Баҳори имсола барои миллату дӯсту ҳамсояи тоҷикону ӯзбекон баҳори бофайз ва пурбаракат гардид. Зеро санаи 1 март дар 6 минтақаи вилоят, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарҳади муштарак дорад, гузаргоҳи 25 – сол пеш фаъолият дошта, аз нав дари худро ба рӯи ҳар ду тараф кушод. Сафари расмии Сарвари давлати Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд доир шудани мулоқот бо  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки мо ҳамсоягони беҳтарину қаринем ва ҳамон тавре, ки Шавкат Мирамонович дар сӯҳбат таъкид дошт: “Аз чашмони мардум хондам, ки тоҷикон хоҳони гармии равобит ҳастанд", мардуми ӯзбек низ солиёни дароз ҳамин рӯзи таърихиро умедвор буданд. 

Тоҷикону ӯзбекон мисли як нохуну гӯштанд ва ҳарчанд дар ин чанд сол хостанд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд, нашуд. Ин маънии онро дорад, ки миёни мо кинаву адоват, бухлу нодидагирӣ нест. Ва мо ҳамҷоя барои пойдории сулҳу субот, ваҳдати сартосарӣ кӯшиш хоҳем кард. Танҳо он миллат саодатёр мешавад, ки дӯстиву бародарии ҳамсоягариро пойдор дорад.

Дӯстии халқҳои мо тавре аз суханрониҳои ду сарварони давлатҳо зикр ёфт, аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ чун ду шоҳсутуни адабиёт аз нахустин поягузорони дӯстии миёни тоҷикону ӯзбекон буданд. Ба ҳайси забони давлатдорию коргузорӣ хизмат кардани забони тоҷикӣ дар давлатҳои Темуриёну Шайбониён ва сулолаи Манғитҳо гувоҳи он аст, ки бародарони ӯзбек низ ба халқи тоҷик эҳтироми бузург доштаанд.

Бо гузашти асрҳо анъанаҳои неки Ҷомию Навоиро адибони дигар – Садриддин Айниву Ҳамза Ҳакимзода, Мирзо Турсунзодаю Ғафур Ғулом, Мӯъмин Қаноату Абдулло Орифов, Лоиқ Шераливу Эркин Воҳидов, Ӯрун Кӯҳзоду Ӯткир Ҳошимов ва дигарон идома доданд. Дар миқёси ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аз ҳама бештар рӯзҳои адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шудааст, ки нишонаи меҳри беандозаи халқи ӯзбек ба адабиёту санъати тоҷик аст.

Дар пешрафт ва нашъунамои кишвари ҳамсоя фарзандони миллати тоҷик саҳми босазо гузоштаанд. Садриддин Айнӣ баробари адабиёту илми тоҷик барои адабиёту илми ӯзбек хизмат намудааст. Қорӣ Мирфаёзи Ниёзӣ, академикҳо Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо, Султон Умаров, кинорежисёрон Комил Ёрматов ва Давлати Худоназар,ҳунармандони театру синамо Ҳабибулло Абдураззоқов, Сайрам Исоева,  Ато Муҳаммадҷонов, овозхон Маъруфхоҷа Баҳодуров ва даҳҳо нафар арбобони илму адабиёт, ходимони давлатию ҷамъиятӣ барои пешрафти Ӯзбекистон саҳмгузорӣ намудаанд.

Роҳе, ки боз шуд, дилҳоро низ кушода намуд. Боварии комил дорем, ки робитаҳои ҳасанаи ду миллати ба ҳам дӯст минбаъд густариш меёбад.