20 май дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани Шаҳодатномаи гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳо ба донишҷўён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иброз дошт, ки имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳфилу чорабиниҳои гуногун вобаста ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон идома доранд.

-Бо  истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумо ҷавонони шоистаи Ватанро бо фарорасии Рўзи ҷавонони Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, бароятон сиҳатмандӣ, рўзгори хушу хуррам ва дар омўзиши илму дониш дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям, - илова намуд Раиси вилоят.

Таъкид гардид, ки бо назардошти мақом ва рисолати ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пайваста ба ҷавонон ғамхорӣ зоҳир намуда,  барои фароҳам овардани шароити таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд.

Муҳайё намудани шароити арзандаи таҳсил бо тамоми таҷҳизоти навини технологии муосир, сохтмони иншоотҳои таълимии замонавӣ, майдонҳои варзишии ба талабот ҷавобгў, муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо ва лабораторияҳои таълимӣ, таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят барои донишҷуён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, эълон гардидани озмуни китобхонӣ таҳти унвони «Фурўғи субҳи доноӣ…» аз иқдомҳоест, ки имрўз дар марҳилаи бунёдкорӣ ва созандагиву ободонии кишвар ҷиҳати дастгирии ҷавонон равона гардидааст.

Аз ҷониби дигар, таъсиси квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани ноҳияҳои дурдаст бо кадрҳои баландихтисос, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот ва таваҷҷўҳ бобати омўзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин раванди босуръати компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ воқеияти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Зикр карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии донишҷўён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар асоси қарори Раиси вилоят аз 22 апрели соли 2019, «Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои солҳои хониши 2018-2019» барои донишҷўён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят беш аз 130 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Дар озмун барои дарёфти стипендияи мазкур баъди баргузории озмунҳо беҳтаринҳо муайян шуда, аз 320 нафар довталаб танҳо ба 130 нафар муяссар гардид, ки сазовори унвони гирандаи стипендияи Раиси вилояти Суғд шаванд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилоят ба донишҷўён, магистрантон ва аспирантони фаъол шаҳодатномаҳо тақдим карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки 4 нафар магистрантон ва аспирантон – Ғаниҷон Сафаров, Насиба Дадобоева, Субҳон Мазбудов ва Сайёд Ашӯров,   12 нафар донишҷӯёни фаъоли донишкада – Абдулҳафиз Дадобоев, Фаризахон Мӯҳсинзода, Мӯҳсинҷон Ҷӯраев, Илҳомҷон Сулаймонӣ, Саидиқбол Сангинов, Мирзоравшан Норов, Сӯҳроб Ишонов, Низомиддин Ҳакимхоҷаев, Гулчеҳра Ҳомидова, Фирдавс Халилов, Абдуқаюм Қодиров ва Каромат Абдуллоева ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят мушарраф гардиданд.