Давоми ду рӯз машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи сатҳи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

 Субҳи санаи 15 апрел  бо эълони «Бонги хатар» дар майдони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи сатҳи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз карда шуд.

 Нахуст, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди гузориши сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр аз вазъи омодагии иштирокдорони машқ ва техникаи сафарбаршуда ошноӣ пайдо намуда, доир ба оғози машқ ба муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода гузориш дод.

Сипас, иштирокдорони машқи мукаммал ба сӯйи баргузории чорабинӣ - маҳаллаи Чашмаи Арзана ҳаракат намуданд.
Дар бинои таълимии факултети муҳандисӣ - иқтисодии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ «Бонки хатари рамзӣ»  оиди заминларзаи 6- 7 балла зада шуд. Гурӯҳи роҳнамоӣ, ёрии аввали тиббӣ, кӯмакрасонҳо аз ҳисоби устодон донишҷӯёну кормандонро аз ошёнаҳои якуму дуюм ва сеюм баровардан. Ба кӯмаки онҳо дастаи таъиноти махсуси кормандони мудофиаи шаҳрвандӣ, ёрии аввали тиббӣ шитофта, нафарони зери осебдидаи  ошёнаи 3- юмро тавассути арғамчини махсус поён фароварда, ба онҳо кӯмаки аввали тиббӣ расониданд.

 Машқҳои мукаммали оқибати рафъи заминларзаро муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода,  Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва дигар масъулони чорабинӣ мушоҳида намуданд.  Онҳо ба сатҳи омодагии ҷомеаи меҳнатии донишкада баҳои баланд дода, ба директори донишкада, Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллода ДПДТТ Саидӣ Дилафрӯз  Раббизода изҳори  миннатдорӣ намуданд.

Машқҳои мукаммал дар бозори «Деҳқон»-и шаҳри Хуҷанд идома ёфта, дар фарҷоми чорабинӣ  ба фаъолон Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.