Президенти мамлакат дар ҳамаи мулоқоту паём ва баромадҳояшон иброз менамоянд, ки бояд мо, ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ҳама вақт кӯшиш намоем, ки ин Ватанро азизу муқаддас нигоҳ дошта, аз ҳамаи оризаҳои нопоку ғаразнок эмин дорем, баҳри вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар самти тараққиёти мамлакат саҳми сазовори хешро ба ҳайси як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳ гузошта бошем. Нагузорем, ки пойи, нохалафе ин сарзаминро олудаи бадиҳо гардонад. Ба ҳамин хотир, ҳар як лаҳза дар фикри он бошем, ки диёрамон ободу зебо ва гулгулшукуфон бошад. Инчунин дар баромадҳои пешвои миллат  доимо дарҷ мегардад, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории миллати хеш рӯ ба сӯи муроду мақсад қадамҳои устувороне гузорем.Агар мо имрӯз сиёсати кунунии давлатамонро ҳифзу ҳимоя намоем, ҳеҷ гоҳ гирифтори ҳолати ногуворе, ки давлати морро табоҳ созад,нахоҳем гашт.

Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, ҷаҳони имрӯза паи ҳар гуна сиёсатбозиҳо мегарду бо баҳонаи номаълуме  давлати орому ободро ба харобазор мубаддал намуда, вазъияти давлату миилат ва мардумро тангтар менамояд. Мутаассифона, байни он нафароне, ки худро имрӯз қурбони майдони набарди Сурияву дигар мамолики ҷангзада намудаанд, бархе аз ҷавонони миллати мо низ ба ин шариканд, ки ин бевосита боиси нигаронии тамоми халқ гардидааст. Аз ин лиҳоз, аз ҳолати зикргардида ҳама изҳори нигаронӣ намуда, даъват ба амал овардаанд, ки эшон аз сабаби нафаҳмидан ва дуруст дарк накардани суханҳои дурӯғу фитнаангези бегонагон вориди чунин ҳизбу ҳаракатҳои  ифротгаро гаштаанд ва зиндагии худу пайвандонашонро ба ҷаҳаннам табдил додаанд.

Яке аз қувваҳои иртиҷоангезе, ки мехоҳад оромии моро халалдор созад ин ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом  мебошад. Саркардаҳои онҳо пас аз он, ки давлат фаъолияти тахрибкоронаашонро маҳдуд намуд, ба хориҷа рафта аз он ҷо низ бо қувваҳои беруна ва дасти бегона мехоҳанд ба амнияти кишварамон халал ворид созанд. Махсусан мо,  ҷавонон дар ин гуна ҳолатҳо бояд ҳушёру зирак бошем. Зеро камтарин қувва, нерӯ ва ташвиқот метавонад ба зеҳну шуурии мо андешаи носолимро ҷой диҳад. Беҳуда Сарвари муаззами кишвар барои мо ҷавонон чунин имкониятҳои хубро омода накардаанд. Он кас борҳо гуфтаанд, ки аввал мо худро бишносем, баъдан дигаронро талқин кунем, то роҳи дурусти зиндагиро интихоб намоянд.

Шукронаи Худованд, ки Президенти кишвар, сарвари фархундасоз барои мо,ҷавонон, ғамхориҳои зиёд изҳор менамоянд ва мо кӯшиш менамоем, ки дар ҷавоби чунин ғамхориҳои падаронаи роҳбарият дар оянда, Тоҷикистони азизу биҳиштосоро ба гулистон мубаддал намоем. Тамоми эътимод ва боварии халқу миллатро ба даст оварда, қувваю нерӯи худро барои сарсабзии ватани маҳбубамон сарф кунем ва ворисони арзандаи паҳлаввонону мутафаккирони аҷдодони хеш гардем. Инчунин дар оянда бо ақлу иродаи қавӣ  миёни давлатҳои рӯй, олам кишварамонро ҳамчун як миллати пешрафта, мутараққӣ ва соҳибтамаддун муаррифӣ менамоем.Тавассути заковату матонати мардонагии хеш руҳияи мухолифинро шикаст дода, баҳри тараққиёт ва рушди кишвар беихтиёр тамоми нерӯ ва қуввати худро сарф менамоем, то созандаву бунёдкунандаи ин марзу буми мақаддас бошем.Баҳри ояндаи Тоҷикистони гулистон кӯшиш менамоем ва  зиндагии шоистаро барои мардуми кишвар муҳайё месозем.

 Ин ҳама баҳри анҷоми амалҳои зишти бадхоҳони кишвар ягон асоси дигар боқӣ намегузарад. Зеро эшон бо ҳар гуна баҳонаву таблиғҳои миллати  бегонагон баъзе аз мардуми моро гумроҳ менамоянд, онҳоро бо роҳи фиреб муртакиби ҳар гуна ақидаҳои бегонапарастӣ менамоянд.

Мусаллам аст, ки бо иқдоми пайгиронаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, ба ин хотир тамоми ҷавонон, то тавонистанд, масъулияти хешро дар назди халқу миллат сарбаландона адо намуданд  ва  минбаъд пеши худ мақсад гузоштанд, ки дар оянда аз ин дида масъулияти бештарро ҳис намуда, барои ободии диёри хеш саҳмгузор бошанд.Ин аст, ки бо руҳияи баланд ва масъулияти дучанд барои сазовори номи  неки ниёгон будан кӯшиш намуда истодаанд.

Мо, ҷавонон тамоми қуввати хешро барои он сарфа менамоем, то худро ба насли оянда чун меросбарони тоҷвар нишон диҳем.

Мо, тоҷикем, фарзандони ворисони Сомониён, насли ориёниён ва меросбари ононем, ки аз ин ифтихор менамоем.