Ҷомеи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соли нави хониш ва дарси сулҳро аз тамошои мустақими суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону шогирдони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз намуданд.

Пешвои миллат зимни баромади хеш кулли донишҷӯёну хонандагони кишварро ба оғози соли нави таҳсил табрик намуда, аз моҳияти сулҳ ва амну амонӣ сухан карданд.  Президент бори дигар аз хатарҳои геополиткии олам ҳарф зада, баён доштанд: «Мо насли наврас ва ҷавононро бояд дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия кунем».

Президент аз ғахориҳои рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати маориф сухан ронда, насли худогоҳи миллатро ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҳунару ҳунармандӣ даъват намуданд.

Сарвари давлат дар идомаи сухнронии худ аз мушкиливу дастоварди соҳаи тандурустӣ ҳарф зада, баён доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар беш аз 1500 иншоотҳои соҳаи тандурустӣ бунёд шуданд, вале ба андешаи роҳбари давлат сатҳи касбияти мутахассисон вобаста ба омӯзиши технологияи навини тиббӣ чандон қаноаткунанда нест. Ҳамзамон зикр шуд, ки марказҳои ташхисиву тиббӣ дар иҷрои рисолати худ саҳланкорӣ мекунанд. Баъзе аз пизишкон ташхиси дуруст намонда, ба мизоҷон доруворӣ таъин мекунанд, ки дар натиҷа бемор шифо неву ба бемории дигар мувоҷеҳ мегардад. Пешвои муаззами миллат аз вазъи нохуби санитариву гигении сарторошхонаҳо, хонаҳои ҳусн,  марказҳои стоматологӣ изҳори ташвиш намуда, сироятёбии баъзе аз сокинон ба бемории марговарро аз беаҳамиятии масъулин донистанд.

Дар фарҷоми суханронии худ Президент аз кормандони соҳаи тандурустӣ ва кулли устодону шогирдони Донишгоҳи тиббӣ даъват ба амал оварданд, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камбудиҳои соҳаро ислоҳ ва дастовардҳоро афзун намоянд.

Пас аз тамошои дастаҷамъонаи суханронии Сарвари давлат директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода донишҷӯёнро бо соли нави хониш табрик намуда, баён дошт, ки  Сарвари давлат ба масъалаи омӯзонидани  донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлатдорӣ донистанд. Албатта ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷомеаи меҳнатии ҳамаи муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбиро барои боз ҳам хубтар ҷорӣ кардани таълиму тарбия вазифадор мекунад. 

Номбурда дар идомаи суханронии худ аз дастовардҳо дар самти беҳбудии таълим, мувафаққиятҳои олимони ҷавони донишкада дар озмунҳои инноватсионӣ, олимпиадаву Ҷоми академияи илмҳо, натиҷаи ҷараёни қабул ба донишкада ва вазъи пояи моддиву техникӣ ҳарф зад. Қайд шуд, ки агар солҳои пеш мо факултетҳои муҳандисӣ-технологӣ, сохтмон ва нақлиёт ва муҳандисӣ- технологӣ, майдонча ва толорҳои варзиширо пурра аз таъмир бароварда бошем, пас имсол ошёнаи 2, 3 ва 4 хобгоҳ пурра таъмир гардида, ҷиҳози утоқҳои зисти устодону донишҷӯён нав карда шуд. Гузашта аз ин синфхонаҳои 101 ва  401- и факултети сохтмон ва нақлиёт аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Дар факултети муҳандисӣ – технологӣ бинои нави иловагӣ барои лабораторияи ихтисосҳои дизайн ва меъморӣ бунёд шуда истода, ҳамчунин Маркази бақайдгирӣ азнавсозӣ шуда истодааст.

Номбурда ба донишҷӯён ва устодон дар соли нави хониш барору комёбиҳо таманно намуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сармеъмори вилоят Равшан Раҳимзода ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷамшед Абдуқаюмзода номаи муборакбодии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба ифтихори соли нави хониш ва дарси сулҳ ба самъи ҳозирин расониданд.

Бо ҳамин ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори соли нави хониш анҷом пазируфт.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,

котиби матбуотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд