Дар доираи эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ дар остонаи ҷашни Рӯзи модар ва матбуоти тоҷик дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон  миёни духтарони донишкада  озмуни «Бонуи сол» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ котиби масъули Раёсати иттифоқи  журналистон дар вилояти Суғд Карим Шариф, собиқадори соҳаи матбуот Абдулмаҷиди  Бобоҷониён  ва сармуҳаррири нашрияи «Согдийская правда» Исҳоқҷон Ҳайдаров  иштирок доштанд.

Карим Шариф аз номи кулли аъзои Иттифоқи журналистони вилоят ҳозиринро ба ҷашни Рӯзи модар табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки  моҳи март барои сокинони кишвар моҳи пур аз фараҳу шодиҳо маҳсуб меёбад, зеро ҷашнҳои мӯҳташами Рӯзи модар, солгарди таъсисёбии аввалин нашрияи тоҷикии «Бухорои шариф» ва Наврӯзи ҳуҷастапай маҳз ба ҳамин моҳи муборак рост меояд. Махсусан матбуотчиён санаи 11- март иди касбии худро пуртароват мегузаронанд. Матбуот чашму гӯши халқ буда, воқеияти зиндагиро инъикос менамояд.  Ӯ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо нашрияҳо робитаи зич дошта бошанд.

Сипас, иштирокчиёни озмун Каромат Абдуллоева аз факултети муҳандисӣ- технологӣ, Оромгул Азимбоева аз факултети информатика ва энергетика, Фарзона Шокирова аз факултети сохтмон ва нақлиёт ва Лола Набиева аз факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ аз рӯи шартҳои монолог ё шеър, саволу ҷавоб, маҳорати кадбонугӣ, суруд ё рақс ва намоиши либоси идона маҳорат ва дониши худро нишон доданд.

Каромат Абдуллоева аз рӯи се шарт нисбати дигарон бештар имтиёз ба даст оварда ғолиби озмун гардид. Зинаҳои дуюму сеюм ва чорумро Фарзона Шокирова,  Оромгул Азимбоева ва  Лола Набиева ба даст оварданд.  

Ба ғолибон  Ифтихорнома  ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати донишкадаро дар вазъияти тантанавӣ муовини директор оид ба тарбия  Фаррух Аминов супорид.

Фатҳулло Муҳиддинов, мушовири директор оид ба корҳои хоҷагӣ барои ширкати фаъолонаи ҳамаи иштирокдорон  аз номи директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода изҳори сипос намуд.

Чорабинӣ хушу хотирмон доир гардид.