Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар, таҳти ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии кишварамон корҳои зебову хуррамгардонӣ бо ташкили шанбегиҳо ба роҳ монда шудааст.

 Албатта барои дар амал татбиқ намудани дастурҳои сарвари давлат МИҲД-и вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва бахусус дар ин раванд саҳми ҲХДТ дар миқёси вилоят басо назаррас буда, дар ин самт таваҷҷӯи махсусро равона карда шудааст.

Субҳи 26.09.2019 бо иштироки васеъи фаъолҷавонони ҷамъият ва бо пешниҳоди аксия барои ободонии вилоят аз ҷониби ҲХДТ дар назди муассисаи фароғатию – истироҳатии Наврӯзгоҳ шанбеги эълон гардид.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар чорабинии мазкур донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бениҳоят фаъолона ширкат намуда, ҳиссаи арзандаи худро дар ободонӣ ва тозаву назаррабо намудани диёри азизамон гузоштанд. Бояд гуфт, ки ширкати донишҷӯёни донишкада дар чунин маъракаҳои ободонӣ бениҳоят фаъол буда, эшон бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ иштирок менамоянд.