Бо мақсади бошукӯҳу хотирмон ва дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ таҷлил намудани Соли нави милодии 2020, ташкили истироҳату фароғати шаҳрвандон, дар руҳияи ватандӯстӣ, зебоиписандӣ ва маънавиёти баланд тарбия намудани наврасон ва ҷавонони эҷодкор шурӯъ аз санаи 23 декабри соли 2019 дар пояи Арчаи солинавии шаҳри Хуҷанд, дар хиёбони Камоли Хуҷандӣ Фестивал-озмуни солинавӣ баргузор гардида истодааст.

Санаи 24 декабри соли 2019 аз рӯи талабот ва шартҳои Фестивал-озмун байни муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Хуҷанд донишҷӯёни бомаҳорати донишкада истеъдоди баланди худро пешкаши мухлисони Хуҷандшаҳр гардониданд. 

Ровиёни хушбаён бо таманниёти солинавии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳозиринро шодбош гуфтанд. Сипас донишҷӯёни ҳунарманд дар иҷрои суруди якка, рақси якка,  бадеҳасароӣ, суруд бо забони хориҷӣ, бозиҳои ҷолиби саҳнавӣ, баромади дастаи зарифону ҳозирҷавобон, сюитаи рақсию овозӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд. Мавзӯи барномаҳои фарҳангӣ бо истифода аз анъанаҳои ҷашни солинавӣ ва расму оинҳои миллӣ мураттаб гардида, дар сатҳи баланди ташкилию фароғатӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ то дер дар лавҳи хотири иштирокчиёни чорабинии гирди арча хоҳад монд.