Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ тибқи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Маҳмудов ва сардори шуъбаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шўҳрат Абдуллозода мулоқоти васеъ бо устодону омўзгорон ва донишҷўёни муассисаи мазкур баргузор гардид.
Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории вохўрӣ, ин фаҳмонидани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон, шинос намудани онҳо бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои инфиҷорӣ ва оқибати истеъмоли маводҳои нашъаовар, тарғиби либоспўшии миллӣ ва саҳм гузоштани ҷавонон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ мебошад.
Собиқадори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Маҳмудов доир ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ҳарф зада, мавсуф қайд кард, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа кори дастаҷамъӣ буда, бояд ҷавонон ба ин бетараф набошанд. Имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқиро дар ин самт ба тасвиб расонидааст, ки заминаи хуб барои решакан кардани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мебошад. Вале, новобаста аз ин, ҳоло ҳам мизони коррупсия дар баъзе аз соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф кам нагардидааст ва мебояд ба ин муборизаи беамон бурда шавад.


Доир ба вазъи ҷаҳонишавӣ ва мураккаби ҷаҳон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Усмонҷон Юсуфӣ ба сухан баромада, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки “Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд”. Зеро, имрўз беш аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд ва дар имрўза авзои сиёсӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷавонон бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Агар ба марҳилаи 28-соли соҳибистиқлолии кишвар назар афканем, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон чандин барномаву консепсияҳо ва стратегияҳо қабул гардида, баҳри рушди иҷтимоии ҷавонон заминаи хуб фароҳам оварда шудааст.
Таъкид градид, ки имрўз бо вуҷуди тадбирҳои амалигаштаистода, то ҳол сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонон ташвишовар буда, бояд масъулини соҳа ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла ҷинояткорӣ корбариро ҷоннок намоянд.


Ҳамчунин намояндаи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шўҳрат Абдуллозода доир ба вазъи ҷаҳони муосир ва гаравидани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маърўза намуда, таъкид кард, ки дар асри 21 боз як падидаи номатлуб даст ба нашъамандӣ задани ҷавонон ҷомеаро ба ташвиш овардааст.
Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд, ҳамасола даҳҳо нафар шаҳрвандони мо гирифтори ин бемории вабои аср мегарданд. Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъол бошанд, аз оқибатҳои нангини ин амал ҷомеаро ҳушдор диҳанд. Зеро, ҳар як давлат пеш аз ҳама ҳамон вақт тараққӣ ва пешрафта мегардад, ки дар он тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шуда бошад, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин бошад.