Давраи фоҷиабор ва ғамангези солҳои навадум, ки даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода будем, аз ёд намеравад ва он барои ҳама як умр бояд дарс бошад. Биноҳои обод хароб гаштанду нафарони зиёде овораву сарсон. Имрӯз ҳодисаҳои он солҳоро санҷида, бо тахлили амиқ ҳақиқатро дарёфтем, дӯсту душманро шинохтем, аз ин рӯ дар ҳифзи пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи ҷомеа саъю кӯшиш менамоем.

Имрӯз, дар замоне, ки ифротгароӣ ва терроризм ба хатари бузург табдил ёфтаву ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, мо бояд ба тарбияи  насли наврас аҳамият диҳем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ барем, таваҷҷӯҳашонро ба донишандӯзӣ ҷалб намоем, то дар байни ҷавонон ба ин вабои аср ҷой набошад.

Ташвишу нигоронии мо дар он аст, ки даҳҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо бо силоҳ дар  хориҷ аз кишвар ҳамроҳи намояндагони ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ меҷанганд, ҷавонони моро ин гурӯҳҳо бо «мағзшӯӣ» тобеи худ мекунанду ба иҷрои   амалҳои номатлуб раҳнамоӣ мекунанд. Ин қотилон бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ истифода аз техникаву технологияи навин ба ҳар хонадон роҳ ёфта, бо тарғибу ташвиқҳои бардурӯғ ҷавонро ба сӯи худ ҷалб мекунанд.

Ҳамаи ин амалҳои номатлуб мо - падару модарон, омӯзгоронро ҳушдор медиҳад, ки дар тарбияи фарзанди худ дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» диққати ҷиддӣ диҳем.

Бояд назорат барем, ки фарзандонамон бо киҳо, чӣ тоифа одамон шинухез ва ё гуфтугӯ мекунанд, аз кадом шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, бо кадом гурӯҳҳо иртибот доранд. Волидайн дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ бевосита иштирок намоянд.

Ҳамаи мо медонем, ки таълиму тарбияи фарзанд нахуст аз оила оғоз мегардад.

Таърих, миллату давлат моро ҳеҷ намебахшад, агар фарзандони носолим, бемасъулият, ки рисолати инсонӣ надоранд, ба ҷомеа тақдим намоем. Аз ин гуна фарзандон ҳатман хиёнат сар мезанад.

Пас, бояд ба тарбияи фарзандон дуруст эътибор диҳем, ки беҳтарин воситаи пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

Амиртемур Ваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд