Қарни 21 айёми гулгулшукуфоӣ ва тараққиёти илму техника  буда, моро водор менамояд, ки дониши худро баланд бардорем ва барои гулгулшукуфоии Тоҷикистони озоду соҳибстиқлол ҳиссагузор бошем. Пеш аз ҳама дар пеши мо вазифаи аз ҳама муқаддас муҳофизати марзу буми кишвари азизамон- Тоҷикистон истодааст, ки мо бояд зиракии сиёсии хешро боло бардорем ва нагузорем, ки ҳаргуна афроди зишт ба монанди ғояҳои ҳизби ба номи террористиву экстремистии наҳзати ислом дар шуури мо ақидаҳои номатлуби терроризм ва экстремизимро ҷой диҳад.

 Терроризм (даҳшатафканӣ) шакли ниҳоии хатарноки ифротгароӣ дар миқиёси ҷаҳон мебошад ва беш аз ҳама ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд.

       Дар давоми 20-30 соли охир амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ доираи васеи мамалакатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, хатари терроризм ва экстремизм ҳамчун як вабои аср аз таъсири яроқу аслиҳаи атомӣ ҳам зиёдтару даҳшатноктар гардидааст.

      Кушторҳои бераҳмонаю ҳаводиси даҳшатбори террористӣ сокинони сайёраро дар ҳоли нигаронӣ қарор дода, таҳдиди хатарҳо ба аҳли башар ҳамоно домангири ҷаҳони муосир гардидааст. Дар ҷаҳони имрӯза кишваре  нест, ки аз таъсири гурӯҳои террористӣ дар олам нигарон набошад.

         Террор ин таҳдид ба тамаддуни умумибашарӣ буда, террористон арзишҳои олии умумибашарӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои ғайриинсонии худ ба зӯроварӣ, даҳшату ҳароси мардуми бегуноҳ, куштори занону кӯдакон, вайрону валангор намудани мероси фарҳангии бостонии халқу миллатҳо даст мезананд.

           Имрӯз аз ҳодисаҳои харобовари дар давлатҳои Шарқи Наздик ба вуҷудомада хулоса баровардан мумкин аст, ки васеъ гардидани амалиётҳои террористӣ ва умуман терроризми байналхалқӣ ин маҳсули давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ба мақсади пиёда намудани ҳадафҳои геополитикии худ мебошад. Ин давлатҳои абарқудрат бо мақсади фароҳам овардани “Озодиву демократия”, баҳонаи барҳам додани “Диктаторҳо“, кофтукови беасоси яроқи химиявӣ дар ин кишварҳо оташи ҷанги байни мусулмононро аланга андохта, дар заминаи ин нобасомониҳо боигарии ин кишварҳоро ба манфиати давлатҳои худ истифода бурда истодааст.

            Аз таъсири “дилсӯзиҳои кишварҳои Ғарб” имрӯз зидагии мардуми Либия, Ироқ, Сурия ва Яман харобу коста шуда, шаҳрҳои ободу зебои ин кишварҳо ба харобазор табдил ёфтаанд. Мардуми фирефташуда дар пайи инқилобҳо осоиши рӯзгори худро аз даст додаанд. Дар Либия пеш аз “инқилоб”-и таҳмилдодаи ғарб маоши халқи заҳматкаш дар қиёс ба давлатҳои манотиқи Африқо ва ҳатто Аврупо ба  маротиб зиёд ва фарқкунанда буд. Барои таваллуди ҳар кӯдак аз ҷониби давлат 2 000 ҳазор доллар, барои навхонадорон 64 000 ҳазор доллар ва барои бекорон ҳар моҳ 730 доллар пардохт мешуд. Таҳсил, табобат, барқ ва об ройгон буду 50%-и автомобиле, ки шаҳрванд мехарид, аз буҷаи давлат пардохт мешуд. Алҳол мардуми фиребхӯрдаи ин кишвар, “Ошиқи демократия ва озодии Ғарб”, аз ин зиндагии осудаҳолона носипосӣ карда, дар пайи инқилоби тарҳрезишуда қурбони ҳавою ҳаваси демократияи ғарб гардиданд. Мардуми ин кишвар саросар дар ҳоли табоҳ  ва гуруснагию нодорӣ қарор доранд.

       Чунин мисолҳоро аз ҳаёти пеш аз “Инқилоб”-и мардумони Ироқ ва Сурия низ овардан мумкин аст. Ҳамаи ин бадбахтиҳои ба сари мардуми Шарқи Наздик омада аз амалиётҳои террористӣ, аз кирдорҳои ифротгарои исломӣ мебошанд. Ин қувваҳои иртиҷоӣ дар зери ниқоби дини мубини Ислом кирдорҳои  бадхоҳонаю ғайриинсононаи худро баҳри ба даст овардани ҳадафҳояшон истифода бурда истодаанд. Ҳамин гуна шеваи муборизаро алайҳои озодиву тинҷӣ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон пеш бурданӣ мешаванд.  Имрӯз ҳар фарди солимфикри тоҷик бояд аз таҷрибаи талхи солҳои 90-уми қарни гузашта ва ҳолати имрӯзаи  мардумони Шарқи Наздик хулосаи зарурӣ бароварда, сулҳу суботи устувор, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, зиндагии орому осудаи мардумро чун гавҳараки чашм муҳофизат намояд. Зуҳуроти даҳшатовари терроризм аксаран таҳти шиори динию мазҳабӣ сурат гирифта истодаанд, ки онҳо аслан ба дини мубини Ислом иртибот надоранд. Дар асл бошад дини Ислом терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум намуда, мусулмононро ба ваҳдату баробарӣ, раҳму шафқат, эҳтироми байни ҳамдигарӣ раҳнамоӣ мекунад.

 Мо, ҷавонон пеш аз ҳама пайрави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, тамоми донишу малакаи худро баҳри рушду нумуи Тоҷикистони азиз дареғ намедорем.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ баромад намуда, терроризму экстремизмро маҳкум менамоянд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар сафи пеш мубориза ба ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Пешвои миллат бори дигар дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки террорист миллат, Ватан ва дину мазҳаб надошта, мубориза бар зидди зуҳуротҳои терроризму экстремизм муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

          Ин нишондоди Паём ҳамаи моро водор ва вазифадор менамояд, ки ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар озодию истиқлолият, манфиатҳои амниятӣ ва миллию давлатиро ҳамаҷониба ҳифз намояд. Дар марҳилаи навини таърихи башарият рушд ёфтани фаъолияти таълимотҳои экстримистӣ ва террористӣ ҳамаи моро водор месозад, ки кори доимиро байни ҷавонон, бо мақсади баланд бардоштани маъсулияти онҳо дар таҳкими сулҳу субот, озодию истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти кишвар самарабахш амалӣ созем. Ба тарбияи ватандӯстона, инсондӯстии ҷавонон, тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, раҳму шафқат, эҳтироми дигар халқу миллатҳо, дину мазҳаби мардумони дигар дар заминаи хиради азалии миллати фарҳангсолор, тамаддунсоз, маънавиятофарини тоҷик хубтару бештар машғул шавем.

Падидаҳои номатлубе, ки берун аз маркази ватани мо аз  қабили тероризим ва экстреризм таҳдид менамояд вабои аср буда, хеҷ гоҳ ақидаи мо ҷавонони Ватан дӯсту меҳанпарастро заҳролуд карда наметаванад, зеро мо соҳиби Ватани азиз, фарҳанги воло ва таърихи куҳанро доро ҳастем.

Ахмедов Шукрулло,

донишҷӯи ДПДТТ