Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон идомаи Конференсияи XXII ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид ва Гулбаҳор Назирӣ ин навбат низ ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд пешбарӣ карда шуд.
Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Амонзода, муовини раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 Орифҷон Умаров, аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, 195 нафар вакилон, гуруҳҳои таблиғотӣ, гуруҳои мобилӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ва рузноманигорон аз васоити ахбори оммаи давлативу ҳизбӣ иштирок доштанд.
Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки соли 2020 барои сокинони кишвар, хосса барои ҳизбиён соли пурмасъул хоҳад буд. Зеро маъракаи сиёсии интихобот натиҷаҳои фаъолияти ҳизбиёнро муайяну мушаххас намуда, онҳоро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бештар раҳнамоӣ месозад.


Вобаста ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 Матлубахон Амонзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маъруза намуда, баён дошт, ки ҲХДТ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи раиятдӯстонаро пеш гирифта, бо роҳандозии оинномаву Барномаи фаъолияташ барои ҳифзи манфиатҳои халқ, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва татбиқи ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Имрӯз ҳизбиёни вилоят, ки теъдоди онҳо 145 ҳазор нафар мерасад, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалҳои неку шоистаро анҷом медиҳад. Мусаллам аст, ки ба фаъолияти ҳизб аз чигунагии номзадҳояш дар мақомоти олии конунбарор ва зинаҳои поёнии маҷлисҳои маҳаллӣ баҳо медиҳанд. Бо назардошти фаъолияти муваффақонаи Гулбаҳор Назирӣ дар парлумони касбӣ номзадии ӯ аз нав ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд пешбарӣ карда мешавад.
Раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи М.С. Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ, раиси шӯрои собиқадорони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Абдуҳаким Шарипов ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова аз кору пайкори Гулбаҳор Назирӣ ёдовар шуда, баён доштанд, ки номзади пешбаришуда аллакай дар ҷомеа ба ҳайси олима, зани нерӯманд ва ташкилотчии моҳир шинохта шудааст ва дар сурати пирӯзӣ барои баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ҳизб, пешрафти тамоми самтҳои хоҷагии халқ саҳми калон хоҳад расонд.
Сипас, тариқи бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ мавқеи вакилон нисбатии Гулбаҳор Назирӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони конференсия муайян гардид.
Ҳайати комиссияи баҳисобгирии овозҳо иттилоъ доданд, ки бо гирифтани аксарияти раъйи вакилон Гулбаҳор Назирӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Дар фарҷоми кори конференсия Гулбаҳор Назирӣ барои боварию эътимоди вакилон изҳори сипос намуд.