Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеи шарафёб гардадааст.

Таърих исбот намудааст, ки яке аз омилҳои пешравии ҷомеа Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии давлат мебошад. Зеро, ба шарофати сулҳу ваҳдат асоси зиндагии хурамму ободи ҳар як сокинони ин сарзамини биҳишосост. Дар ҳамин радиф мо мардуми саодатманди диёр низ уммед бар он мебандем, ки ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама ва нерӯҳои шикастнопазири давлатамон, баъдан тамоми мардуми кишвар бо ҳисси воло масъулияти хешро дар баробари ниҳодҳои қудратии давлатии кишвар ва насли ояндаи он эҳсос намоянд ва нагзоранд пояҳои давлатдории Ватани  азизу маҳбубамон заиф шаванд.

Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии масоили гуногун ифротгарону тундравон низ дар канор набуда, дини исломро яроқи асосии амаалиёти хеш истифода бурда истодаанд. Ин аст, ки ба шарофати чунин “исломгароён” қариб дар тамоми олам пдидаҳои номатлуб, зиёдшавии гурӯҳҳои терористӣ афзуда истодааст. Он ғояҳову идеяҳое ки ин гурӯҳҳо ба таффакури ҷавонон ҷорӣ кардаанд, дар асл ғояҳои ба дини мубини ислом  ягон умумияте надорад. Ба хама маълум, ки  дини мубини ислом идеяҳои сулҳ, маърифатпарварӣ, инсондӯстӣ, иззату ҳурмати волидайн ва монанди инҳоро мепарастад. Агар мушоҳида  кунем, аксарияти ҷавононе ки ба ин ҳизбҳои экстремистӣ шомил мегарданд, бо ин идеяҳои ифлос ва ғаразнок  тариқи интернет ва адабиётҳои ғайриқонунӣ чоп карда шуда шинос гаштаанд.  Мо аъзоёни фаъоли ҷамъият, аз ҷумла, аъзоёни ҲХДТ,  зиёиён  ва ғайра бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то  ки он фазои холигие,  ки дар ҳаёти  ҷавонон ҳаст, бо корҳои фоиданоки ҷамъияӣ  пур кунем.

Боиси ифтихор аст, ки ваҳдат боиси боз ҳам тақвият ёфтани сиёсати байналхалқии Тоҷикистон ва устувор гардидани мавқеи кишварамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида истодааст. Мутаасифона бархе кӯрдилону номсипосон аз ношукриву кинаву адоват ваҳдату ягонагии моро дарк карда натавонистанд.

Мусаллам аст, ки ҷаҳони мирӯза паи ҳар гуна сиёсатбозии нохалафону терористон гардидааст. Аз ин ҷост, ки дар такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба ҳамаи шаҳрвандони баору номус ва меҳанпарасти миллат даъват ба амал меоварам, ки қабл аз ҳама зиракии сиёсии хешро аз даст надода, барои муҳофизати якпорчагии ватан хизмат намоянд.

Ин, ки фаъолияти ҳизби сиёсии наҳзатӣ қатъ гардид, тамоми мардуми кишвар нафаси озод гирифтанд, зеро фаъолияти таҳрибкоронаи онҳо кам монда буд, ки дар кишвар оташи ҷанг фурӯзон гардад. Аз ин ҳамнишинони бад, беҳтар аст, ки танҳо нишаста бошем.

Файзиева Шафоат, устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