(Дар ҳошияи муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат)

Мусулмонони давлатҳои ҷангзадаи кишварҳои олам, ба монанди Афғонистон, Сурия, Ироқ, ки то ҳол вазъияти оромеро соҳиб гашта наметавонанд, касро ба доми андеша фурӯ мебарад. Магар дини мубини ислом ба ин гунаҳкор аст? Дине, ки ҷангро маҳкум намуда, ҳидоятгари роҳи росту тарафдори сулҳу оромӣ аст? Барои чӣ гумроҳшудагон маҳз “ислом”-ро дар майнаи худ ҷой намуда, фикри онро доранд, ки ҳама бояд мардумкушу бародаркуш бошанд. Охир дини ислом аз ҳама дини поктарину софтарин ва беолоиш аст, ки инсони ҳақиқии офаридаи Худоро дуруст тарбият менамояд.

Бесаводони динбехабар худ ба мафҳуми “дину оин” дуруст сарфаҳм нарафта, бар замми ин дигаронро низ бероҳа намуда, бо ташвиқу тарғиботҳои нодуруст фирефта мекунанд. Имрӯз халқи тоҷик соҳиби арзишҳои миллии худ аст. Арзишҳои миллие, ки бо ҷон ба даст омадаасту давлати азбайнрафтаистодаро дар муддати кӯтоҳ аз нав барқарор намудааст. Бале, ин ҳақиқат аст. Маҳз соҳибихтиёрии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ буд, ки кишвар аз вартаи ҷангу бало наҷот ёфт. Бародар ба бародар боз дӯст гардид, вазъият ором гардиду халқ нафаси осуда кашид. Масъалаи мазҳаб ва давлату миллат аз давраҳои қадим вуҷуд дошту имрӯз низ ҳамагон ба он назари хосае доранд. Фаромӯш набояд кард, ки мо мусулмонони ҳақиқӣ ҳастему 1300 сол муқаддам ин динро қабул намудаем. Ходимони дини бузург ва дигар абармардони миллат арзишҳои дини мубини исломро муқаддас нигоҳ дошта, то ба мо бо ҳама покиаш оварда расонидаанд. Ҳама вақт арзишҳои исломро пешаи худ намуда, соҳиби мартабаҳои баланд гардидаанд.

Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки то имрӯз низ ислом тарғибгари одобу ахлоқи ҳамида, дӯстиву одамгарӣ буда, ҳидоятгари мо мебошад. Аммо афсӯс, ки бархе аз нафарон ба маънои томи дин ҳоло ҳам нарафтаанд...ва нахоҳанд рафт. Зеро кирдорҳои ноодамонаи онҳо, ки одамкушиву тарконидани онҳо аст, нишонаи ҳамин бефаҳмиву аҳмақист.

Ба ҳамаи сокинони кишвар, бахусус ҷавонони кишвар таъкид менамоем, ки ба қадри истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва хизматҳои  Пешвои миллат  бирасанд. Мо, тоҷикон, таҳти роҳбарии одилонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, ватани азизамонро обод мекунем. Фирефтаи доми душман нагашта, ба Ватани худ содиқ монда, баҳри устувору пойдор гаштанаш мекӯшем.

М. Раҳматов, устоди кафедраи сохтмони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд