Давраи донишҷӯи давраи хотирмон ва аҷиб дар ҳаёти ҳар як ҷавон ба шумор меравад. Дар ин айёми умр ҷавонон ба ғайр аз илмомӯзӣ, дӯстони нав пайдо мекунанд. Фориғ аз таҳсил ба сайругашт мебароянд. Махсусан он ҷавононе, ки аз ноҳияҳо омадаанд, дар хобгоҳ сарҷамъ шуда, дӯстонаву аҳлона зиндагӣ мекунанд. Давраи донишҷӯи ба шахс руҳия, илҳоми нав ва хурсандии беҳадду канор меорад. Махсусан ҳамроҳ ба машулият фаро гирифтану якҷоя дар таҷрибаомӯзӣ будан донишҷӯёнро боз бо ҳам қаринтар месозад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки солҳои аввали донишҷӯи меҳру муҳаббат ба ҳамдигар чандон қавӣ намешавад, аммо бо гузашти ду ё се сол ҷавонон дар симои якдигар дӯст ва бародари худро мебинанд. Кам нестанд ҳолатҳое, ки ҳамсабақон солҳои сол пас аз хатми муассисаи олӣ бо ҳам дар робита ҳастанд.

Дар донишкадаи мо муносибат ба донишҷӯён аз ҷониби устодон хеле хайрхоҳона буда, ҳамарӯза мушоҳида мешавад, ки ҳама ба кори худ андармон. Махсусан раванди таҷрибаомӯзӣ хуб ба роҳ монда шудааст.  Ҳоло зиёда аз 500 нафар донишҷӯёни курсҳои 2,3, 4 дар корхонаву муассисаҳои вилоятамон кор, фаъолият ва дониши худро дар таҷрибаомӯзиҳо сайқал дода истодаанд.  Аксаран зимни таҷрибаомӯзӣ аз ҷониби масълини корхонаву ташкилотҳо сазовори баҳои баланд мегарданд. Зеро дониши назариявии хуб доранд. Боқимонда донишҷӯён бошанд, ба озмунҳову ҷамъомадҳо ҷалб гардидаанд. Донишҷӯён худро ба канор нагирифта танҳо ба пеш ҳаракат мекунанд ва сафи чунин донишҷӯён сол аз сол зиёд шуда истодааст.

Маҳз корбарии дуруст, хуб ба роҳ мондани таълиму тарбия боис шуда, ки мо барои сайқал додани илму дониши худ ба корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ва берун аз он ба таҷрибаомӯзиҳо равона мегардем. Шахсн ман барои сайқал додани донишу малакаи худ ва соҳиби таҷриба гаштан бо тавсияи устодон ба корхонаи  муштараки “Ҷавонӣ”- и шаҳри Хуҷанд равона шудам. Таҷрибаомӯзӣ дар ин корхонаи азими истеҳсолӣ ҷаҳони наверо бароям боз намуд. Масъулин бароям  имконият доданд, ки аз раванди истеҳсол, басту банд ва дигар корҳои корхона аз наздик ошноӣ пайдо намоям. Мо ва ҳамсабақонам дар кӯтоҳтарин фосила худро  ҳамчун аъзои ин корхона ҳисобида, хеле хушбахт будем ва ҳар рӯз бо хушу хурсандона ҳамроҳи дустон сӯи ин корхона равон мегардидем. Ин таҷрибаомӯзӣ тавре, ки дар боло ишора кардам, муҳаббати моро нисбати меҳани азизамон зиёдтар намуд. Гузашта аз ин ифтихормандии моро нисбати донишкадаи азизамон зиёдтар намуд.

Ғайр аз таҷрибаандӯзӣ мо ба ҳаёти фарҳнгии донишкада бештар ошноӣ пайдо мекунем. Махсусан аз ҳунарнамоии донишҷӯён дар озмуни “Маҳфили зарифон” хушамон меояд. Мо аз нсли калонсол медонем, ки дастаи ҳозрҷавобони донишкада ҳамеша дар сатҳи вилоят, ҷумҳурӣ ва берун аз он низ ғолибият ба даст меоранд. Дастаи ҳаваскорони донишкада бошанд, намегузоранд, ки ягон ҷашну маросимҳо бе истиқбол ва гузаронидани шабнишиниҳо гузарад, бинобар ин доимо онҳо дар кофтукоби маҳорату симоҳои нав қарор дорад. Ин маъракаҳо хусусан баъди гузаштани дарсҳои ихтисосӣ ба мо, донишҷӯён илҳоми нав ва бардоштҳои хубе медиҳад. Ин ғалабаи ҷавонон ва саломатӣ мебошад, ки огоҳӣ дар он аст, ки ҳамаи роҳҳои ҷаҳон барои бартараф кардани оқибатҳои ногузир ва ноил шудан ба ҳадафҳои фарогир мебошанд. Ин дар ҳақиқат имконияти хуби интихоби роҳи шумо аст. Донишҷӯён барои дидани ин ҷаҳон имконияти хуб доранд, он вақт барои шиносоӣ ва дӯстии мустаҳкам барои солҳои тӯлонӣ, дарозмуддат вақт дорад.

 

Мамадҷонов АМРИЛЛО, 
донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 40.01.02та,

ДПДТТ ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд