Боиси сарфарозист, ки дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистилол ҷавонон нақши арзанда ва саҳми созанда доранд. Маҳз бо назардошти ин, соли 2017 дар Ватанамон Соли ҷавонон эълон гардид ва тадбири мазкур дар татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба дастгирии насли ҷавон нақши муҳим бозид.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар бо зикри иштироки фаъолонаи онҳо дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ва корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷавононро бори дигар неруи созанда ва пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ карданд.

    Махсус таъкид гардид, ки ғамхориҳои давлату Ҳукумат танҳо барои  соли муайян пешбинӣ нашуда, баръакс ҳалли масоили вобаста ба насли наврасу ҷавон минбаъд низ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти хоҳад буд.

    Имрӯз, дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, тағйирёбии вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву амниятии ҷаҳон лозим аст, ки худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Албатта, дар ин радиф аз онҳо омода будан ба ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги халқ ва саъю талош барои пешрафту ободии минбаъдаи Ватан низ тақозо мешавад.

    Падидаи ҷолиб он аст, ки аксари кулли ҷавонони саодатёри Тоҷикистон бо дарки масъулият, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва номуси ватандорӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олиашон саъю талоши созанда мекунанд. Муассифона, дар ин миён боз чун хор дар гулистон нафароне ҳастанд, ки бо иқдомҳои ношоиста, амалҳои носавоб ва ниятҳои нопокашон ба номи ҷавонони Тоҷикистон доғ меоранд. Далели ин гуфтаҳо изҳороти Анҷумани озодадешагони Тоҷикистон мебошад, ки чанде пеш тариқи воситаҳои ахбор расонаӣ гардид.

    «Ҳафт бор чен куну як бор бур!» гуфтаанд хирадмандон. Ин панди онҳо маънои онро дорад, ки инсон пеш аз даст задан ба ягон амал бояд аввал нақшаву нияташро хуб дар мизони андеша баркашад. Фикр кунад, ки ин амалаш бо кадом мақсад аст, чӣ натиҷа медиҳад ва оқибати он чӣ мешавад. Агар аз иқдому ташаббуси мо манфиате ба аҳли ҷомеа расад, албатта, он қобили пайравию дастгирист. Вагарна, чуноне ки мегӯянд, бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад ва инсони бадхоҳу бадкор на ба халқ писанд асту на ба Худо.

     Тоҷикистон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба гирдоби низоъҳои дохилӣ кашида шуд, ки то ҳол оқибатҳои ногуворашро дар ҳаёти рӯзмарраи худ эҳсос менамоем. Он бесарусомониҳо рушду нумуи Ватанамонро ба даҳсолаҳо қафо партофт, миллиардҳо доллар ба хоҷагии халқ зиён расид. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам кам набуд.

Таърих гувоҳ аст ва насли миёнсолу калонсол хуб медонанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар диёри мо аз ҳамин гуна шиорпартоиҳо, даъватҳои зиддиинсонӣ, изҳороту муроҷиатҳо, майдоннишинию бегонапарастии як зумра нафарони ба гуфти худашон демократ, ислоҳотталаб, навҷӯву навгаро ва дилсӯзи халқу Ватан оғоз ёфт. Аммо ҳамин ки оташи ҷанг фурӯзон шуд, онҳо худро мисли муш ба сӯрохиҳо кашиданд, ҷони худро гирифта гурехтанд, ҳаволаи ҳазорон нафар бегуноҳонро ба Худо карданд.

    «Баҳс омад – наҳс омад»-ро оқилон беҳуда нагуфтаанд. Ин сухани кӯтоҳ ҳикмати бузургеро дар худ нуҳуфтааст. Яъне дар куҷое, ки ҳамдигарнофаҳмӣ ва тафриқаандозӣ ба миён омад, оромию осоиш, тинҷиву амонӣ ва серию фаровонӣ аз он ҷо кӯч мебандад. Ва чуноне, ки аз  изҳороти «равшанфикрон» маълум мешавад, имрӯз боз як зумра сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳон ва душманони сулҳу ваҳдати сартосарии мо мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи куҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки чунин ҷавонони «дилсӯзи халқу Ватан» дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. Балки худ бори гарони гардани дигарон ҳастанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидаанд.

     Ба гуфти шоир:

                             Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,

                             Дусад гуфта чун ним кирдор нест.

     Шиорпартоиву даъвати бадхоҳона, изҳороту муроҷиати ғаразнок аз дасти ҳама меояд, кори душвор нест. Масъалаи асосӣ он аст, ки мо баҳри таъмини саодати аҳолӣ ва ободонии диёрамон чӣ кореро анҷом додаем ё ба анҷом мерасонем.

     Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист. Ҳатто дар пешрафтатарин кишварҳо дар рӯзгори сокинон муаммою мушкилоти ҳалталаб мавҷуданд. Мардуми рус мақоле доранд, ки Москва дар як рӯз сохта нашудааст. Яъне иҷрои ҳар кор, ислоҳи ҳар камбудиву норасоӣ муҳлати муайянро тақозо менамояд.

     Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон чунон корҳои бузурге ба анҷом расиданд, ки дар давоми зиёда аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ нарасида буданд. Новобаста ба ин Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ки «бо  вуҷуди ҳамаи дастоварду пешравиҳо  дар назди мову шумо ҳанӯз ҳам мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб қарор доранд». Ва имрӯз вақти он аст, ки бо муттаҳидӣ дар атрофии Сарвари давлат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мо аз пайи ислоҳи ҳамон мушкилоту масоили ҳалталаб шавем. Вагарна бо қабули муроҷиатномаю изҳорот, даъватҳои барқасдонаю душманонаи бадхоҳони давлату миллат мурод ҳосил намешавад.

    Насли наврасу ҷавон табақаи осебпазир маҳсуб мешаванд. Ба ин мазмун, ки душманону бадхоҳон, тундгароёну мансабхоҳон аз содагӣ, дилсофӣ, камтаҷрибагӣ ва ноустувории онҳо истифода бурда, нақшаҳои нопокашонро амалӣ карданӣ мешаванд. Аз ин рӯ, насли миёнсолу калонсолро лозим аст, ки сади ин роҳ шаванд, нагузоранд, ки фарзандонашон ба роҳҳои бад рафта, ба доми чунин афроди нопок гирифтор шаванд.

     Даъватамон аз насли наврасу ҷавон бошад, ин аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Чуноне доноён мегӯянд, «кӯр асояшро як бор гум мекунад». Солҳои 90-уми асри гузашта бояд барои ҳар нафар сабақ ва дарси ибрат бошад. Онҳо бояд тибқи ин фармудаи шоир амал намуда, зиндагии шоистаи хешро таъмин намоянд:

                       Як ҷавоне шав, ки байни халқ боло карда сар,

                       Бо сарафрозӣ падар гӯяд, ки ман дорам писар.

                     Халқ гӯяд: Ҷон йигит ҳастӣ, шавад умрат дароз,

                       Хок гирӣ, зар шавад, раҳмат ба устоду падар!

 

 

Исфандиёр Рофиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд