Мувофиқи фармони Раиси вилоят ҳамасола дар арафаи соли нави мелодӣ вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо донишҷӯёни дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд таҳсилкунанда баргузор мегардад. Имсол низ чун анъана бахшида ба Соли нави мелодӣ вохӯрии донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва касбии миёнаи шаҳри Хуҷанд бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барпо гардида истодааст. Мақсад аз ин вохӯриҳо шиносоӣ аз раванди таҳсили донишҷӯён, таълиму тарбия ва шарту шароити зисти донишҷӯёни  вилоят  дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ гардидааст. Аз санаи 5 декабри соли равон  то имрӯз вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Шаҳристон, Бӯстон, Истиқлол, Исфара, Конибодом доир гардид.  Аз ҷумла, донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ низ дар ин вохӯриҳо ширкат варзиданд. Зимни вохӯрӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳо суҳбати озоду самимӣ ба миён омада, донишҷӯён аз рафти дарсазхудкунӣ, шароити хобгоҳ ва тарзи гузаронидани вақтҳои холигии худ маълумот доданд. Инчунин, миннатдории самимии хешро барои чунин шароити фароҳам ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, раисони шаҳру ноҳияҳо ва директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз баён намуданд.

Силсилаи вохӯриҳо дар бинои “Кохи фарҳанги ба номи А.Рӯдакӣ” ва Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гашта истодааст. Ёдовар бояд шуд, ки вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Гулистон, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов, Спитамен, Истаравшан, Б.Ғафуров ва Хуҷанд рӯзҳои наздик баргузор мегардад.

Санаи 30 ноябри соли 2018 дар доираи «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ дар оила» вохӯрии донишҷӯдухтарони ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ таҳти унвони “Зиндагӣ ранги дигар дорад!” дар толори донишкада барпо гардид.

Дар чорабинӣ Раиси кумитаи занони МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Атаева Ҳ., мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Сангинова М., намояндаи ташкилоти ҷамъиятии маркази занон “Гулрухсор” Ишанова М., намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Сарчашма” Болтаева М., намоянда аз Хазинаи авруосиёӣ дар Тоҷикистон Каримова М. ширкат варзиданд. Инчунин,  аз донишкада номзади илмҳои педагогӣ, устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Темирова Х., Раиси Шӯрои занони ФИЭ Усмонова М., муовини раиси Шӯрои занон ва духтарони донишкада Темирова М. иштирок намуданд.

Сангинова М. чорабиниро оғоз намуда, оид ба муносибатҳо дар оила суханронӣ намуданд. Аз таҷрибаи фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оила мисолҳои ҳаётӣ оварда, духтаронро дар руҳияи маърифати оиладорӣ тарбият намуданд. Зимни баромади хеш мавсуф зикр доштанд, ки зан пойдевори асосии оила буда, ҳама хушбахтиву хушиҳо ва баръакс бадбахтиҳо аз зан вобаста аст. Хушбахтии оила асосан дар дасти зан мебошад, бинобар ин  бояд ҳаматарафа кӯшиш намояд, то оилааш мустаҳкам гардад.

Баъдан Атаева Ҳ. суханро идома дода, таъкид намуданд, ки нақши зан дар ҷомеа баланд гардида истодааст. Бинобар ин духтарон тамоми кӯшиши худро барои гирифтани дониши мукаммал равона созанд.

Устод дар бораи “Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, доштан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ маълумот доданд. Зикр доштанд, ки асоси хушбахтии оила дар муносибати хуши байниҳамдигарӣ асос меёбад.

Намояндаи маркази занон “Гулрухсор” Ишонова Ш. оид ба фаъолияти марказ маълумот доданд.

Барои иштирокчиёни вохӯрӣ маводҳо аз ҷониби Хазинаи авруосиёӣ дар Тоҷикистон тақсим карда шуд.

Аз ҷониби маркази занон “Гулрухсор” низ роҳнамоҳо барои ҳифзи ҳуқуқи занон, пешгирии зӯроварӣ ва хушунат дар оила, ҳуқуқҳои занон дар доираи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд. 

