Зан – модар!  Олиҳаи ҳусн, кони меҳр, сарчашмаи лутфу садоқат ва меҳру муҳаббат, ибтидои ҳаёти инсонӣ ва идомаи ҳаёти баором. Зан – модар монанди офтобу замин танҳо ва ягона, ки ҳамеша нур мепошаду қалбаш пур аз меҳри пок саршор аст. Ба шарофати модар зиндагӣ идома дорад, меҳри модар то абад фарзандро раҳнамоӣ намуда, болу пари тоза мебахшад. Мегӯянд, ки бузургии модар чунон аст, ки ҳатто метавонад бо як даст гаҳвораву бо дигаре дунёро биҷунбонад. Дар аввали баҳор ҷашн гирифтани Иди занон ва модарон басо рамзист. Зеро зан-модар шабеҳи баҳори нозанин аст, ки бо дидораш қалби инсон пур аз фараҳ мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад”.

Бахшида ба Иди байналимилалии занон  дар толори донишкада чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар сатҳи баланд баргузор гашт. Сараввал муовини декан оид ба тарбияи факултети сохтмон ва нақлиёт Холиқов Мазбуд дар васфи зан-модар шеърҳо қироат намуда, ҷомеаи бонувони донишкадаро табрик намуд. Сухани табрикотӣ аз ҷониби муовини директор оид ба таълим Мақсудов Хуршед пешкаши ҳозирин гардид. Аз ҷониби Раёсати донишкада ба устодон барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи донишҷӯён, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Ифтихорномаи директори донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Ба дастаи бонувони волейболбозони донишкада, ки соҳиби Ҷоми КИ ҲХДТ гардиданд, медалҳо ва Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Суруди “Модар”-и Фараҳманд Каримов ба қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳусни оғоз  бахшид. Навори ҷолиби ҳаҷвӣ, ки аз ҷониби устодон баҳри болидахотирии бонувон омода карда шуд, ба чорибииро боз ҳам хотирмон намуд. Аз номи кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ бо барномаи ҷолиб, ки бо слайдҳо намоиш дода шуд, Левандовский И. бонувонро табрик намуд. Саҳнаи ҳаҷвӣ, ки дар сатҳи баланд намоиш дода шуда, бо маҳорати баланди актёрӣ ва нигоҳи хос пешкаши ҳозирин гардид, то дергоҳ ба хотири ҳозирин нақш баст. Аз ҷониби ҳофизони шинохта Шуҳрати Расул ва Фараҳманд Каримов баҳри болидахотирии устодон сурудҳо сароида шуд.

Бо ҳамин чорабинӣ бахшида ба 8-уми март Иди бонувон анҷом ёфт.