Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки имрӯз онро бо шукӯҳу шаҳомати хосаш дар тамоми олам мешиносанд, бархе аз зодагони хиёнаткору кӯрнамак ва кӯрсаводаш бо ношукрии беш мустақилияти кишварро пушти по мезанад. Вале бояд донист, ки истиқлолият, демократия ва сулҳу дӯстӣ ба маънои томаш дар Тоҷикистон аст.

Имрӯзҳо матбуоти тоҷик то ба дараҷае пеш рафтааст, ки хабарнигорону журналистони кордон ҳамаи хабарҳои дохил ва хориҷи кишварро возеҳу амиқ рӯи рӯзномаҳои кишвар нашр карда истодааст. Касе ба фаъолияти рӯзноманигорон ва маводи онҳо, ки хоҳ таблигӣ ва хоҳ танқидӣ бошад, коре надорад. Гузашта аз ин муаллифи мақолаи таҳлилии «Радиои «Озодӣ» бо пули Амрико дар хидмати реҷим» бояд донанд, ки хадамоти матбуотии Тоҷикистон, ки ҳамчун муассисаҳои давлатӣ фаъолият дорад, на барои манфиати касе кор мекунаду на аз Амрикову дигарон пул мегирад. Ва реҷими дар назар доштаи шумо он аст, ки бояд ин хадамоти матбуоти ба нафи миллат нею барои манфиатҳои наҳзатиҳо, ки яке аз манбаҳои даромаднокии Радои Аврупо шояд бошад, пайравӣ намояд. Соҷидаи Мирзо ва Аббос Ҷаводӣ агар имрӯз паи он бошад, ки маводҳои таблиги характери терористӣ дошта, дар сомона набояд ҷой дошта бошад. Ин пеш аз ҳама рисолати Ватандории онҳо ва дуюм ин ки матбуот гарчанде ҷои ахбору навидҳои ҷадид бошад ҳам, маводҳои он бояд фарҳанги миллии моро инъикос намуда бошанд. Радио барои он таъсис дода шудаст, ки ба мардум навидҳои ҳақиқиро расонад, на ин ки мардумро ба роҳи ифротгароӣ талқин намоянд.

Ҳар як нафар пеш аз ин, ки афкор баён мекунад, бояд як бор суханонашро бияндешад. Чун ҳар сухане ба фикр омад онро вирди забон кунӣ, хандахароши мардумон мегардӣ. Соҷида Мирзо ва Аббос Ҷаводӣ ягон хабарҳои марбут ба Тоҷикистонро обу ранг надодааст, тамоми олам хуб медонад, ки имрӯзҳо кишвари зебоманзари мо ба чи қадар муваффақияту пешравиҳо ноил гардида истодааст. Яқин медонам, ки ин пофишориҳои шумо аз он шаҳодат медиҳад, ки маводҳои хусусияти терористидоштаатон шояд дар ин сомона ба фурӯш нарафтааст.

Дар хидмати реҷим гуфтани шумо ба назарам ишора бар он аст, ки сӯи Радио ва хабарнигорону масъулони он таҳдиду танқидест. Зеро Соҷида ва Аббос бо ин ки барои нашри маводҳои наҳзатиҳо ва дигар созмонҳои терористӣ муқобилият нишон доданд, бархе ҳангомаҳо сохтед, ки гӯё манбаи даромади Радиои Озодӣ Амрико бошад ва бо пули онҳо ба миллати тоҷик хидмат мекунад. Хуб бигзор чунин бошад. Аммо вақте ҳақиқатҳо гуфта мешаванд, баъзе нохалафон бар он тангназари доранд ва намехоҳанд, ки пешравию тараққиёти миллати тоҷикро оламиён донад. Тоҷику Тоҷикистониён худ мардуми босаводу бофарҳанганд ва медонанд, ки кадом роҳ барои зиндагии шоистаи мардум ҷоиз аст. Аз ин рӯ ягон ҳоҷате вуҷуд надорад, ки мардумро бо чунин суханони фитнаангез алайҳи якдигар шӯронида, вазъи оромиро муташанниҷ гардонанд.

Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократӣ, комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеӣ  шарафёб гардидааст.

Фарзонаи Эраҷ

устоди кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