Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат аз ибтидоӣ солҳои 2000 – ум имконият пайдо намуд, ки ба масъалаҳои душвори иҷтимоиву иқтисодӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда барои ҳалли онҳо чораҳои мушаххас андешад. Зеро то он замон ҳанӯз дар баъзе аз гӯшаҳои кишварамон садои тиру туфанг баромада ормиро халалдор менамуд.  Дар ин давра самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муқаррар карда шуд. Иҷтимоиёт, ки ба ҳаёти рӯзмаъраи мардум, таълиму тарбия ва тандурустии мардум вобаста аст, соҳаи афзалиятноки рушди ҷомеа арзёбӣ гашт.  Маҳз чунин муносибат имконият дод, ки дар давоми 10-15 соли охир  дар соҳаи рушди мактабу   маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ гардиши сифати ба миён омад. Садҳо мактабҳо, бемористонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва ғайра бунёд гаштанд.

Ин ҳама ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба даст омад.  Аз ин рӯ, мо ҷонибдори андешаем, ки мафҳумҳои Истиқлолият ва Ваҳдат тавъами якдигаранд, онҳо яке дигареро таҳким мебахшанд.

Бо баробари амали гаштани лоиҳаҳои иҷтимоӣ барои таълиму тарбия, илму касбомӯзии насли наврас ва ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

         Тавре ҳамаи мо бохабар ҳастем Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ соли соли 2017- ро “Соли ҷавонон”  эълон намуданд. Ин ташаббуси Президенти кишварро натанҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар аксари қишварҳои ҷаҳон ба хушнудӣ пазируфтанд. Ин ҳол табиист, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони синни то 30 - сола ташкил медиҳанд. Дигар ин ки шиори “Ҷавонони бомаърифату соҳибкасб ояндаи миллатанд”, ки доимо сармашқи кори Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аҳамияти худро гум  накардааст ва ба фикрам гум ҳам намекунад

Дар бораи ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда истода, ман мехостам чанд нуқтаро бароятон иброз дошта бошам.

Якум, аз ахбори ВАО, мушоҳидаҳои ҳаёти рӯзмаъра чунин ба назар мерасад, ки ин ташаббуси Пешвои миллатро бисёр ашхос ҳамчунин як чорабинии “навбатӣ” қабул намуда, бо гузаронидани чорабиниҳои алоҳида, омода намудани чанд шиору овезаҳо  маҳдуд шуда истодаанд. Ман фикр мекунам ин муносибати бисёр сатҳӣ, рӯяки мебошад. Чунки ташаббуси Президенти кишвар ин андешаи яклакҳзаинаи он кас нест, ки, балки ин андеша дар давоми дарозии таърихи навини тоҷикон таҳаввул ёфт  ва имрӯз шаклу мазмуни нав пайдо намуд.

Дуюм, мо дар асри ХХI асри вусъати бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои телекоммуникатсионӣ, зуҳурёбии равандҳои гуногуни падидаҳои иҷтимоӣ қарор дорем. Барои фардо дар фазоӣ ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифи намудан  моро зарур аст, ки дар бораи насле, ки ҷомеаамонро ба ворисият мегирад, ғамхори зоҳир намоем. Дар ин кор мо бояд аз Пешвои миллат ибрат гирем.

Биёед, ба ёд меорем. Соли 2000 ум, ҷомеаи тоҷик акнун аз оғӯши ҷанги даҳшатбор халос шуда буд. Муаммоҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ садди роҳо рушди босубботи ҷомеа мегашт. Вале дар ҳамин лаҳзаҳои хеле барои давлату ҷомеаи Тоҷикистон ҳассосу вазнин Президенти мамлакат яке аз аввалин вохӯриҳои худро бо ҷавон гузаронид ва аллакай ҳамон давра иброз дошт, ки “Ҷавонон ояндаи миллатанд”.  Ба таври дигар гӯем  аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият давлат татбиқи сиёсатро доир ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа самти афзалиятнок   муқаррар намуда буд.

 Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Ташкили Донишгоҳҳо, донишкадаҳо, ба хориҷа равон кардани ҷавонон барои таҳсил ва ғайраҳо  ин натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат мебошанд.

 Доир ба баланд бардоштани нақши ҷавонон  дар ҷомеа даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушоданд.

Дар ин давра, инчунин, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат қабул гардид, ки татбиқи он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин мекунад. Имрӯз шумораи ҷавонони то синни 35 – сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 23 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳазорҳо иншооти наву замонавии варзишӣ, аз қабили варзишгоҳу толорҳои варзиш, ҳавзҳои шиноварӣ ва майдонҳои варзишӣ бунёд гардиданд.

Дар натиҷа варзишгарони мо, ки аксари онҳо зодаи даврони истиқлол мебошанд, дар мусобиқоти сатҳи минтақавию байналмилалӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил шуда, шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ҷаҳон баланд бардоштанд.

Давлат  дар роҳи ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати муосиру пешрафта нақши ҷавононро хеле муҳим медонад ва минбаъд низ кӯшиш мекунад, ки вазъи иҷтимову иқтисодии наслҳои наврасу ҷавонро беҳтар гардад ва барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароити заруриро муҳайё созад.

Дар баробари ин, зарур аст, ки  ҷавонон сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хешро дуруст аз худ намоянд, Ватан, миллат, истиқлолият ва рамзҳои давлатӣ, инчунин, забон ва фарҳанги худро эҳтиром намоянд ва самимона дӯст доранд.

 Дар бораи ба ҳамвобастагии Ваҳдати миллӣ ва сиёсати ҷавонон андешаронӣ намуда, боз як нуктаро таъкид намудан зарур аст. Мо тавонистем дар давоми ин солҳо ваҳдати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар радифи амалигардонии се самти стратегии рушди ҷомеамон пиёда намоем. Аммо баробари ин, бояд эътироф намуд, ки то ҳол то ба охир ваҳдати тафаккурро ба даст надаровардаем. Ҳалли ин масъала хеле вазнин аст, зеро тағйир додани мафкураи инсонҳо хеле давраи тӯлониро талаб менамояд. Баҳри амали гардонии ин масъала   зарур аст, ки  оила, мактаб ва ҷамъият дар ҳамбастагӣ фаъолият намоянд.

Ғайрат Раҷабов, устоди ДПДТТ дар шаҳри  Хуҷанд