Дар фарҷом  видеоролики “Оилаи хушбахт бе зӯроварӣ” намоиш дода шуд. Аз ҷониби донишҷӯёни донишкада суруду рақсҳо пешкаши ҳозирин гардида, табъи ҳамагонро болида намуд.

Вохӯрӣ таҳти унвони “Зиндагӣ ранги дигар дорад!” маърифати ҳуқуқӣ, оиладории донишҷӯдухтаронро баланд бардошта, ҷиҳати тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ, ҳуқуқӣ таъсири амиқ гузошт.

 

 

 Санаи 24 ноябр сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи Парчами давлатии кишварро таҷлил хоҳанд кард. Соли равон ин ҷашни умумимиллӣ шукӯҳу шаҳомати хоса дорад. Зеро ҳамагӣ чанд рӯз қабл, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чархаи аввалини Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуд ва ин рӯйдоди муҳими таърихӣ  рӯҳияи идонаи аҳли ҷомеаро боз ҳам болотар бардошт.

 Бояд гуфт, ки дар радифи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи Парчами давлатии мамлакат дар таърихи давлатдории навини миллати мо падидаи тоза мебошад ва барои гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ аҳамияти ҳаматарафа дорад.

 Ба қатори ҷашнвораҳои миллӣ ворид гардидани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таърихӣ ва тақозои замони соҳибистиқлолӣ буда,на танҳо нишонаи эҳтиром ба яке аз муқаддасоти миллист, балки гувоҳи садоқат ба халқу Ватани худ, худогоҳию худшиносии аҳли ҷомеа аст, ки дирӯз, имрӯз ва фардои моро бо ҳам мепайвандад.

Чуноне маълум аст, Парчами давлатӣ имрӯз чун рамзи давлатдории миллати мо дар пештоқи тамоми идораҳои давлатию маъмурӣ, корхонаву муассиса, таълимгоҳу майдонҳои варзишӣ, утоқҳои корӣ ва ҳатто манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон мавҷуд мебошад. Муҳимтар аз ҳама дар саҳни бинои маъмурии Созмони Милали Муттаҳид бо парафшонии Худ Ватани моро чун давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҷомеаи башарӣ муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи шаҳрвандии ҳар кадом сокини Тоҷикистон, чих урду чи бузург мебошад.

 Парчамдории миллати куҳанбунёди мо таърихи тӯлонӣ дошта, аз замони пайдоиши қавмҳои ориёӣ ибтидо мегирад. Ба хонандаи тоҷик сифати дирафшҳои Рустаму Сиёвуш ва Коваи оҳангар аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ маълум аст, ки аҳли ҷомеаро ба адлу дод, ватанпарастию хештаншиносу, мардонагиву далерӣ раҳнамун месохтанд.

 Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо тарҳрезӣ гардида, ба сӯи расидан ба ҳадафҳои умумимиллии сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ гузошта шуданд, дар баробари андешидани чораҳои зарурӣ вобаста ба сарҷамъ сохтани мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар рамзҳои нахустини мамлакати озоду соҳибихтиёрамон, яъне Парчам ва андаке баъдтар Нишони давлатӣ қабул карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами давлатиамон бо Фармони худ аз20 ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд. Ҳамин тавр Рӯзи Парчами давлатӣ ба рӯйхати ҷашнвораҳои миллии мо ворид гардид.

 Пешвои муаззами миллат баъдан ба хотири мақому манзалати Парчами давлатӣ дар рукни давлатдорӣ ғояи бунёди пояи баландтарини онро дар пойтахти Ватанамон пешниҳод карданд, ки аз ҷониби аҳли диёр ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ин манорапоя оғоз ёфт ва дар давоми як сол ба итмом расид.

Санаи мубораки 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ватанамон дар манораи 165-метра парафшон гардид, ки паҳнои он 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил медиҳад. Ҷойи ифтихору сарфарозист, ки ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахш ба Китоби рекордҳои Геннес ворид шуд.

Тибқи Низомнома Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Оливу Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо,намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ ва дигар ҷойҳо афрохта мешавад. Ҳангоми ғолибият ба даст овардани варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти минтақавию баӣналмилалӣ низ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, Парчами давлатии Ватани азизамон парафшон мегардад.

Меҳру садоқат ба арзишҳо ва муқаддасоти миллиро дар дили шаҳрвандон бояд дар синни кӯдакиву наврасӣ бояд ҷойгир кард. Бо назардошти ин, мо омӯзгорон дар рафти машғулиятҳои амаливу назариявӣ ин нуктаи муҳимро ҳамеша ба инобат мегирем ва барои худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст ба камол расидани шогирдонамон чораҳои қатъӣ меандешем.

 Рӯзи Парчами давлатиро ба кулли ҷомеаи меҳнатии донишкада муборакбод гуфта, барояшон саодату сарбаландӣ таманно менамоям. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то абад парафшон бошад ва моро ба сӯи қуллаҳои баланди рушду ободӣ роҳнамоӣ кунад!

 

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд силсиламулоқотҳои  сокинони вилоят бо намояндагони МИҲД доир ба пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ идома дорад.

Мувофиқи нақша-чорабиниҳо чунин мулоқоти озод  санаи 29 ноябри соли равон дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ баргузор гардид.

Муовини директор оид ба корҳои тарбия Аминов Ф.А. суханронӣ намуда, аз ҷумла, зикр дошт, ки аcри 21 дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин асри ҷаҳонишавии тамаддунҳо, торафт доман паҳн кардани хатарҳои экстремистию террористӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад.

Бо дарки муҳимияти масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд карда буданд: «Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем».

 Дар вохӯрӣ ҷомеаи устодон ва донишҷӯён, намояндагони МИҲД вилояти Суғд  Олимҷон Мирмухамедов -  сармутахасиси Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  Мавлонова Муаяссара - муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд,  Ахмедов Шаҳзодҷон - сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Мирмухамедов О. оид ба ҷавонони гумроҳзада, ки фирефтаи  доми макру фиреби хоинҳо гашта, ба Сурия сафарбар шудаанд, суханронӣ намуд. Зимни баромади хеш қайд намуд, ки ҷавонон ба ҳизбҳои гуногуни ғайриқонунӣ ҳамроҳ нашуда, аз пайи илмомӯзӣ гарданд. Вақтҳои холигии худро фориғ нагузаронида, амалҳои барои худ ва ҷамъият муфидро ба сомон расонанд.

Мавлонова Муяссара, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд низ баромад намуда, зикр кард, ки маркази иттилотии машваратии ройгон барои занон амал мекунад. Дарҳои марказ барои занони ба дастгирӣ ниёз дошта ҳамеша боз аст. Маркази машаваратию иттилоотӣ ба занҳо маслиҳатҳои ройгон дода, кӯмаки худро барои ҳалли муаммо мерасонад.

Ахмедов Шаҳзодҷон, сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ аз аъзошавӣ ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ сухан ронда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, ҳушёр бошанд. Пайгири сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида, ояндаи ватан бошанд.

Дар фарҷом Аминов Ф.А. ҳамчунин қайд кард, ки барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ дар ноябри соли 1999 парлумони кишвар қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро қабул кард. Бар замми ин  Барномаи махсус таҳия ва «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» қабул карда шудааст. Инчунин 30 марти соли 2006 Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои зеринро характери террористӣ ва экстремистӣ дошта эълон ва фаъолияти онҳоро дар Тоҷикистон манъ кард. Ҳар яки мо новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ зарур аст, ки зиди терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем.

Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад.

Мулоқоти  озоду шаффоф бо донишҷӯёну устодон  сурат гирифт.

Бо ҳамин вохӯрии судманд ба охир расида, донишҷӯёнро  бори дигар дар руҳияи худшиносӣ ва худогоҳӣ ҳушдор намуд.  

                                

Давоми санаҳои 19-23 ноябри соли равон, дар муддати  5 рӯзи корӣ, дар ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд семинар дар мавзӯи “Технологияи пухтани маҳсулотҳои нонӣ” баргузор мегардад.

Санаи 19 ноябр, дар нахустин рӯзи кории семинар меҳмонони олиқадр, намояндагони ширкатҳои гуногуни истеҳсолкунандаи орд ва маҳсулотҳои нонӣ ширкат варзиданд. Намояндагони ширкатҳо меҳмони донишкада гашта, дар лабораторияе, ки маҳз барои пухтани маҳсулотҳои нонӣ пешбинӣ шудааст, таҷрибаҳо мегузаронанд. Ҳамчунин, мудири кафедраи “Агротехнология ва маҳсулоти хӯрока” Комилова Д., сардори лабороторияи кафедра  Раҳмонова Ҷ, донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 49.01.01 Мираҳматова М. ва Назиров Ф. ширкат варзида истодааст.

Меҳмонон ва ширкаткунандагони семинарро кормандони Шуъбаи робитаҳои хориҷии донишкада Мақсудов Ш., Набиев Д., Ҳакимов Д. дар сатҳи баланди меҳмоннавозии тоҷикон пешвоз гирифта, кори семинарро оғоз намуданд. Баъди шиносоӣ бо ҳайати иштирокчиёни семинар таҷҳизотҳое, ки бо дастгирии барномаи GIZ лабораторияи маҳсулотҳои нонии донишкада ҷиҳозонида шудааст, намоиш дода шуд.

Намояндаи лоиҳаи GIZ Франс Холраҳер доир ба таҷҳизотҳои муосири нонбарорӣ тариқи намоиши слайд баромад намуда, ҳозиринро ба 4 гурӯҳ барои кор бо 4 таҷҳизоти нав ҷудо намуд.

Баъдан иштирокчиёни семинар ба лабораторияи нави истеҳсоли маҳсулотҳои нонӣ сафарбар шуда, аз рӯи дастурамал таҷҳизотҳо, аз ҷумла тафдон барои пухтани маҳсулотҳои нонӣ, таҷҳизот барои нигоҳдории он, тарозуи сенсорӣ, осиёи лабораторӣ ва ченкунии намӣ, таҷҳизоти ченкунии миқдори афтишро насб карда, бо маҳсулотҳо таҳлил гузарониданд.

Дар пешравии равобити донишкада бо лоиҳаҳои гуногуни хориҷӣ саҳми Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ бисёр назаррас аст, зеро ҳамкориҳои дуҷонибаи хориҷӣ вусъат ёфта, самараҳои он хеле хуб арзёбӣ гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки таҳлил, муқоиса ва хулосабарории таҷрибаҳо дар лаборатория санаи 20 ноябр баргузор гардида, боз навгониҳои дигар дар пеш аст. Аз рафти семинар ва навгониҳои он давоми ҳафта маълумоти бештар хоҳем дод.

 

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Дар таърихи нави инсоният ин се падидаи ҷамъияти инсонӣ нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.

Эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд. Ба ифтихори ин санаи сурурангез  субҳи санаи 24 ноябр зиёда аз 2000 донишҷӯёну устодони донишкада дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд роҳпаймоӣ намуда, то мавзеи асосии баргузории чорабинӣ- ба пояи баландтарин парчами вилоят, назди саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рафтанд. 

Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ҳамагонро бо Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки “Халқи шарафманди тоҷик зери парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ - ифтитоҳи чархи якуми Нергӯгоҳи барқи обии "Роғун"-ро амалӣ намуд, ки самараи ташаббусҳо, заҳматҳои пайваста ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ, якдиливу ҳаммаромии мардуми заҳматқарини тоҷик мебошад.  Ташаббуси бунёди ин иншооти бузурги аср сароғози корномаи навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт”.

Таъкид шуд, ки таърихи навини давлатдории тоҷикон гувоҳи он аст, ки арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ, ки Парчами давлатӣ яке аз онҳо мебошад, барои дарки амиқи ғояҳои олии марбут ба ҳуввияти миллии мардум нақши муассире дорад. Парчам мақсаду мароми созандаи миллати тоҷикро инъикос намуда, ифодагари роҳи таърихии он мебошад. Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарфарозӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Парчами давлатии мо таҷассуми ҳастии миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он ба шумор меравад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди кишвари мо бо саъю талош дар роҳи ваҳдату ягонагӣ исбот намуданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони ватанпарасту озодандеши худ ҳастанд.

Чорабинии фарҳангӣ ҳусн ва таровати ҷашнро боз ҳам шукӯҳмандтар намуд. Эҳсос мешуд, ки ҳар яке аз иштирокчиён бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ ба парчами миллӣ, ки аз муқаддасоти кишвар маҳсуб мешавад, эҳтиром гузоштанд.

 

 

Санаи 19 ноябри соли равон дар толори ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ даври дуввуми озмуни донишкадавии “Донишҷӯи сол” баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки даври аввали озмуни мазкур моҳи октябри соли равон бо гирифтани иншо ва супоридани имтиҳон (дар шакли тестӣ)аз фанҳои  адабиёт, забони русӣ, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ баргузор гардида буд.  Иншоҳо дар мавзуъҳои  “Ҷавонон  - пайрави Пешвои миллат”, “Дастовардҳои даврони Истиқлол”, “Об – неъмати бебаҳо”, “Иҷлосия ва нақши он дар раванди сулҳи тоҷикон” пешниҳод карда шуда буд, ки донишҷӯён интихобан ба яке аз онҳо иншои худро навиштанд.

Аз ҳамаи иштирокчиёни озмун 15 нафар донишҷӯёне, ки холҳои баландро соҳиб гардида, дониш ва малакаи хуб нишон доданд, ба даври дуввум роҳхат гирифтанд. Донишҷӯёни курсҳо ва ихтисосҳои гуногун Толиббоев Шаҳзод Абдуқодирович, Абдуллоева Кароматхон Неъматҷоновна, Илҳомҷон Сулаймони, Ҳакимхоҷаев Низомиддин Сироҷидинович, Ҷӯраев Мӯҳсинҷон Мақсудҷонович, Сангинов Саидиқбол Исломҷонович, Алибоев Рауфҷон Толибович, Хуҷаев Нуралӣ Бегалиевич, Солиева Муқаддам Қаҳҳоровна, Мамадҷонова Мавлуда Илҳомҷоновна, Ахмедова Мастона Раҳматовна, Акрамов Ҷасурхон Ботурхонович, Шодмонов Шодмонбек Урунбекович, Қодиров Абдуқаюм Абдуносирович, Эргашев Акмалҷон Гавҳаралиевич ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, иштирок намуданд.

Даври дуввуми озмун бошад аз 2 марҳила иборат аст: худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифода аз слайд-презентатсия) ва саволу ҷавоб вобаста ба мавзуъҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ.

Ҳайати комиссияи озмуни донишкадавии “Донишҷӯи сол”  Аминов Ф.А. – муовини директор оид ба тарбия, Холматов Т.Ё. – муовини директор оид ба илм ва инноватсия, Акрамова З.Б. – сардори шуъбаи илм ва инноватсия, Бобоева Т.Р.–мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, Темурова М.Қ. – мудири шуъбаи тарбия, котиби комиссия ба сатҳи дониш ва маҳорати донишҷӯён аз рӯи меъёрҳои муайян холгузорӣ намуданд.

Ҳамин тавр, бо бадастории холи баландтарин  85,4 ва маҳорату малакаи баланди донишандӯзӣ донишҷӯи курси 2, ихтисоси 25.01.07тБ Солиева Муқаддам ғолиби озмуни донишкадавии “Донишҷӯи сол” гардид.

 

Бо мақсади арҷ гузоштан ба заҳмату талошҳои ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти онҳо  дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар остонаи Рӯзи парчами миллӣ ба 50 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ ва миёнаи махсус, хонандагони муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумӣ идрорпулии яквақта дода шуд.  Панҷ нафар донишҷӯён, докторантон ва кормандони  ДПДТТ  Ҳасанова Фаришта, докторанти курси 1-и ихтисоси менеҷмент, Мирзоев Дабир, сарлаборанти кафедраи физика ва химия, Ишанов Суҳробхон, донишҷӯи курси 3.43.01.03тб, Домлоҷонова Нодира, ассистенти кафедраи дизайн ва меъморӣ, Ҷӯраев Муҳсинҷон, донишҷӯи курси 2.430103тв, ки дар чорабиниҳо фаъол буданд, ба гирифтани идрорпулии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дастёб шуданд.

Дар расми тақдими идрорпулӣ  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар филояти Суғд, номзади илмҳои филологӣ Сарфароз Фаттоҳзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар,  ректори ДДХ, доктори илмҳои таърих, профеесор Ҷамшед Ҷӯразода, муовинону масъулони яқ қатор муассисаҳои олии вилоят ширкат варзиданд.

Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни ифтитоҳи чорабинии  мазкур  аз ҷумла зикр дошт, ки  дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолони ҷавонон тасаввур намудан душвор аст, бешубҳа афзалиятҳои стратегӣ насиби он давлат ва ҷомеа мегардад, ки истифодаи самарабахши афкори пешрафта, пеш аз ҳама он нерӯи навоварро, ки густаришдиҳандаи асосии он ҷавонон мебошанд, аз худ менамоянд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҷавонон яке аз омилҳои асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Зеро дар ҳамаи марҳалаҳо давлат кӯшиш намуда истодааст, ки дар маърифати зеҳниву ақлонии насли ҷавон тарбияи ғоявӣ, миллӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, ахлоқиву ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, зебоипарастӣ, тарбияи меҳнатӣ, таҳаммул ва тоқатпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва амсоли инҳо ҷой дошта бошад, то ҷавонони мо мутобиқи талаби замон ва ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба воя расида, ба ҳаёти осоишта роҳёб гарданд. Таъсиси квотаи президентӣ барои ҷавонони шаҳру деҳоти дурдаст, роҳандозӣ шудани идрорпулӣ бо номи «Дураxшандагон», ҷоизаҳои ба номи «Исмоили Сомонӣ» ва «Султон  Умаров» нишонаи ғамхории давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати ҷавонон маҳсуб меёбад.  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ аз оғози фаъолияти хеш ба ҷавонон назару таваҷҷуҳи хосса дошта, барои боз ҳам бештар равона намудани ин нерӯи солим баҳри ободии диёр,  баланд бардоштани ифтихори миллӣ ташкилоти ҷамъиятии ҷавононро бо номи «Созандагони Ватан» таъсис дод, ки имрӯз фаъолияти бомаром дорад. Дар остонаи Рӯзи парчами миллии кишвар тақдиронидани ҷавонони фаъол бесабаб нест. Мо итминони комил дорем, ки ҷавонони мо минбаъд низ бо масъулияти бештар пайи бунёди қасри муҳташами Истиқлол кӯшиш варзида, дар баланд бардоштани сатҳ ва эътибори ин миллати фарҳангпаноҳ ва орому озод саҳм мегузоранд.

Аз номи гирандагони идрорпулӣ аъзои ташкилоти ибтидоии «Ливои зафар» Зайнаби  Ғуфрон миннатдории худро ба кумиҷроияи шаҳрӣ  расонида, шеъри ба тозагӣ эҷодкардаашро ба самъи ҳозирин расонид.

Раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Сарфароз Фаттоҳзода дар ҳузури ҷавонони фаъол элон дошт, ки Кумиҷроияи вилоятӣ ҳамчун армуғон ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод сарпарасти нашри китоби ин шоираи навроҳ мегардад.

Бо ҳамин чорабинӣ хушу хотирмон ҷамъбаст гардид.   

 

Санаи 16 ноябр дар таърихи навини миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, дар хотири миллати тоҷдораш абадан нақши устувор хоҳад гузошт. Барои мардуми заҳматқарини ин сарзамини соҳибихтиёр ид болои ид аст.

Яке аз чунин лаҳзаҳои  ҳасос, ки дар сарнавишти халқу миллат дурнамои нек аст, ин маросими ба корандозии аввалин агрегати НОБ-и Роғун мебошад.  Ин нерӯгоҳ бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи мардуми қавииродаи Тоҷикистон бунёд шуда истодааст. Нерӯгоҳи обии барқии  Роғун барои Тоҷикистон иншооти ҳаётан муҳим маҳсуб ёфта, бо истифода аз технологияҳои беҳтарину навтарини мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда истодааст.

Бахшида ба ин ҷашни бузург санаи 16 ноябри соли равон дар толори ДПДТТ ба номи М.С. Осимӣ барномаи фарҳангии бошукуҳ баргузор гардид. Сараввал устоди кафедраи “Таъминоти барқ”-и факултети информатика ва энергетика, дотсент Раҳимов О.С. оид ба НОБ-и Роғун ва тарзи сохти он маълумот доданд. Аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар васфи Ватан ва Тоҷикистон қироат карда шуд.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд, ки  тариқи пахши мустақим намоиш дода шуд. Ҷомеаи устодону донишҷӯён, аҳли кормандон бо як нигоҳи нек ва диққати том ин лаҳзаҳои таърихиро тамошо намуданд.

Дар ин маросими таърихӣ меҳмонони олиқадр дар шаҳри Роғун ҳузур доштанд. Барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд.

Ин иқдоми неки сарвари дурандеш, поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дили ҳар як тоҷикистонӣ шодию фараҳ овард.

 

 

 


Санаи 23 ноябри соли равон бахшида ба 24 - ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ конференсияи илмӣ - адабии фарҳангӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Аз ҷониби донишҷӯён дар васфи Парчами Тоҷикистон шеърҳо ифоданок қироат карда шуд. Сипас маърӯзаи устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Норов И.С. оид ба таърихи парчам ва намуди парчамҳо то замони Истиқлолият шунида шуд.  Қайд карда шуд, ки куҳантарин намоди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи "Дирафши Ковиёнӣ" будааст, ки онро "Ахтари Ковиёнӣ" низ хондаанд. Навори ҷолиб оид ба қабул гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки аҳамияти таърихиву фарҳангӣ дорад. 

Темирхоҷаев А. низ маърӯзаи худро оид ба намуди парчамҳо баъди замони Истиқлолияти давлатӣ пешкаши ҳозирин намуданд. Аз ҷониби устод ҳар як ранги парчам шарҳ дода шуд. Рангҳои миллии тоҷикон  чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурх, сафед ва сабз ҳастанд, ки  то замони мо омада  расидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми  худ ба муносибати Рӯзи парчам соли 2010-ум рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфта буданд: "Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад".

Ёдовар бояд шуд, ки дар донишкада озмуни "Иншои беҳтарин" дар мавзӯи "Пешвои мо - ҳомию раҳнамо" байни донишҷӯён эълон гардида буд. 

Дар ҷамъбасти конференсияи илмӣ-фарҳангӣ ба 3 нафар иштирокчиёни беҳтарини  озмуни "Иншои беҳтарин" ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Иштирокчиёни беҳтарини озмуни мазкур Солиева М., донишҷӯи курси 2.25.01.07тб, Мамадалиев Ф., донишҷӯи курси 1.70.02.01тг ва Турсунова Д., донишҷӯи курси 1.50.01.02тб муайян гардиданд. 

Дар ҷамъбаст суруди "Ватан" аз ҷониби донишҷӯи курси 1.70.02.01тг Зоҳиров М. бо маҳорати баланд сароида шуд.  Конференсияи мазкур руҳияи ҷомеаи устодон ва донишҷӯёнро дар самти ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносии миллӣ боз ҳам баландтару қавитар  гардонд. 

 

 

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди ҷашни Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ ва ба фаъолият шуруъ намудани чархаи аввали нерӯгоҳи барқии обии Роғун  санаи 15 ноябри соли равон дар ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Дурнамо ва омилҳои таъмини рушди устувори иқтисодиёт” доир гардид.

Дар кори  конференсия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, устодони муассисаҳои олии вилоят,  мутахассисону коршиносони  соҳа ва устодону донишҷӯёни  донишкада ширкат варзиданд.

