Имрӯз яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳон, ки хатари байнимиллалиро ба миён овардааст – рушди ифротгарроию  даҳшатафканӣ ва тероризм мебошад, ки беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад.

Он дар минтақаҳои ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Сад афсӯс, ки яке  аз  муаммоҳои доғи рӯз  - ин дар  байни ҷавонони  кишвари мо гаравидани ҷавонон  ба  ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ мебошад.

Сабабу омилҳои асосии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти зиёданд, аммо асоситарини он - надоштани донишҳои кофии диниву дунявӣ мебошад, пас ин зудбоварӣ,  ба  доми фиреб афтодан ва соҳиби  пули  зиёди муфт  гаштан мебошад.

Маҳз ҳамин зудбоварии ҷавононро ба инобат гирифта “Анҷумани озодандешони Тоҷикистон” бо як изҳороти подарҳавои худ мехоҳанд, ки тарафдорони худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ зиёд намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон чандин бор аз минбари баланди ҷаҳонӣ борҳо қайд кардаанд, ки “терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад”.

«Қуръон Карим», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст.

Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ. Ислом дини терористи нест ва мо мусалмонон терорист нестем. Ислом дини ифротгароӣ нест ва мо мусалмонҳо ифротгаро нестем. Имрӯз мо ба ягон ҳизбу гурӯҳ ниёз надорем.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ўҳдадориҳои байналмилалии он, Сарқонуни давлат, Кодекси ҷиноӣ, қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд.

Солҳои 2006-2010 дар кишвари мо Барномаи давлатӣ оид ба мубориза алайҳи терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм мавриди татбиқи амалӣ қарор гирифта буд. Ин амалия то ҳол идома ёфта, ба ошкорсозӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои террористӣ, роҳ надодан ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва таблиғоти террористӣ, таъмини амнияти шаҳрвандони мамлакат ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди терроризму ифротгароӣ равона шудааст.

Имрўз ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви мустақили чомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пешрафта истодааст ва ин барои баъзе душману қувваҳои дохилию берунӣ маъқул нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгири менамоянд.

Аз ин ҷо, мо – ҷавонон бояд ҳушёр бошем дар атрофи Сарвари муаззами кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати милли  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва ҳуқумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, ғурури миллиамонро боз баланд бардорем, Ватан-Тоҷикистонро ҳифз намоем ва обод созем. Нагузорем, ки  фазои сулҳу суббот ва ваҳдати мо, ки  аз  нури хуршеди  истиқлол мунаввар гаштааст,  тира гардад.

Мо  аз  устодону донишҷӯёну ҷавонони дигари кишвар низ даъват бар  он  дорем, ки ба ҳар гуна фикру ақидаҳои хурофотпарасти одамони бедину бадхоҳ дода нашаванд ва шукрона  аз  Тоҷикистони  сулҳу осоишта намоянд!

Диловар Исоев, устоди ДПДТТ  дар шаҳри Хуҷанд