Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон расм шудааст, ки чорабинии Маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарад. Баргузории чорабинии навбатӣ ба эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон рост омад.

Дар расми ифтитоҳи маҳфил директори донишкада номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода қайд кард, ки баргузории чунин чорабинӣ барои таҳкими дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти донишҷӯён таккони ҷиддие хоҳад бахшид. 

донишҷӯёни ҳунарманд пешкаши ҳозирин намуданд.

Дастаҳои «Кредит», «Неловкие моменти», «Люды в черном», «Остров свободы», «Новая поколения», «Бить» ва «Нас не догонят» аз рӯи ду шарт – фристайл ва биатлон  бо ҳам вориди рақобат шуданд. Ҳамаи дастаҳо аз рўйи шартҳои номбаршуда бо маҳорати баланд баромад намуда, истеъдод ва малакаи хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ҳайати ҳакамот, ки иборат аз ҳунармандони театр-студияи ҳаҷвии «Теретория юмора» ва «Камедий шоу» буданд,  баромади ҳар як гуруҳро дар алоҳидагӣ таҳлилу баррасӣ намуда, фикру андешаҳои хешро перомуни  боз ҳам хубтар беҳтар намудани мазмуну муҳтавои он баён сохтанд.

Дар фарҷом дастаҳои «Неловкие моменти», «Люды в чернем», «Нас не догонят»  ва «Новая поколения» бештари холҳоро ба даст оварданд. Бо назардошти ҳунари волои дигар дастаҳо бо пешниҳоди аҳли ҳакамон дастаҳои дигар метавонанд сарҷамъ шуда, дар даври ниҳоӣ ширкат варзанд.

Директори донишкада ба ҳунару малакаи ҷавонон баҳои баланд дода, ба онҳо дар ҷодаи ҳунарварӣ барор таманно намуд.

6d_art_260.jpg - 4.10 MB