гоҳ гирифтори ҳолате намегардем, ки моро табоҳ созад.

Мо набояд таърихи худро фаромӯш намуда, амнияти кишварамонро дар хатар монем, зеро созандаву ободкунандаи ҷомеа ҳамаи мо ҳастем.

 

Мавлонова Маърифат, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд