Мусаллам аст, ки амнияти милливу мардумӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумат буда, барои таъмини он беш аз пеш талош меварзанд. Аз ин ҷост, ки мо мардуми сулҳхоҳу ватандӯст аз ин, ки нархи интернет дар кишвар боло рафтааст сад дар сад ҷонибдорӣ намуда, нисбат ба изҳороти Паймони миллии Тоҷикистон чунин ибрози назар менамоем, ки ба ин иқдомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ на «қудои раисҷумҳур» рабт дораду на кадоми манфиатҷӯёни гуфтаҳои шумо.

Мо медонем, ки ин баланд шудани қимати интернет ва дастрасии кам пайдо намудани аҳолӣ ба он беш аз пеш тарғиботгарони наҳзатиро ба ташвиш овардааст. Зеро ин воситаи ягона роҳе буд, ки минбари тафриқаву низоъ барпокуниҳо дар байни мардум аз рӯи наҳзатиҳо гашта буд.

Пас ҳоло вақте расидааст, ки ба касе интернет барои истифодаи омӯзиши ахбори лозима ва дуруст кор ояд, нарх қиммат аст, самаранок ва сарфакорона истифода менамоянд. То имрӯз ба мисоле арғамчинро бисёр дароз карда буданд ва истифодабарандагон онро дар равияи нодуруст истифода карданд. Тибқи тарғиботи бегонапарстии мухолифон ҳар гуна равияҳои тундро интихоб намуда, ба номи миллат доғ оварданд. Гузашта аз ин муаммои асоси дар он аст, ки мухолифони миллат барои барҳам додани фазои оромии миллати мо хуб аз ин восита истифода карданд. Айнан ба мисоли изҳороти Паймони милли Тоҷикистон бобати болоравии қимати интернет, ки инқадар инҳо нисбати мардум «ғамхор»-анд ва аз «меҳрубон» - и худро паҳлӯ ба паҳлӯи мардумони тоҷик диданианд.

Хулоса, кулли мардумони тоҷик бояд донанд, ки ҳар иқдоми давлату Ҳукумат барои зиндагии осуади мардумонаш аст. Далели ин гуфтаҳо дастоварди бузурги миллатамон Истиқлолият аст. Агар носазо бошад, дар вақташ ҳеҷ гоҳ барои мустақилият ҷонбозиҳо намекарданду мисоли ҳамин «озодхоҳон» худро дар канор намегирифтанд. Ин баёни изҳорот низ яке аз шохаҳои ҳамон иғвоангезию шӯр андохтани наҳзатиҳост. Худ қазоват кунед, ки дар кишвари мо касе барои иҷрои коре маҳдудият надорад, зеро мо дар фазои озодӣ ва амнияти миллӣ зиндагӣ дорем. Ҳоло вазифаи мост, ки аз ин иқдомоти давлату миллат тарафдорӣ намуда, барои таъмини амнияти мардум ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои манфиатхоҳ фаъолияти созандаи хешро ба роҳ монем.

Акрамов А.А., декани факултети сохтмон

ва нақлиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд