Дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тантанаи хатми магистратурон доир гардид.

Чорабиниро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аҳли нишастро бо фарорасии ҷашни 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди фитр муборакбод намуд.

Дар идомаи суханронии худ мавсуф қайд намуд, ки барои ҳар яки мо давраи ҷавонӣ, махсусан айёми донишҷӯи давраи фаромӯшношудании умр маҳсуб меёбад. Ҳар як мо аз замони донишҷӯии худ хотироти ширине дорем. Мо имрӯз ба зинаи нави камолоти умр расидем ва аз ин даргоҳи азизу мӯътабар чандин ҷавонони хушбахтро гусел мекунем. Аксари онҳо аллакай соҳиби ҷойи кору мақоми худро дар ҷамъият пайдо кардаанд. Бояд гӯям, ки шахсан ман бо Шумо барин магистрантони донишманду масъулиятпеша ифтихор дорам. Боварӣ дорам, ки Шумо низ аз дохил шудан ба ин муассисаи олӣ пушаймон нестед. Ва ифтихор доред, ки дар чунин як донишкадаи намунавӣ, ки ҳам устодон ва ҳам шогирдон бо дили гарм пайи меҳнати ҳалолу хонишанд, таҳсили илм кардаед.

Муовини директор оид ба таълим номзади илмҳои физика ва математика Хуршед Мақсудов зимни баромадаш изҳор дошт, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама, аз дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани аҳли ҷомеа вобаста мебошад. Бахусус, дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва ҳар рӯз техникиву технологияи нав ба соҳаҳои гуногун ворид карда мешаванд. Шумо бо донишу рафтори намунавӣ исбот кардед, ки дар ҷомеа минбаъд низ нуфуз пайдо хоҳед кард. Доктори илмҳои иқтисод, профессор Абдушукур Назаров, номзади илм Охунбобо Сайфиддинов ва чанде аз волидони хатмкунандагон магистрантонро бо ин рӯзи муборак шодбош гуфта, аз ҷумла баён доштанд, ки маҳз завқ, шавқ ва хоҳиш онҳоро ба қуллаҳои баланди мурод хоҳад расонид. Магистрантони фаъол аз номи хатмкунандагон ба устодони сахтгир миннатдорӣ изҳор намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки минбаъд барои пешрафти меҳани азиз садоқатмандона меҳнат мекунанд. Ба магистрантон дар вазъияти тантанавӣ директори донишкада маълумотнома оид ба хатми магистратураро супорид.

Сурудҳои дилошӯб дар иҷрои донишҷӯёни донишкада маҳфилро гарм нигаҳ дошт.