Муовини директор оид ба илм ва инноатсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Турсун Холматов паёми шодбошии  директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба самъи ҳозирин расонид. Зикр шуд, ки конференсияи илмӣ – амалии имрӯза дар рӯзҳое доир мешавад, ки сокинони ваҳдатшиори кишварамон дар руҳияи худшиносиву ифтихори миллӣ  ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодиёт – яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, ки тамоми мамлакатҳои ҷаҳон барои таъмини он кӯшиш доранд. Мақсад аз ин, ҳимояи базаи захиравӣ ва муҳити атроф бо назардошти манфиати насли оянда мебошад. Таъмини рушди иқтисодӣ чунин ҳолати иқтисодиёт аст, ки дар он устувории параметрҳои ниҳоии нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нигоҳ дошта мешавад.”

Баъдан ҳозиринро бо барнома ва раванди кори конференсия шинос намуданд. Дар конференсияи мазкур 7 баромад оид ба мавзуъҳои гуногуни таъминоти рушди иқтисодӣ  дар назар дошта шуда буд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ оид ба се ҳадафи асосии стратегии кишвар – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ сухан ронда, афзуд, ки  маросими ба истифода додани аввалин агрегати НОБ-и Роғун қадами қатъиест барои расидан ба ҳадафи сеюми давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номбурда дар идомаи баромад зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рушди иқтисодиёти кишвар тадбирҳои судманд андешида истодааст. Вилояти Суғд 26,9%-и маҳсулоти умумии кишварро таъмин мекунад.  Дар давоми 9 моҳи охир маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят ба 107% баланд гардида, 12,7 миллиард сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, нишондиҳандаи ҳиссаи саноат 32,1%, кишоварзӣ 29,5%, савдо ва хизматрасонӣ 20,6%, сохтмон 5% мебошад. Сектори реалии иқтисодиёт бошад ба 86,9% баробар гардидааст. Сатҳи таваррум дар бозори истеҳсолӣ бошад 3,8%-ро ташкил медиҳад. Инчунин, миқдори муҳоҷирони меҳнатӣ ба 50% кам гардидааст, ки нишонаи некӯаҳволӣ ва бо кор таъминшавии сокинон мебошад.

Баъдан маърӯзаи  доктори илмҳои иқтисодӣ, Арбоби хизматнишондодаи илм ва техника, профессор Назаров А.А. доир ба мавзӯи “Информационно-инновационное обеспечение как фактор устойчивого развития экономики” шунида шуд.

Доктори илмҳои иқтисод , профессор Авезов А.Ҳ. доир ба мавзӯи “Теоретико-методические аспекты устойчивого развития региональной экономики” баромад намуд.

Таҳти унвони “Роғун-асоси рушди устувори иқтисодиёт” маърӯзаи номзади илмҳои техникӣ, дотсент Раҳимов О.С. ба саҳми ҳозирин расонида шуд. Баъди он навор аз рафти корҳои сохтмонии НОБ-и Роғун намоиш дода шуд.

Мудири кафедраи “Назарияи иқтисодиёт ва идора”, номзади илмҳои иқтисодӣ Баҳодурова С.А. бо маърӯзаи худ “Макроэкономические условия устойчивого развития региональной экономики” баромад намуд.

Сухан ба меҳмони олиқадр, дотсент Абдуллоев М. дода шуд, ки фикру ақидаи хешро оид ба кори конференсия баён намуд.

Бо ҳамин қисмати ифтитоҳии конференсия хотима ёфт.

Дар назар аст, ки дар  қисмати дуввуми кори конференсия 80 мақолаҳои илмӣ дар се бахш, аз рӯи 7 самти таъминоти рушди устувор таҳлил ва баррасӣ мегардад. Роҳбарони бахшҳо доктори илмҳои иқтисод, профессор Авезов А.Ҳ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Назаров А.А. ва мудири кафедраи “Иқтисодиёти ҷаҳонӣ” Бақоев М. мебошанд.

Бояд гуфт, ки конференсия давоми ду рӯз баргузор мегардад. Аз рафти кори конференсия боз маълумоти бештар хоҳем дод.